Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Суханронӣ дар маросими ифтитоҳи бинои баландошёнаи Маркази соҳибкории«Душанбе-Плаза»

06.09.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Ҳозирини гиромӣ!

Имрўзҳо ба истиқболи сазовори бистумин солгарди истиқлолияти давлатии кишварамон дар гўшаву канори гуногуни мамлакат иншооти таъиноти гуногун ба фаъолият оғоз карда, ба ин ҷашни бузурги миллиамон шукўҳу ҷалоли тоза бахшида истодаанд.

Даҳҳо иншооти муҳими иҷтимоиву иқтисодӣ ва фарҳангӣ, аз ҷумла Китобхонаи миллӣ, хонаҳои баландошёнаи истиқоматӣ, муҷассамаву манораи рамзҳои муҳими давлатӣ - Нишон ва Парчами Тоҷикистон симои пойтахти кишварамон - шаҳри Душанберо куллан дигаргун намудаанд.

Маҳз ба шарофати истиқлолияти давлатии кишвар ҳоло шаҳри Душанбе дар арсаи олам ҳамчун пойтахти давлати озоду соҳибихтиёри тоҷикон шинохта шуда, ба макони баргузории форуму симпозиумҳои байналмилалӣ ва вохўриҳои сарони давлатҳову ҷашнҳои ҷаҳонӣ мубаддал гардидааст.

ҳамзамон бо ин, таҷдиду азнавсозии роҳҳои дохилӣ ва шоҳроҳҳои мошингарди Душанбе – Кўлоб –Хоруғ то сарҳади ҷумҳурии Мардумии Чин, Душанбе – Ваҳдат – Нуробод то сарҳади ҷумҳурии қирғизистон, Душанбе – Хуҷанд –Чанак, Душанбе – қўрғонтеппа – Дўстӣ то сарҳади ҷумҳурии Исломии Афғонистон имконият фароҳам овард, ки дар баробари ободсозии дили Ватан, ҳамзамон дар чор самт - шарқу ғарб ва шимолу ҷануб робитаҳои нақлиётии доимӣ бо маркази кишвар таъмин карда шавад.

Бояд қайд намуд, ки созандагиву бунёдкориҳо мероси қадимаи халқи тоҷик буда, ҳанўз аз замонҳои қадими давлатдории худ, махсусан дар асрҳои 9 ва 10 халқи тоҷик бо санъати волои сохтмонӣ ва муҳандисиву меъморӣ, бо бунёди қасрҳо ва қалъаву манораҳои азим дар арсаи олам шўҳрат пайдо намудааст.

Дар ин радиф бахшида ба ҷашни истиқлолияти миллӣ ифтитоҳи бинои баландошёнаи Маркази тиҷоратии «Душанбе - Плаза» дар пойтахти кишвар, ки ҳоло аз баландтарин биноҳои маишиву хизматрасонӣ дар кишвар мебошад, бо ҳашамату баландӣ ба шаҳри Душанбе азамату зебоӣ ва таровати дигаре зам намуда истодааст, ки ин лаҳзаҳо мавриди расмии баҳрабардории сокинону меҳмонони пойтахти мамлакат қарор дода мешавад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахш аввалан кулли мардуми пойтахтро ба муносибати бистумин солгарди истиқлолияти давлатии Ватани азизамон табрик гуфта, ба меъморону мутахассисон ва бинокорони ин иншооти азим изҳори сипос менамоям.

Сохтмони иншооти «Душанбе - Плаза» дар охири соли 2009 бо маблағгузори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе аз ҷониби ташкилоти пудратии «Тоҷ - Сохтмон - Байналмилал» оғоз гардида, дар масоҳати беш аз 39 ҳазор метри мураббаъ бунёд шудааст. Арзиши умумии иншооти мазкур қариб 164 миллион сомонӣ буда, он аз 22 ошёна иборат мебошад ва бо санъати меъмории муосир сохта шудааст.

«Душанбе - Плаза» дорои марказҳои иттилоотӣ, намоишгоҳҳои сайёр, толорҳо барои машваратҳои расмии сатҳи олӣ, утоқҳо барои намояндагони ширкатҳои байналмилалӣ, утоқҳои маъмурӣ, тарабхона ва меҳмонхона барои 40 ҷойи истиқомат мебошад.

Сохтмон ва баҳрабардории чунин иншооти маишиву хизматрасонӣ дар баробари ҳусну тобиши худ барои ташкили ҷойҳои нави корӣ, ташкили сатҳи баланди хизматрасонӣ ва ҷалби ҳарчи бештари сайёҳону меҳмонон ба Тоҷикистон мусоидат менамояд.

Муҳимтар аз ҳама, бунёди ин гуна иншооти бузурги маишиву хизматрасонӣ нишонаи осудагиву оромии кишвар ва муаррифгари рушди фарҳангиву иқтисодии он дар арсаи байналмилалӣ мебошад.

Ва мо итминон дорем, ки анъанаи бунёди чунин иншооти баландошёнаи хуштарҳу замонавӣ минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Зеро давлат ва ҳукумати Тоҷикистон ҳоло барои дастгирии соҳибкорӣ ва пеш аз ҳама, соҳибкории истеҳсолӣ тамоми шароит ва заминаҳоро фароҳам овардааст ва азми қатъӣ дорад, ки ин равандро минбаъд низ идома бахшад.

Дўстони азиз!

Душанбе пойтахти кишвар ва хонаи умеди тамоми тоҷикони ҷаҳон буда, маҳз бо ғамхорӣ ва таваҷҷўҳи ҳамешагии давлату ҳукумати Тоҷикистон ҳамасола ба нишондиҳандаҳои назарраси иҷтимоиву иқтисодӣ ноил гардида истодааст. Танҳо дар давоми 10 соли охир ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатии шаҳри Душанбе 5 баробар афзоиш ёфта, аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳо беш аз 3,8 миллиард сомонӣ сармояи асосӣ азхуд гардидааст ва ба маблағи наздик 3 миллиард сомонӣ фондҳои асосӣ ба кор дароварда шудаанд.

Дар замони истиқлолият дар шаҳри Душанбе ҷиҳати ҳалли масъалаҳои муҳими иҷтимоӣ ва таъмини шаҳрвандон бо манзили истиқоматӣ 1,2 миллион метри мураббаъ манзилҳои истиқоматӣ бунёд карда шуда, дар ин самт корҳо бомаром идома доранд.

Илова бар ин, танҳо дар рўзҳои ҷашни истиқлолият дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор додани даҳҳо иншооти гуногуни иқтисодиву иҷтимоӣ, аз ҷумла ба кор оғоз намудани корхонаи кабелбарорӣ бо иқтидори коркарди то 12 ҳазор тонна алюминий дар як сол, корхонаи истеҳсоли лампаҳои каммасраф бо иқтидори 10 ҳазор лампа дар як шабонарўз ва мавриди истифода қарор дода шудани се маҷмааи варзишиву Боғи фарҳангу фароғати пойтахт, ки бо супориши ҳукумати мамлакат бунёд шудаанд, ба фазои идонаи пойтахти Ватан шаҳомати хоса зам менамояд.

Ҳамзамон бо ин, тавре ки шумо аллакай огоҳ ҳастед, давоми рўзҳои охир ҷиҳати дар ояндаи наздик дар шаҳри Душанбе бунёд намудани боз якчанд иншооти иқтисодиву иҷтимоӣ хишти аввали корхонаи васлу насби нақлиёти барқӣ ва дучархаҳо, сохтмони беморхонаи шаҳрии бисёрсоҳа барои 650 кат ва дармонгоҳ барои қабули то 800 нафар, инчунин биноҳои маъмурии Кумитаи андоз ва Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ гузошта шуданд.

ҳамин тавр, ҷараёни босуръати бунёди садҳо иншооти иҷтимоиву иқтисодӣ дар дили Ватанамон гувоҳи ободиву рушди бемайлони он ва амалишавии ҳадафҳои созандагиву бунёдкориҳои даврони истиқлолият мебошад.

Аз ин рў, ҳар як сокини шаҳри Душанбе ва кулли мардуми кишвар аз он ифтихор доранд, ки пойтахти мамлакатамон рўз аз рўз симои зеботар ва ба худ муносибро доро шуда истодааст.

Бинобар ин, ба ҳар кадоми мо зарур аст, ки бо шукрона аз истиқлолияти давлатӣ, ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи ҷомеа барои ободии Ватан, аз ҷумла пойтахти он саъю талош варзем ва барои пешрафти давлати соҳибистиқлоламон садоқатмандона заҳмат кашем.

Бо ҳамин ниятҳои нек ҳамаи шуморо бори дигар ба ифтихори ҷашни бистумин солгарди истиқлолияти давлатии кишвар табрику таҳният гуфта, ба шумо хонаи ободу рўзгори осуда, сарбаландиву иқболи нек ва барори кор орзу менамоям!

Ҳамеша шоду пирўз бошед!

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520