Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ба имзо расидани як қатор қонунҳо

14.03.2014 15:31, шаҳри Душанбе

Имрӯз аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон як қатор қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расонида шуданд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия», «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ», «Дар бораи бозори коғазҳои қимматнок», «Дар бораи маориф», кодексҳои ҷиноятӣ, мурофиавии ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» субъектҳои муқовимат бо коррупсия ва Шурои миллии муқовимат бо коррупсия, инчунин нақшу фаъолияти онҳоро дар роҳи муқовимат бо коррупсия муайян ва мушаххас намудааст.

Тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Ташкилоти байналмилалии Гурӯҳи татбиқи чораҳои молиявии муқовимат ба софкории пул, пурзӯр намудани муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм равона карда шудааст. Инчунин мувофиқи ин тағйиру иловаҳо барои истисмори одам, ғайриқонунӣ тайёр кардан ва ба муомилот баровардани маводи порнографӣ, истифодаи ноболиғон дар чунин амалҳо ҷавобгарии ҷиноятӣ муқаррар карда шудааст.

Қонунҳои қабулгардида дар маҷмӯъ ба ҳифзи инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ, ҳимояи манфиатҳои давлат ва ташкилоту идораҳо, ҳифзи сиҳатии омма, инчунин пешрафту инкишофи соҳаҳои мухталифи ҳаёти ҷомеа равона карда шудаанд.

Матни пурраи қонунҳои қабулгардида рӯзҳои наздик дар матбуоти расмии кишвар интишор карда мешаванд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520