Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Кӯмаки Тоҷикистон ба мардуми аз офати табиӣ осебдидаи Афғонистон

03.05.2014 17:05, шаҳри Душанбе

Бо дарназардошти фоҷеаи инсоние, ки дар яке аз ноҳияҳои вилояти Бадахшони Ҷумҳурии Исломии Афғонистон бар асари фаромадани ярч рух додааст ва боиси ҳалокати садҳо нафар мардуми минтақа гардидааст, бо дастури Сарвари давлат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон корвони кӯмаки башардӯстона омода гашта, ба минтақаи осебдида дар наздиктарин муддат фиристода хоҳад шуд.

Кӯмаки мазкур иборат аз маводи ғизоӣ, асбобу анҷоми рӯзгор, оби нушокӣ ва ғайра аст.

Фиристондани ин кӯмаки бародарона як нишонаи дигари чун дарди худ қабул намудани фоҷеаи ба сари ҳамсоягони наздики мо омада аст.
 

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520