Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷа

25.08.2011 14:00, шаҳри Душанбе

Баъди маросими супурдани санад ва нишони унвони олии фарҳангию сиёсии ҷомеаи Аврупо – Пешвои асри XXI Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Президенти Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ Антон Караҷаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ташкил ва густариши робитаҳои гуногунҷанбаи Тоҷикистону Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилалӣ баррасӣ шуд.
ҳарду ҷониб ба густариши робитаҳои илмию фарҳангӣ ва ҳам иқтисодию сармоягузорӣ изҳори ҳавасмандӣ карданд.

Антон Караҷа бо ёдоварӣ аз таъриху фарҳанги бисёрҳазорсолаи миллати тоҷик ва нақши он дар тамаддуни башарӣ изҳор дошт, ки миёни сохторҳо ва шахсиятҳои барҷастаи илму фарҳанги Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо бояд робитаҳои мунтазами судбахш ба роҳ монда шаванд.

Ҳайати бонуфузи Шўрои Аврупо оид ба робитаҳои байналмилал? ба иштирок дар чорабиниҳои илмию фарҳангии бахшида ба Тоҷикистон, ки дар дохил ва хориҷи кишвар баргузор мегарданд, аз ҷумла дар ҷашни байналмилалии Наврўз – 2012 дар шаҳри Душанбе изҳори ҳавасмандӣ карданд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520