Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Cуханронӣ ба муносибати 80-солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон

08.10.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Дўстони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Имрўз мо дар ҷашни ҳаштодсолагии таъсиси яке аз аввалин муассисаҳои таҳсилоти олии мамлакатамон - Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон иштирок дорем, ки дар тўли фаъолияти худ ба маркази бузурги таълиму тарбияи кадрҳои миллӣ табдил ёфта, дар рушди иқтисодиёт, пеш аз ҳама соҳаи кишоварзӣ ва ободии Ватани азизу маҳбубамон нақши намоён дорад.

Фаъолияти пурмаҳсули хатмкардагони Донишгоҳи аграрӣ дар рушди соҳаи кишоварзии мамлакат хеле назаррас мебошад. Як нуктаро зикр кардан кофист, ки дар таърихи мавҷудияти худ Донишгоҳи аграрӣ қариб 40 ҳазор нафар мутахассисонро тарбия намуда, барои фаъолият ба соҳаҳои гуногуни комплекси агросаноатии мамлакат ва хориҷ аз он сафарбар намудааст.

Дар айни замон дастпарварони донишгоҳ дар соҳаҳои гуногуни иқтисодиёти миллӣ ва мақомоти роҳбарикунанда дар тамоми гўшаву канори кишварамон бомуваффақият кору фаъолият доранд. Дар байни онҳо мутахассисони варзида, ки дар рушди соҳаи кишоварзӣ саҳми басо арзишманд гузоштаанд, хеле зиёданд.

Бо истифода аз фурсати муносиб ба ҳайати устодону кормандони донишгоҳ барои саҳми арзандаашон дар рушди илми кишоварзӣ ва таълиму тарбияи мутахассисони соҳибмаърифату баландихтисос, ки бо заҳмату фаъолияти пурсамари илмиву амалии онҳо муяссар гардидааст, арзи сипос менамоям. Ҳамзамон бо ин, ҳамаи дастпарварони донишгоҳ ва шумо – ҳозирини гиромӣ ва кулли кормандону мутахассисон ва кишоварзони мамлакатро ба муносибати ҳаштодсолагии таъсисёбии ин маркази бузурги илмиву таълимӣ ва фарорасии яке аз пуршукўҳтарин ҷашнҳои ниёгонамон - иди Меҳргон, ки ба ин рўз рост омадааст, самимона табрик мегўям.

Воқеан, Меҳргон яке аз куҳантарин ҷашнҳои мардуми ориёинажод буда, гузаштагонамон онро ҳамчун ситоишу ниёиши Меҳр ё Митро ва рамзи аҳду паймон ва дўстиву муҳаббати ойини меҳрпарастӣ таъбир кардаанд. Меҳргон тибқи андеша ва эътиқоди ниёгони мо дар рўзи аввали моҳи Меҳр ва оғози фасли тирамоҳ таҷлил карда мешудааст. Он дорои эътидоли кайҳонӣ буда, дар ин айём рўзу шаб баробар мешавад ва ба ин сабаб номи ин моҳро Меҳр гузоштаанд.

Мувофиқи ойини гузаштагонамон дар рўзҳои ҷашни Меҳргон маросимҳои зиёде сурат мегирифтанд, зеро дар давраҳои бостон шуғли аксарияти одамон кишоварзӣ буд. Аз ин рў, пас аз ғунучини ҳосил барои баргузор кардани ҷашну шодӣ ва истироҳати кишоварзон замони муносиб будааст.
Чунонки сарчашмаҳои куҳани таърихӣ шаҳодат медиҳанд, ниёгони мо дар ин рўз сару либоси идонаи арғувонӣ мепўшиданд ва ҳамдигарро бо беҳтарин таманниёт табрик мекарданд.

Суфраи ҷашни Меҳргонро низ бо матое, ки ранги арғувон дорад, густурда мекарданд. Дар рўи дастархони ҷашнӣ шамъ, ширинӣ, хўрданиҳои маҳаллӣ ва бўйҳои хуш, монанди гулоб, ҳазориспанд, анбар ва заъфарон мегузоштанд, ки ин ҳама аз фазилатҳои неку писандида ва фарҳангу маънавиёти ғании халқи тоҷик дарак медиҳад.

Дар ин лаҳзаҳои хотирмон мехоҳам таъкид намоям, ки ҷашн танҳо ба хотири ҷашн нест ва таҷлили ҳар санаи муҳим дар зиндагӣ бояд моро ба андеша ва хулосабарорӣ барои оянда таҳрик созад.

Бинобар ин, амалӣ гардонидани чорабиниҳои мунтазам оид ба беҳтар намудани вазъи соҳаи кишоварзӣ, роҳҳои ҳалли мушкилот ва таъмини рушди устувори он ба хотири расидан ба яке аз ҳадафҳои стратегии миллиамон – таъмини амнияти озуқаворӣ ва муҳимтар аз ҳама, худкифо шудани Тоҷикистон аз лиҳози таъмини маводи ғизоӣ, вазифаи аввалиндараҷаи олимону мутахассисони бахши кишоварзӣ ба шумор меравад.

Бо дарназардошти ин омилҳои муҳими ҳаёти ҷомеаи Тоҷикистон нақшу вазифаи донишгоҳ дар даврони соҳибистиқлолӣ беш аз пеш меафзояд, зеро он яке аз ҷузъҳои муҳиму таркибии таъминкунандаи сиёсати аграрии мамлакат буда, бояд нерўи зеҳнии худро ҳарчи бештар ба ин самт равона намояд.

Тавре дар мулоқоти қаблиям бо устодону донишҷўёни Донишгоҳи аграрӣ ҳанўз панҷ сол пеш таъкид карда будам, дар баробари омилҳои гуногун барои ба даст овардани ҳадафҳои муайянкардаи давлат дар роҳи таъмини амнияти озуқавории мамлакат нақши илму маориф хеле барҷаста аст.

қобили зикр аст, ки солҳои истиқлолият дар донишгоҳ як силсила корҳои муайян дар ин самт сурат гирифтаанд.

Аз ҷумла, бо дарназардошти талаботи имрўзаи соҳаҳои комплекси агросаноатӣ дар донишгоҳ ба тайёр кардани мутахассисони равияҳои нав оғоз намуданд, ки қобили дастгирист.

Агар то соли 1991 дар донишгоҳ аз рўи ҳамагӣ 10 ихтисос мутахассис тайёр карда мешуд, имрўз тарбияи мутахассисон аз рўи 21 ихтисоси нав, аз ҷумла барқикунонӣ ва автоматикунонии кишоварзӣ, сохтмони иншооти гидротехникӣ, селексия ва генетикаи зироатҳои кишоварзӣ, заминсозӣ, технологияи нигоҳдорӣ ва коркарди меваю сабзавот ва маҳсулоти чорво, маркетинги аграрӣ, ҷангалпарварӣ, пиллапарварӣ, экология, ҳифзи захираҳои обӣ, занбўри асалпарварӣ, моҳипарварӣ, бунёди чаманзор ва геодезия ба роҳ монда шудааст. Лозим ба ёдоварист, ки то ин муддат мутахассисон аз рўи ихтисосҳои зикршуда пурра дар хориҷи кишвар тайёр карда мешуданд, ки албатта, маблағҳои зиёдро талаб мекард.

Равияи тахассусии бештари ин ихтисосҳо бо барномаҳое, ки солҳои охир вобаста ба инкишофи соҳаҳои муайяни кишоварзии мамлакатамон қабул шудаанд, мутобиқ мебошанд.

Қобили зикр аст, ки аҳамияти татбиқи ин иқдомҳо дар яке аз барномаҳои муҳими таъминкунандаи рушди устувори мамлакат - Стратегияи рушди миллӣ низ равшану возеҳ дарҷ ёфтааст. Дар ин ҳуҷҷат зарурати ислоҳоти соҳаи аграрӣ ҳамчун яке аз омилҳои муҳими баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум арзёбӣ шудааст.

Татбиқи ин масъалаҳо зарурати баланд бардоштани сатҳу сифати донишу малакаи мутахассисони соҳаро доир ба паҳлуҳои гуногуни ислоҳоти соҳаи аграрӣ тақозо менамояд, ки дар ин самт бояд нақши Донишгоҳи аграрӣ бо дарназардошти пойгоҳҳои таҷрибавӣ, технологӣ, таълимӣ ва истеҳсолии он бояд назаррас бошад.

Бар замми ин, бинои нави таълимӣ барои факултети агробизнеси Донишгоҳ, ки имрўз мо хишти аввали онро гузоштем, барои таъмини раванди босифати таълим заминаи боз ҳам мусоид фароҳам хоҳад овард.

Бинобар ин, раёсати донишгоҳро зарур аст, ки дар роҳи тарбияи тафаккури эҷодкоронаву пешрафтаи касбии мутахассисони оянда, инчунин ҷўстуҷўи роҳҳои ҳалли масъалаҳои марбут ба васеъ намудани ҷаҳонбинии онҳо, ба вуҷуд овардани бархурди муносиби толибилмон ба ин равандҳо беш аз пеш ҷаҳду талош намояд.

Зеро воридшавии дастовардҳои технологӣ ба низоми маориф мўҳтавои таълимро низ куллан дигар менамояд.

Акнун мафҳуми таълим танҳо бо додани дониш ба шогирдон маҳдуд нашуда, устодон бояд тарбияи маҳорати мустақилона фикр ва кор карданро дар зеҳни толибилмон аз ҳадафҳои асосии худ қарор диҳанд.

Алҳол соҳаи маориф роҳи амалишавии чунин мақсадро дар ҷорӣ намудани низоми кредитии таҳсил мебинад, ки солҳои охир дар донишгоҳҳои мамлакатамон батадриҷ татбиқ шуда истодааст.

Аммо ин низом дар заминаи таҷрибаи солҳои тўлонӣ ташаккулёфтаи маорифи кишвари мо дар он сурат самараи дилхоҳ медиҳад, ки агар он вобаста ба ҳувияти миллии таълим, ба ворисият гирифтани дастовардҳои низоми пештараи тарбияи кадрҳо ва ба инобат гирифтани иқтидори пойгоҳҳои моддиву техникии муассисаҳои таълимии мамлакат татбиқ карда шавад.

Ин талабот тақозо менамояд, ки устодон ва донишҷўёну муҳаққиқони имрўзу оянда дар самти азхудкунии дастовардҳои илми муосир ҳамеша саъю кўшиш намуда, дар фаъолияти худ аз технологияҳои муосири иттилоотиву коммуникатсионӣ ҳарчи бештар истифода намоянд.

Ин барои роҳ ёфтани донишҳои нави соҳавӣ ба ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла фаъолияти кормандони соҳаи кишоварзӣ, ки аз ҳама бештар ба дарёфти навгониҳои замонавии рушди истеҳсоли маҳсулот эҳтиёҷ дорад, замина фароҳам меорад.

Барои он, ки ин иқдомот ҷиҳати рушди босуръати кишвари мо дар бахши таъминоти устувори маводи озуқа заминаи муносибро фароҳам созад, масъулини Донишгоҳи аграриро лозим меояд, ки ташаббус ва фаъолияти бештар дошта бошанд.

Бинобар ин, ба ҳайати олимону устодон зарур аст, ки ҳамаи қувваю имкониятҳои мавҷудаи худро ба тавсеа ва инкишофи малакаи касбии мутахассисони соҳа сафарбар сохта, барои тарбияи шогирдони соҳибмаърифату дорои ҷаҳонбинии васеъ талош намоянд.

Дар ин самт бо дарназардошти зарурати тарбияи кадрҳои ба талаботи замон ҷавобгў минбаъд тайёр намудани мутахассисони равияҳои омехтаи дорои малакаи пешрафтаи техникиву технологии муосирро, бахусус дар соҳаи кишоварзӣ, ба роҳ мондан мувофиқи мақсад аст.

Аз ҷумла, дар заминаи таълимии Донишгоҳи аграрӣ минбаъд ташкили ихтисосҳои омехтаи дорои имконияти васеъ вобаста ба хусусиятҳои хоси хоҷагидории имрўза, яъне агроном-иқтисодчӣ-менеҷер, муҳандис-иқтисодчӣ-менеҷер, зоомуҳандис-технолог, иқтисодчӣ-технолог-менеҷер ва амсоли инҳо метавонад намунаи беҳтарини тарбияи мутахассисони ба рақобат тобовар ва барои таъмини рушди босуботи соҳаи кишоварзӣ зарурӣ бошад. Дар шароити муносибатҳои нави бозаргонӣ доштани якчанд касб натанҳо аҳамияти касбиву иқтисодӣ, балки иҷтимоӣ низ дорад, зеро он то андозае барои инкишофи пурраи қобилияти ҷисмониву ақлонии насли ҷавони кишварамон шароити мусоид муҳайё месозад.

Сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумат дар роҳи тарбияи кадрҳо ҳамчунин устодони ин даргоҳро вазифадор месозад, ки дастпарварони донишгоҳ дорои ахлоқи ҳамида ва ҷаҳонбинии васеъ бошанд. Ин сифатҳоро доштан барои мутахассиси соҳаи кишоварзӣ, ки пайваста бо мардуми деҳот сарукор дорад, бисёр муҳим аст.

Симои маънавии ў дар истеҳсолот боиси ташкили фазои муносиб ва созандаи корӣ мегардад. Танҳо мутахассисе, ки касби пешакардаи худро дар ҳамбастагӣ бо дигаргуниҳои рўзафзуни соҳа ба хубӣ сарфаҳм меравад ва эҳсоси баланди ватандўстиву масъулиятшиносӣ дорад, қодир аст дар баланд бардоштани самаранокии истеҳсолот саҳмгузор бошад.

Ҳамчунин раёсати донишгоҳро зарур аст, ки минбаъд низ барои ба талаботи бозори меҳнат тайёр намудани мутахассисон аз рўи ихтисосҳои нав, ки дар рушди ояндаи соҳаи кишоварзӣ нақши асосиро мебозанд, тадбирҳои зарурӣ андешида, дар ҳамкорӣ бо вазорату идораҳои дахлдор ҳозиршавии онҳоро ба ҷойҳои кории пешбинишуда таъмин намояд. Вале таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки дар ин самт ҳанўз масъалаҳои ҳалталаб хеле зиёданд.

Бо дарназардошти он, ки Донишгоҳи аграрӣ муассисаи асосии таълими илми кишоварзии кишвар ба шумор меравад ва бояд барои баланд бардоштани самаранокии соҳаи кишоварзии мамлакат саҳми арзанда дошта бошад, мехоҳам бори дигар таваҷҷўҳи ҳозиринро ба зарурати таъмини ҳарчи бештари мардумамон бо маҳсулоти озуқавории истеҳсоли худӣ ҷалб созам.

Дар ҷаҳони муосир дар баробари дигар хатарҳое, ки ба инсоният таҳдид мекунанд, бо сабаби торафт зиёд шудани шумораи аҳолии сайёра хавфи норасоии маводи ғизоӣ торафт шиддат меёбад ва бинобар ин, таъмини амнияти озуқаворӣ барои кишварҳои зиёди дунё аҳамияти аввалиндараҷа пайдо намуда истодааст, ки аз ин радиф Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест.

Чунин воқеият моро водор месозад, ки дар ин самт чораҳои мушаххас андешида, барои таъмини амнияти озуқаворӣ ба ояндаи соҳаи кишоварзии Тоҷикистон дурбинона ва ниҳоят ҷиддӣ муносибат намоем. Мо бояд фаъолияти соҳаро бо татбиқи дастовардҳои илму техникаи муосир ва технологияи навтарин тақвият бахшем.

Зеро бо мурури болоравии нархи маҳсулоти озуқаворӣ соҳаи кишоварзӣ метавонад ба манбаи асосии зиёдшавии маҳсулоти дохилӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ ва ба ҷойҳои корӣ фаро гирифтани аҳолӣ табдил ёбад.

Бо дарназардошти ин нукта, ба Вазорати кишоварзӣ ва Академияи илмҳои кишоварзӣ супориш дода мешавад, ки якҷо бо вазорату идораҳои дахлдор, институтҳои илмиву тадқиқотии соҳа вобаста ба устувор намудани ҷараёни таъмини амнияти озуқавории мамлакат чораҳои муассир андешанд. Вобаста ба ин, мехоҳам ба як нуктаи дигар оид ба масъалаи меъёрҳои муайянкунандаи амнияти озуқаворӣ равшанӣ андозам.

То ҳол дар кишварамон дараҷаи таъмини амнияти озуқаворӣ аз рўи меъёрҳои давраи собиқ шўравӣ муайян карда мешавад, ки дар он хусусиятҳои хоси миллии истеъмоли хўрока, аз ҷумла маҳсулоти лўбиёгӣ ва дигар маҳсулоте, ки дараҷаи ғизонокиашон аз маҳсулоти гўштӣ кам нест, ба инобат гирифта нашудааст.

Аз ин лиҳоз, Маркази ҷумҳуриявӣ оид ба масъалаҳои ғизои Вазорати тандурустӣ вазифадор карда мешавад, ки меъёрҳои нави солонаи истеъмоли сарикасии маҳсулоти асосиро, ки сабади муайянкунандаи амнияти озуқаворӣ мебошанд, таҳия карда, ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намояд.

Ҳозирини гиромӣ!

Дар комплекси агросаноатии мамлакат бисёр соҳаҳое мавҷуданд, ки бо дастгирии камтарин метавонанд иқтидори истеҳсоли маводи озуқавориро афзоиш дода, воридоти бисёре аз навъи маҳсулот, аз ҷумла ғалла, равғани растанӣ, гўшту шир, сабзавот ва дигар маводи аввалияи ғизоиро чанд маротиба коҳиш диҳанд.

Ин дар навбати худ метавонад дар баробари таъмини талаботи аҳолӣ ба маводи озуқа, инчунин барои дастгирии истеҳсолкунандагони бевоситаи ин неъматҳо мусоидат намояд.

Дар ин радиф, яке аз самтҳои асосии рушди соҳаи кишоварзӣ тақвият бахшидани чорабиниҳо ҷиҳати коркарди пурраи маҳсулоти кишоварзӣ, таъмини бозори дохилӣ бо маҳсулоти худӣ ва ба содирот баровардани он мебошад.

Бояд зикр намуд, ки вобаста ба тақвият бахшидани коркарди маҳаллии меваю сабзавот, ҳавасмандгардонии истеҳсолкунандагони маҳсулоти кишоварзӣ ва содироти он то имрўз як қатор қарорҳои муҳим қабул ва татбиқ шуда истодаанд. Чорабиниҳои вобаста ба рушди саноати коркарди меваю сабзавот асосан аз ҳисоби имкониятҳои бахши хусусӣ бо ҷалби сармояи дохиливу хориҷӣ амалӣ мегарданд.

Аз ин лиҳоз, бо мақсади тақвият бахшидани рушди бахши коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ аз он вазоратҳои кишоварзӣ, иқтисод ва савдо, энергетика ва саноат, Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, инчунин Академияи илмҳои кишоварзӣ вазифадор карда мешаванд, ки дар ин самт чораҳои иловагӣ андешида, дар ҳамкорӣ бо дигар вазорату идораҳои дахлдор лоиҳаи Барномаи коркарди маҳсулоти кишоварзиро то соли 2020 ҳарчи зудтар таҳия ва ба ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар шароити камзаминии кишвар, ислоҳоти замин яке аз масъалаҳои нозуку ҳалталаб ба ҳисоб рафта, зина ба зина ҳалли худро ёфта истодааст.

Дар ин замина, вобаста ба дастрасии доимии деҳқонон ба замин, кафолати дастрасии онҳо ба қарзҳои дарозмуддати бонкӣ, истифодаи оқилонаи захираҳои обу замин, гузаронидани чорабиниҳои мунтазам ҷиҳати мубориза бо зараррасонҳои маҳсулоти кишоварзӣ ва бемориҳо, тақвият бахшидани чорабиниҳо оид ба идоракунӣ ва рушди бахшҳои чорводорӣ, парандапарварӣ, моҳидорӣ, занбўри асалпарварӣ ва дигар бахшҳои муҳими кишоварзӣ бояд чораҳои мушаххас амалӣ карда шаванд.

Пешбурди ислоҳоти соҳа бо дарназардошти омилҳои зикргардида бевосита ба ҷалби сармояи хусусӣ барои рушди соҳаи кишоварзӣ мусоидат хоҳад намуд.

ҷиҳати диверсификатсияи самараноки навъҳои зироатҳои кишоварзӣ ва муайян намудани талабот ба онҳо дар бозорҳои дохилӣ ва беруна гузаронидани таҳлили амиқи навъҳои зироати кишоварзӣ аз манфиат холӣ нест, зеро танҳо тавассути таҳлили амиқ муайян мегардад, ки истеҳсоли кадом зироат аз лиҳози иқтисодӣ, қонеъ намудани талаботи бозорҳои дохилӣ ва содирот манфиатовар аст.

Дар ин самт, идома бахшидани рушди боғдорӣ, аз ҷумла ангурпарварӣ, сабзавоткорӣ ва дигар зироатҳо, ки арзиши мутаносибан баланд доранд, инчунин чорводорӣ ва идоракунии самараноки истеҳсоли пахта бо мақсади даромаднок намудани соҳа мисоли равшан шуда метавонад.
Ин амалҳо имконият медиҳанд, ки дурнамои истеҳсоли навъҳои маҳсулоти рақобатпазир сари вақт ва дар ҳаҷми зарурии талаботи бозори дохилию берунӣ тарҳрезӣ карда шавад.

Бо мақсади таъмини рушди устувори соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла баланд бардоштани маданияти истифодабарии заминҳои корам ва истифодаи самараноку оқилонаи он, бахусус заминҳои обӣ ва дар як сол рўёнидани ду–се ҳосил ба ин соҳа бояд таваҷҷўҳ ва афзалияти хоса дода шуда, чорабиниҳои кўтоҳмуддат ва миёнамўҳлат амалӣ карда шаванд.

Чорабиниҳои мазкур бояд барои таъсиси ҷойҳои нави корӣ, баланд бардоштани рақобатпазирии маҳсулоти кишоварзӣ ва ба содирот нигаронидани он ва дар ин замина таъмини амнияти озуқавории мамлакат нигаронида шаванд.

Яке аз роҳҳои дигари таъмини пешрафти соҳаи кишоварзӣ - беҳтар гардонидани ҳолати мелиоративии заминҳои корами обӣ, ташкили истифодаи оқилона ва самараноки заминҳои мавҷуда, азхуд намудани заминҳои нав мебошад.

Вале, мутаассифона, бо вуҷуди чораҳои аз ҷониби мақомоти марбута андешидашуда дар аксари шаҳру ноҳияҳо истифодаи замин ба мақсадҳои ғайрикишоварзӣ сол ба сол зиёд гардида, инчунин то ҳол раванди ба заминҳои партов мубаддал гардидани заминҳои обӣ идома дорад, ки чунин ҳолат боиси нигаронии ҷиддӣ мебошад.

Бинобар ин, вазоратҳои мелиоратсия ва захираҳои об, кишоварзӣ, рушди иқтисод ва савдо, Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо вазифадор карда мешаванд, ки барои гирифтани пеши роҳи партовшавии заминҳои корам, азхудкунии заминҳои нав ва обёрии онҳо, баланд бардоштани сифати корҳои сохтмону барқарорсозии иншооти ирригатсионӣ тибқи лоиҳаҳои сармоягузории аз ҳисоби маблағҳои институтҳои байналмилалии молиявӣ ва буҷети ҷумҳуриявӣ амалишаванда чораҳои мушаххас андешанд.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи татбиқи саривақтии татбирҳои аз ҷониби ҳукумат андешидашуда гирифтани ду-се ҳосил аз заминҳои корами обӣ тадриҷан ба ҳукми анъана даромада истодааст.

Маҳз дар натиҷаи тадбирҳои андешидашуда соли 2010 нисбат ба соли 1997-ум маҷмўи маҳсулоти кишоварзӣ 2,8 маротиба афзудааст.

Вале пешравиҳои бадастомада то ҳанўз талаботи бозори истеъмолиро қонеъ гардонида наметавонанд. Хотиррасон месозам, ки зурурати ҳалли масъалаҳои дигари рўзмарраи дар назди соҳа гузошташударо дар Конфронси байналмилалӣ оид ба ислоҳоти соҳаи кишоварзӣ, ки моҳи апрели соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор шуда буд, муфассал баён карда будам.

Татбиқи ин мақсадҳо ва дигар ҳадафҳои дар назди соҳаи комплекси агросаноатии мамлакат гузоштаи ҳукумати мамлакат тақозо менамояд, ки натиҷаҳои корҳои илмиву тадқиқотии олимони ин даргоҳи илму маърифат ҳарчи бештар дар истеҳсолот ҷорӣ карда шаванд.

Махсус таъкид месозам, ки ихтироъ кардан ва ба вуҷуд овардани навъҳои наву серҳосили зироатҳо ва зотҳои сермаҳсули чорво аз ҷумлаи вазифаҳои доимӣ ва муҳимтарини олимони соҳаи кишоварзӣ мебошад.

ҳарчанд ки то имрўз натиҷаҳои зиёди фаъолияти илмии олимони институтҳои соҳавӣ ва устодони донишгоҳ, аз қабили мукаммалгардонии технологияи истифодаи пурраи заминҳои обӣ тавассути киштҳои фосилавию такрорӣ ва гирифтани ду ҳосили дон, технологияи парвариши пахтаи ангорӣ ва гирифтани ду ҳосил бо истифодаи низоми киштгардони хурддаври пахтаву зироатҳои ғалла, ба даст овардани навъҳои нави зироатҳои пахта, ғалладонагиҳо, истеҳсоли доруҳои микробиологию синтетикӣ ва аллергенҳо барои пешгирӣ ва муолиҷаи бемориҳои ҳайвонот, зироатҳои кишоварзӣ ва зоти аспи тоҷикӣ мавриди истифодаи васеъ қарор гирифтаанд.

Аммо ин ҳама нисбат ба талаботи инкишофу тағйирёбии босуръати муносибатҳои имрўзаи истеҳсолӣ кам аст ва олимони донишгоҳ ва институтҳои соҳавӣ бояд дар ин самт саъю талошҳои бештар дошта бошанд.

Дар баробари ин, ба хотири мусоидат ба раванди дар истеҳсолот ҷорӣ намудани дастовардҳои илмии олимони Донишгоҳи аграрӣ ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода мешавад, ки барои дастгирӣ намудани хоҷагиҳои таълимии донишгоҳ ва бо техникаю технологияҳои муосири таълимӣ таъмин намудани онҳо тадбирҳои мушаххас андешанд.

Ҳозирини гиромӣ!

Чунонки дар боло зикр намудам, имрўз мо дар арафаи яке аз ҷашнҳои бузурги суннатии кишоварзии аҷдодамон, яъне Иди Меҳргон қарор дорем.

Сарфи назар аз гирудорҳои сиёсиву фарҳангии давраҳои гузашта ҷашни Меҳргон то имрўз соҳиби эътибору манзалати хос мебошад.

Зеро Меҳргон ба монанди Наврўз таҷассумгари суннатҳои неки инсонист, ки файзу баракати хони пурнеъмати кишоварзонро инъикос менамояд. Бинобар ин, зарур аст, ки ҳар сол бо шукўҳу шаҳомати хоса таҷлил карда шавад.

Аз ин хотир, анъанаву расму ойини хос ва фарҳанги ғании мардуми тоҷик, ки аз қадимулайём бо замин сару кор доштанд ва соҳиби маданияти баланди заминдорӣ буданд, то имрўз зинда боқӣ мондааст ва ҳамчун ҷузъи таркибии тамаддуни умумибашарӣ барои инсоният хизмат менамояд.

Имрўз бо истифода аз фурсат мехоҳам, ки таваҷҷўҳи шумо - ҷавононро ба як нукта махсусан ҷалб созам. Чунонки шумо огоҳед, бо қарори ҳукумати Тоҷикистон соли 2009-ум ба Донишгоҳи аграрӣ номи Қаҳрамони Тоҷикистон, яке аз поягузорони давлати тоҷикон дар замони нав - Шириншоҳ Шотемур гузошта шуд.

Шумо бояд дарк намоед, ки бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон, яъне ҷашни озодиву соҳибихтиёрии давлатамон, ки мо онро чанде пеш бо шукўҳу шаҳомати сазовор таҷлил намудем, натиҷаи мантиқии муборизаи фидокоронаи фарзандони ҷонфидо ва сарсупурдаи миллат мисли Шириншоҳ Шотемур ва ҳамсафони ў буд.

Тамоми зиндагӣ ва талошҳои ҷоннисоронаи онҳо барои наслҳои имрўза тимсоли миллатдўстиву меҳанпарастӣ ва рўҳи шикастнопазир дар роҳи озодиву истиқлолият аст.

Дар ин лаҳзаҳои хотирмон ҳамаи шумо – ҳозирини гиромӣ, кулли кишоварзони мамлакат ва мутахассисону кормандони соҳаро бори дигар ба муносибати ҷашни 80 – солагии таъсисёбии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шотемур ва иди аҷдодии Меҳргон табрику таҳният мегўям ва орзумандам, ки толибилмону устодони ин даргоҳи муқаддаси илму маърифат барои рушди минбаъдаи соҳаи кишоварзӣ, дастархони пурнозу неъмати мардум ва шукуфоиву ободии Ватани азизамон тамоми донишу малака ва нерўи созандаашонро сафарбар месозанд.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520