Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссман

07.10.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Намояндаи махсуси маъмурияти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико оид ба Афғонистон ва Покистон Марк Гроссманро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории дуҷониба ва минтақавии Тоҷикистону Амрико баррасӣ шуд.

Бо таваҷҷуҳи зиёд ба ҳалли қазияи Афғонистон, ҳарду ҷониб бори дигар амалҳои пурдаҳшати террористии дар ин кишвар вақтҳои охир рухдода, аз ҷумла қатли Бурҳониддин Раббонӣ, генерал Довуд, волии қундуз Муҳаммад Умар, пешвои қандаҳор Валӣ Карзай ва дигар шахсиятҳои маъруфу соҳибнуфузро қатъиян маҳкум намуданд.

Марк Гроссман ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон доир ба тасмими Иёлоти Муттаҳидаи Амрико барои эҳёи Роҳи нави Абрешим ва ду конфронси байналмилалӣ оид ба Афғонистон, ки моҳҳои ноябр ва декабр дар Истанбул ва Бонн баргузор мегарданд, иттилоъ дод.

Зикр гардид, ки ҳадаф аз ин конфронсҳо ва ҳам эҳёи Роҳи нави Абрешим мусоидат ба барқарорсозии иқтисодиёту иҷтимоиёт ва ҳаёти осоиштаи Афғонистон бо ҷалби кишварҳои ҳамсояи он мебошад. Тибқи нақшаи эҳёи Роҳи нави Абрешим бояд шабакаҳои нақлиётию энергетикии Осиёи Марказӣ ва Осиёи ҷанубӣ ба ҳам пайваста шаванд, аз ҷумла тавассути хатти баландшиддати барқии КАСА-1000, лўлаҳои газ, роҳҳои оҳану мошингард ва дигар имконоти мавҷуда.

Эмомалӣ Раҳмон ин тасмимоти накуро мавриди пуштибонӣ қарор дода, омодагии Тоҷикистонро барои иштироки фаъол дар татбиқи амалии онҳо, аз ҷумла ба хотири таҳкими оромию субот дар Афғонистон ва пешрафту шукуфоии кулли минтақа таъкид намуд.

Ҳарду ҷониб таъкид бар он доштанд, ки мусоидат ба бартарафсозии мушкилоти иҷтимоию иқтисодии Афғонистон, татбиқи лоиҳаҳои зербиноӣ, бунёди корхонаҳои саноатӣ, роҳҳои оҳану мошингард, муҳайёсозии ҷойҳои нави корӣ ва умуман беҳ намудани сатҳи зиндагии мардум роҳи асосии ҳаллу фасли қазияи тўлонии ин кишвари азияткашида хоҳад буд.

Гуфтугўйи судманд, ҳамчунин доир ба дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520