Сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - www.president.tj дорои бахши арабӣ ва шакли мобилӣ гардид.
Бо фаъол гардидани бахши арабӣ сомонаи интернетии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон - president.tj чорзабона шуд. Кунун хабарҳо ва маводи иттилоотию таҳлилӣ доир ба фаъолияти ҳамарӯзаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар сомонаи расмии president.tj бо забонҳои тоҷикӣ, русӣ, англисӣ ва арабӣ пешкаш мегардад.
Ҳамчунин шакли мобилии сомона фаъол гардид, ки барои ворид шудан аз телефонҳои ҳамроҳ ва планшетҳо басо мувофиқу осон аст.
Хотиррасон бояд намуд, ки бори аввал сомонаи president.tj моҳи октябри соли 2005 фаъол гардида буд. Дар ин миён сомона борҳо қисман мукаммалу навсозӣ шуда, моҳи августи соли 2012 бо назардошти дастовардҳои навтарини технологияҳои иттилоотӣ мавриди навсозии куллӣ қарор гирифт.
Ҳамчунин ёдовар бояд шуд, ки сомонаи president.tj аз бахшҳои асосӣ, вохӯриҳо, суханрониҳо, сафарҳои дохилӣ, сафарҳои хориҷӣ, фармонҳо, паёмҳо, барқияҳо, суҳбатҳои телефонӣ, аксҳо, нома ба Президент ва ғайра иборат аст.