Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишер

11.10.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Ноиби президенти Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба амалиёт Ян Фишерро ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат аз ҳамкории судманди дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда шуд. Аз ҷумла зикр гардид, ки солҳои охир дар Тоҷикистон бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд 42 лоиҳа ба маблағи беш аз 200 миллион евро татбиқ мегардад ва 16 лоиҳаи дигар ба маблағи зиёда аз 65 миллион евро дар марҳилаи омодашавӣ қарор дорад. Лоиҳаҳои мазкур ба татбиқи барномаҳои муҳими давлатӣ ва дастгирии бахши хусусӣ равона гардидаанд.

ҳамчунин аз кори пурсамари Шўрои назди Президенти ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ, ки бо дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд фаъолият мекунад, изҳори қаноатмандӣ карда шуд.

Таҷрибаи нави Бонки аврупоии таҷдид ва рушд доир ба дастгирии бонкҳои саҳҳомии Тоҷикистон тариқи ворид гардидан ба сармояи онҳо мавриди пуштибонии Сарвари давлат қарор гирифт.

Зимни баррасии Стратегияи нави кишварии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ки барои 3 соли оянда пешбинӣ мешавад, таъкид гардид, ки имкону захираҳои истифоданашудаи рушди ҳамкорӣ ҳанўз зиёд аст. Тавсиаи ҳамкорӣ барои дастгирии бештари соҳаҳои энергетика, нақлиёту коммуникатсия ва кишоварзӣ, аз ҷумла барои бунёди роҳҳои оҳану мошингард, корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ ва коркарди саноатии меваю сабзавот, пахта, пилла, пашму пўст ва ғайра зарур шумурда шуд.

Ян Фишер изҳор дошт, ки минбаъд дастгирии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд аз пешрафти намоёни иқтисодию иҷтимоии Тоҷикистон дар доираи Стратегияи нави кишварӣ барои 3 соли оянда идома хоҳад ёфт, ќабл аз њама дар соњањои энергетика, бонкњо, бењсозии фазои сармоягузорӣ ва барои татбиќи лоињањои зербиноӣ дар мањалњо.

ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши минбаъдаи ҳамкорӣ таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520