Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Оғози сохтмони биноҳои истиқоматии бисёрошёна ва корхонаи дӯзандагӣ бо 500 ҷойи корӣ

15.04.2014 11:41, шаҳри Ваҳдат

Дар даромадгоҳи ғарбии шаҳри Ваҳдат дар паҳлӯи терминали нақлиётии он  аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмони маҷмааи биноҳои истиқоматии 26-ошёна асос гузошта шуд.

Тавре зикр гардид, дар ин ҷо бо харҷи 400-500 миллион сомонӣ 4 бинои 26 ошёнаи истиқоматӣ бунёд меёбад, ки дорои 1350 хона бо нархҳои дастрас, асосан барои оилаҳои ҷавон хоҳанд буд. Дар таҳхонаи ин биноҳо таваққуфгоҳи мошинҳо ва дар ошёнаи якум марказҳои тиҷоратию хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд. Маҷмааи мазкур, ҳамчунин дорои боғчаи кӯдакон, майдончаҳои варзишӣ ва бозию дилхушӣ хоҳад буд.

Дар ин ҷо дар вақти сохтмон то 500 нафар ва пас аз анҷоми сохтмон қариб 200 каси дигар бо кор таъмин хоҳанд шуд.

Каме дуртар аз ин мавзеъ дар соҳили рӯди Кофарниҳон бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як корхонаи бузурги дӯзандагӣ ба кор дароварда шуд, ки дар он 1000 нафар занону духтарони маҳаллӣ дар 2 баст бо кори доимӣ таъмин мегарданд.

Тавре иттилоъ доданд, дар ин ҷо асосан духти либоси мактабӣ, корӣ ва низомӣ ба роҳ монда шуда, дигар намудҳои либосворӣ ҳам тибқи фармоиш омода карда мешавад.

Бинои ин корхона аз 3 ошёна иборат буда, корхонаи дӯзандагӣ дар қабати дуюм қарор дорад. Дар қабати аввал маркази тиҷорату хизматрасонӣ ва дар қабати сеюм ошхона ҷойгир шудааст.

Дар ду паҳлӯи ин бино 6 иморати 13-ошёнаи истиқоматӣ бунёд хоҳад ёфт, ки санги асосаш имрӯз аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон гузошта шуд. Ин биноҳо дорои 800 хона хоҳанд буд, ки бо тарҳи зебои замонавӣ сохта мешаванд.

Дар қабатҳои поёнии биноҳои истиқоматӣ марказҳои  тиҷоратӣ ва хизматрасонӣ ҷойгир мешаванд.

Дар паҳлӯи дигари бинои корхонаи дӯзандагӣ маркази ташхиси беморӣ бунёд ёфтааст, ки сохтмонаш анҷом ёфта, овардани таҷҳизот ва васли онҳо ҳоло идома дорад.

Дар ҳамаи ин биноҳо оянда то 2 ҳазор нафар бо кори доимӣ таъмин хоҳанд шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
Харита
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон, 2005 - 2018
Тел/Факс.: (+992 37)2212520