Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ба истифода супоридани Боғи фарҳангу фароғатӣ дар шаҳри Душанбе

06.09.2011 18:00, шаҳри Душанбе

Ҳамватанони азиз!
Ҳозирини гиромӣ!

Вақтҳои охир ва хусусан дар остонаи ҷашни бузурги миллиамон – бистумин солгарди соҳибистиқлолии Тоҷикистони азизамон дар тамоми шаҳру ноҳияҳои кишвар корҳои ободониву созандагӣ бо суръати бесобиқа идома ёфта, бо дастгирии давлат ва ҳукумати мамлакат садҳо иншооти нави иҷтимоиву фарҳангӣ ба истифода дода шуданд.

Ин лаҳзаҳо мову шумо шо?иди боз як рўйдоди фараҳбахши раванди созандагиву ободонии Ватан, яъне маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор додани Боғи фарҳангу фароғат дар ин гўшаи зебоманзари пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе ҳастем.

Аз ин лиҳоз, фарорасии ҷашни озодиву соҳибихтиёрии мамлакат ва ба анҷом расидани корҳои сохтмони ин иншооти зебои замонавиро ба ҳамаи шумо – намояндагони сокинони шаҳри Душанбе ва тамоми мардуми пойтахт табрик гуфта, ҳамчунин, ба меъморону бинокорон, мутахассисон ва ҳамаи онҳое, ки дар омода сохтани чунин тўҳфаи воқеан арзандаи идона барои мардуми пойтахт саҳм гузоштаанд, изҳори сипос менамоям.

Боғи фарҳангу фароғатӣ дар яке аз ҷойҳои хушманзараи пойтахти мамлакат ҷойгир гардида, ҳадаф аз бунёди он фароҳам овардани шароити мусоиди истироҳату фароғат ва баргузории чорабиниҳои гуногуни варзишиву фарҳангӣ барои сокинон ва меҳмонони шаҳри Душанбе мебошад.

Бунёди ин боғ бо арзиши умумии қариб 80 миллион сомонӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат гирифта, масоҳати умумии иншоот 150 ҳазор метри мураббаъро ташкил медиҳад.

Дар баробари ин, хотирнишон кардан зарур аст, ки дар Боғи фарҳангу фароғат биноҳои ҷолибу зебо, аз қабили қалъаи афсонавӣ, қаҳвахона, бинои шоҳмоту саққобозӣ, ҳавзи шиноварӣ, амфитеатр барои 1080 ҷойи нишаст, инчунин 5 фаввора, беш аз 30 номгўй аттраксионҳои гуногун ва чойхонаи барҳавои «Буниҳисорак» дар масоҳати 520 метри мураббаъ барои истироҳату фароғати шаҳрвандон эъмор гардидааст.

Илова бар ин, дар ҳудуди боғ майдончаҳои варзишӣ барои бозии теннис, баскетбол, волейбол, гандбол, футболи хурд ва майдончаи бозиҳои чархакронӣ, ки дар маҷмўъ масоҳати қариб се ҳазор метри мураббаъро дарбар мегиранд, сохта шудааст.

Бо бунёди чунин марказҳои фароғативу биноҳои варзишӣ, шумораи ҷавонони варзишгар хеле зиёд шуда, ҳамзамон бо ин, садҳо нафар шаҳрвандони мо, бахусус ҷавонон бо ҷойҳои нави кори доимӣ таъмин мегарданд ва шароити зиндагии ҳазорҳо нафар сокинони кишвар беҳтар мешавад.

Албатта, бояд гуфт, ки бунёди ин боғ ва дигар иншооти то имрўз ба истифода додашуда аз баракати соҳибистиқлолии кишвар, пойдории сулҳу субот, фазои орому осуда ва заҳмати созандаи мардуми бофарҳангу ободгарамон муяссар гаштааст.

Сол?ои охир дар пойтахти кишварамон сохтмон ва таъмиру таҷдиди манзилҳои истиқомативу муассисаҳои хизматрасонӣ, мактабу кўдакистонҳо, корхонаҳои истеҳсоливу марказҳои тиҷоратӣ, муассисаҳои тандурустиву меҳмонхонаҳо ва маҷмааҳои варзишӣ босуръат идома ёфта, пойтахти мамлакатамон ба як шаҳри пешрафтаву зебои замонавӣ мубаддал гардида истодааст.

Давлат ва ҳукумати мамлакат дар баробари андешидани чораҳо дар самти пешрафти дигар соҳаҳои иҷтимоӣ, ба рушди соҳаи варзиш, фарҳанг ва истироҳату фароғати мардум низ аҳамияти ҷиддӣ дода, ҳифзи саломатии аҳолӣ, оммавигардонии варзиш ва таблиғи тарзи ҳаёти солимро яке аз ҳадафҳои муҳиму афзалиятноки сиёсати иҷтимоии худ медонад.

Соли 2008 таҷдиди боғи марказии ба номи устод Рўдакиро ба муносибати ҷашни 1150 - солагии зодрўзи ин фарзанди фарзонаи миллатамон бо истифода аз унсур?ои миллӣ ва санъати муосири боғдорӣ анҷом додем, ки имрўз ба макони хуби истироҳату фароғати пойтахти кишварамон - шаҳри Душанбе табдил ёфтааст.

Илова бар ин, бо дастгирии ҳукумати кишвар собиқ боғи ботаникии пойтахт азнавсозӣ гардид, ки имрўз бо номи боғи Ирам воқеан ба як пораи биҳишт дар қаламрави Тоҷикистони азиз табдил ёфтааст.

Моҳи марти соли равон дар рўбарўи боғи имрўза барои варзишу истироҳати бофароғати варзишгарону сокинони пойтахт санги асоси бунёди кохи теннис ва ҳавзи шиноварии мутобиқ ба талаботи меъёрҳои муосири байналмилалиро гузоштем.

Бунёди ин маҷмааи варзишӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ сурат гирифта, арзиши он тибқи лоиҳа зиёда аз 300 миллион сомонӣ, баробар ба 45 миллион евроро ташкил медиҳад ва бо анҷом ёфтани сохтмони он дар кишварамон боз як маркази бузурги варзишӣ таъсис дода мешавад.

Давлату ҳукумати кишвар минбаъд низ барои ободу зебо гардидани пойтахти давлати соҳибистиқлоламон ва ба макони истироҳату фароғати сокинони пойтахт ва тамоми ҳамватанону меҳмонони сершумор табдил додани он ҳамаи чораҳоро андешида, ҷиҳати татбиқи нақшаҳои ободкорӣ маблағҳои заруриро равона месозад.

Итминони комил дорам, ки ифтитоҳи иншооти фарҳангиву фароғатии имрўза ба симои пойтахти кишварамон – шаҳри Душанбе ҳусни хоса бахшида, барои тарбияи зебоишиносии кўдакону наврасон, бо варзиш бештар машғул шудани ҷавонон ва истироҳату фароғати калонсолону меҳмонони пойтахт ҳамаҷониба мусоидат менамояд.

Ҳамчунин бовар дорам, ки тадбирҳои андешидаи ҳукумати Тоҷикистон сокинони пойтахт, аз ҷумла ҷавононро водор месозад, ки барои ободиву шукуфоии Ватани маҳбубамон – Тоҷикистони соҳибистиқлол саъю талоши бештар намоянд.

Дар охир бори дигар, ҳамаи шуморо ба муносибати фарорасии ҷашни таърихии миллиамон - бистсолагии истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва мавриди истифода қарор гирифтани Боғи фарҳангу фароғатӣ табрик гуфта, бароятон тани сиҳату хонаи обод ва сарбаландиву сарфарозӣ орзу менамоям.

Ҷашни истиқлолу озодии Ватан муборак бошад, ҳамватанони азиз!

Ҳамеша хушбахту пирўз бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520