Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нашри китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих” бо забони фаронсавӣ

03.05.2014 15:03, шаҳри Душанбе

Китоби “Тоҷикон дар оинаи таърих”-и Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо забони фаронсавӣ ба нашр расид.

Бо забони фаронсавӣ тарҷума ва нашр гардидани ин китоб имкони шиносоӣ бо таъриху фарҳанги бостонии тоҷиконро барои мардуми Фаронса ва фаронсавизабонони дигар кишварҳои Аврупо ва ҷаҳон бештар менамояд.

Китоби мазкур аз ҷониби Намояндагии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Иттиҳоди Аврупо дар ҳамкорӣ бо ширкати иттилоотию консалтингии бонуфузи аврупоӣ “Big Media Group” (ш.Брюссел) бори аввал ба забони фаронсавӣ нашр карда шуда, аз ҳарду ҷилди китоби аслӣ ва аксҳои таърихи бостонии тоҷикон иборат аст.

Хотиррасон бояд намуд, ки то ҳол ин китоб бо забонҳои русӣ, англисӣ, олмонӣ, арабӣ, чинӣ ва бо алифбои форсӣ дастраси хонандагон гардидааст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520