Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенко

13.03.2014 12:58, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Федератсияи Маҷлиси Федеролии Русия Валентина Матвиенкоро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Русия баррасӣ шуд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо қаноатмандӣ зикр намуд, ки «заминаи қарордодию ҳуқуқии муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судманди ду кишвар бар зиёда аз 240 санад асос ёфтааст».

Гуфтугӯйи судманд доир ба ҳамгироии сиёсӣ, ҳарбию амниятӣ, иқтисодию тиҷоратӣ ва дурнамои рушди ҳамгироиҳои фарҳангию гуманитарӣ сурат гирифт.

Валентина Матвиенко иброз дошт, ки «Мо ба ҷониби Тоҷикистон, хусусан ба сарвари он барои дастгирии ҳамаҷонибаи забони русӣ, дасгирии давлатии ҷараёни паҳншавӣ ва истифодаи он изҳори миннатдорӣ менамоем».

Ба нақши форуми байнипарлумонии «Тоҷикистон-Россия: имконоти ҳамкории байниминтақавӣ» доир ба ташкил ва густариши робитаҳои мустақими миёни минтақаҳои алоҳидаи ду кишвар баҳои баланд дода шуд. Таъкид гардид, ки ҳоло қариб 80 минтақаи Русия бо минтақаҳои алоҳидаи Тоҷикистон робитаҳои бевоситаи ҳамкорӣ доранд.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки барои рушди бештари ҳамкории иқтисодию тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ имконоти истифоданашуда хеле зиёданд.

Табодули назар, ҳамчунин доир ба авзои минтақа ва ҷаҳон сурат гирифт.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии устувори худро ба рушди муносиботи шарикии стратегии Тоҷикистону Русия таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520