Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо узви Раёсати ширкати Сименс Михаэл Зюс ва Директори Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колер

09.03.2014 21:08, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон узви Раёсати ширкати Сименс Михаэл Зюс ва Директори Агентии энергетикии Ҷумҳурии Федеролии Олмон Штефан Колерро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистону Олмон дар соҳаи энергетика ва истифода аз технологияҳои навтарини соҳа баррасӣ шуд.

Гуфтугӯйи судманд доир ба имконоти иштироки Ҷумҳурии Федеролии Олмон ва ширкатҳои бонуфузи он дар татбиқи лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон, аз ҷумла доир ба сохтмону навсозии нерӯгоҳҳои барқӣ, истифода аз манбаъҳои алтернативии истеҳсоли нерӯи барқ ва бунёди шабакаҳои таҳвил ва интиқоли барқ сурат гирифт.

Ширкати Сименс, ба гуфти узви Раёсати он Михаэл Зюс, омода аст, ки дар навсозии техникию технологии нерӯгоҳҳои Тоҷикистон ва шабакаҳои барқии он иштироки фаъол дошта бошад”. Тавре таъкид гардид, “ширкати Сименс тасмим дорад, ки дар Тоҷикистон намояндагии доимии худро таъсис диҳад”.

Штефан Колер, аз ҷумла изҳор дошт, ки “Ҷумҳурии Федеролии Олмон ба иштирок дар татбиқи имконоти фарохи энергетикии Тоҷикистон ҳавасмандии устувор дорад ва барои ин аз имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард”.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон Ҷумҳурии Федеролии Олмонро аз шарикони боэътимоди Тоҷикистон дар Аврупо номида, изҳори боварӣ намуд, ки рушди ҳамкорӣ бо он, хусусан дар соҳаи энергетика ва ҷалби технологияи муосир, пурсамар хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520