Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Абдулҳодӣ Арғандивол

13.03.2014 19:29, шаҳри Душанбе

Бегоҳии рӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Вазири иқтисоди Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Раиси ҷониби афғонии Комиссияи муштараки байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ, иҷтимоӣ ва техникии ду кишвар Абдулҳодӣ Арғандиволро ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат изҳор дошт: “Рушди ҳамкорӣ бо Афғонистон аз авлавиятҳои муҳимтарини сиёсати хориҷии кишвари мо мебошад”.

Доир ба бахшҳои гуногуни ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ, нақлиётию транзитӣ, амниятӣ ва фарҳангии ду кишвар гуфтугӯйи судманд сурат гирифт.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки баргузории ҷашни байналмилалии Наврӯзи ҷаҳонӣ ва Конфронси шашуми RECCA дар Афғонистон ба таҳкими фазои сулҳу субот ва рушди иқтисодию иҷтимоии ин кишвар мусоидат хоҳанд кард.

Доир ба роҳҳои татбиқи босамари лоиҳаҳои минтақавии зербиноӣ барои кашидани хатти барқии CASA-1000, бунёди роҳи оҳани Тоҷикистон-Афғонистон-Туркманистон, ифтитоҳи гузаргоҳҳои нави сарҳадӣ миёни Тоҷикистону Афғонистон, афзун намудани интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба Афғонистон, кашидани лӯлаи газ аз Афғонистон ба Тоҷикистон ва дигар лоиҳаҳои пурманфиат табодули назар карда шуд.

Ба мувофиқа расондани лоиҳаи Созишномаи сеҷонибаи Тоҷикистон-Афғонистон-Покистон дар бораи тиҷорати транзитӣ зарур шумурда шуд.

Дурнамои ҳамкории маърифатию фарҳангӣ умедворкунанда номида шуд. Тавре зикр гардид, ҳоло дар Тоҷикистон 234 донишҷӯй аз Афғонистон таҳсили илм доранд ва беш аз 200 нафар табибон аз Тоҷикистон ба мардуми ин кишвар хизмат мерасонанд.

Таваҷҷуҳи зиёд, ҳамчунин ба ҳамкории ду кишвар барои таъмини амну субот дар минтақа ва хусусан дар марзи муштараки давлатӣ зоҳир гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520