Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ ҳангоми паради низомӣ ва гузашти мардум дар майдони Дўстӣ

09.09.2011 09:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Меҳмонони гиромӣ!

Бо камоли ифтихору сарфарозӣ дар ин айёми пурнишоти таҷлили ҷашни бошукўҳу таърихии миллиамон – бистумин солгарди истиқлолияти давлатӣ тамоми мардуми куҳанбунёд, фарҳангпарвар, ватандўст ва бунёдкори Тоҷикистони азизро бори дигар табрик гуфта, орзу менамоям, ки дар ҳар хонадони тоҷик ва ҳамватанони бурунмарзиамон оромиву осоиш, файзу баракат, хушбахтиву комронӣ ва дар фазои кишвари соҳибистиқлоламон сулҳу субот ва ваҳдату ягонагӣ ҳукмфармо бошад.

Тантанаҳои имрўза бо гузашти паради низомӣ, яъне намояндагони ҳамаи навъҳои қувваҳои Мусаллаҳ оғоз мегардад, ки ба шарофати истиқлолияти давлатӣ таъсис дода шудаанд.

Дар ибтидои соҳибистиқлолии кишварамон ҳарчанд ки имкониятҳои иқтисодии давлати ҷавони Тоҷикистон ниҳоят маҳдуд буданд, мо амалан дар ҷои холӣ Артиши миллиро таъсис додем ва минбаъд барои ташкил кардан ва ба роҳ мондани фаъолияти муназзами дигар сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамаи чораҳои таъхирнопазирро амалӣ намудем.

Тамоми мардуми сипосгузори тоҷик хуб дар ёд доранд, ки ҳайати шахсии қувваҳои Мусаллаҳ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлати тозаистиқлоли мо барои таъмин намудани сулҳу субот, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун чӣ гуна фидокориву ҷонбозиҳо нишон доданд.

Дар роҳи барқарор намудани суботу оромии ҷомеа ва сохти конститутсионии кишвар ҳазорон нафар аскарону афсарони шуҷои сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакат ҷони худро аз даст доданд. Имрўз, дар ин лаҳзаҳои ҳаяҷонбахши ҷашни бузурги миллиамон мо ному корнамоиҳои ҳамаи онҳоро ба некӣ ба ёд меорем.

Давлат ва ҳукумати Тоҷикистони соҳибистиқлол ҷиҳати фароҳам овардани шароити мусоиди пешбурди хизмат барои сохторҳои низомӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ҷузъу томҳои ҳарбӣ, таъмин намудани омодабошии ҷангии онҳо минбаъд низ тамоми захираву имкониятҳоро сафарбар менамояд ва итминон дорад, ки ҳайати шахсии қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба хотири дифоъ аз оромиву суботи ҷомеа, тамомияти арзии кишвар ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолияти Ватани азизи худ ҳамеша омода хоҳанд буд.

Дўстони азиз!

ҳамаи мо имрўз бо ифтихор ба ёд меорем, ки бист сол муқаддам дар асоси ҳуҷҷати муҳими тақдирсоз - Эъломияи истиқлолияти давлатӣ 9-уми сентябри соли 1991 ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун давлати озоду соҳибихтиёр эълон карда шуд.

Истиқлолияти давлатӣ натиҷаи орзуву ормони чандинасра ва кўшишу талошҳои тўлонии халқи тоҷик дар роҳи пуршебу фарози таърихи куҳанбунёди худ мебошад.

Чунки андешаи истиқлолияту озодӣ ва талоши расидан ба давлатдории мустақили миллӣ дар зеҳну шуур ва андешаву афкори мардуми тамаддунсози мо дар давоми беш аз ҳазор сол ҳамеша зинда буд.

Бо ҳукми таърих имрўз мо натанҳо амалӣ гардидани ормони ҳазорсолаи ниёгони хешро мебинем, балки худамон давлате бунёд карда истодаем, ки аллакай дар арсаи ҷаҳон мавқеъ ва эътибори ба худ хос дорад.

Баъди ба даст овардани истиқлолияти давлатӣ ба мо лозим омад, ки аз фарҳангу маънавиёти дерина ва таҷрибаи давлатсозии ниёгони хеш сабақ омўзем, аз таҷрибаи давлатдории ҷаҳони мутамаддин баҳра бардорем ва муҳимтар аз ҳама, мардумро ба роҳи хештаншиносиву худогоҳӣ ва таҳкими ин дастоварди бузургтарини миллиамон ҳидоят ва сафарбар намоем.

Зеро истиқлолият барои мо рамзи шарафу номус, нишонаи саодату соҳибихтиёрӣ ва шарти пойдориву бақои миллати озодандеш ва соҳибхираду соҳибэҳтиромамон мебошад.

Истиқлолияти давлатӣ барои мо – тоҷикон неъмати бисёр азизу муқаддас маҳсуб меёбад ва бинобар ин, мо бояд онро аз ҳама арзишҳои дигар муқаддаму воло донем. Чунки дар дунёи пуртазоди муосир танҳо он халқ ё миллате соҳиби иззату эҳтиром шуда метавонад, ки истиқлоли воқеӣ ва давлати озоду мустақили хешро дошта бошад.

ҳарчанд ки тай кардани роҳи бистсола, хусусан солҳои аввали он барои мо бо мушкилоту маҳрумиятҳои зиёд муяссар гардид, вале ба шарофати хиради азалии мардуми фарҳангиву сулҳхоҳ ва таҳаммулгарову заҳматпешаи тоҷик мо ҳамаи он монеаву мушкилотро паси сар кардем.

Истиқлолияти давлатӣ дар назди мардуми тоҷик вазифаҳои бузурги таърихиеро гузошт, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёру муосири миллӣ, таҳкими сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳу сифати зиндагии шоистаи аҳолӣ буданд.

Дар натиҷаи заҳмати софдилонаи мардуми сарбаланди тоҷик рушди устувору бемайлони соҳаҳои иҷтимоиву иқтисодии мамлакат тадриҷан таъмин гардида, сатҳу сифати зиндагии мардум сол ба сол баланд шуда истодааст. ҳоло мову шумо шоҳиди дигаргуниҳои куллии сиёсӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дар ҳаёти ҷомеаи кишварамон мебошем.

Мардуми шарафманди тоҷик имрўз ба хотири таҳкими пояҳои давлати соҳибистиқлоли хеш садоқатмандона заҳмат мекашанд. Дар ин рўзи бисёр саиду муборак метавонем дилпурона изҳор намоем, ки татбиқи ҳадафҳои стратегии давлатамон Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо дар ояндаи наздик дар сохтори муносибатҳои иқтисоди ҷаҳонӣ ва умуман дар арсаи байналмилалӣ мавқеи шоистаи худро пайдо хоҳад кард.

ҳозирини гиромӣ!

Роҳе, ки мо пеш гарифтаем, фақат як ҳадаф дорад: расидани ҳар як фарди кишвар ба саодати зиндагӣ ва рушди миллат дар асри ХХI.

Вале дар ин раванд ҳар кадоми мо бояд дар хотир дошта бошем, ки барои муваффақ шудан ба ин ниятҳои нек ва рўзгори пурсаодат ҳанўз хеле заҳмат кашиданамон зарур аст. Зеро ободии Ватан ва осоиши мардуми он аз ҳар яки мо фаъолияти шабонарўзӣ ва кори содиқонаву софдилонаро тақозо менамояд.

Итминони комил дорам, ки ҳар як фарди Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз ҷумла ҷавонони бонангу номус, соҳибкорони боғайрату ҳимматбаланд, зиёиёни ватандўсту хирадманд ва умуман аҳли ҷомеа бо масъулияти баланди шаҳрвандӣ, эҳсоси гарми ватандорӣ ва бо истифода аз тамоми захираву имкониятҳо корҳои оғозкарда ва нақшаҳои пешгирифтаамонро зина ба зина татбиқ намуда, барои боз ҳам беҳтар гардонидани сатҳу сифати зиндагии мардумамон саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Бигзор, рўҳи неки фарзандони шарафманди миллат, ки дар роҳи ҳифзу нигоҳдории давлати тоҷикон ҷоннисорӣ кардаанд, дар ин кори хайр ҳамеша мададгори мо бошад!

Бигзор, ваҳдати ҷовидонаи миллӣ, сулҳу суботи поянда, ормонҳои волои истиқлолият ва ҳадафҳои наҷиби бунёдкориву созандагӣ ҳидоятгари пиру барнои Тоҷикистони азизамон бошад!

Бигзор, кохи истиқлол ва нангу номуси тоҷикон то абад устувору ҷовидон монад!

Ҷашни бистсолагии озодиву истиқлол муборак бошад, ҳамватанони азиз!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520