Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

06.03.2014 12:06, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони навтаъини 11 давлати ҷаҳон эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон сафирони нави фавқулодда ва мухтори Туркманистон- Ишанкули Аманлиев, Куба-Карлос Энрике Валдес Де Ла Консепсион, Ҷумҳурии Сербия-Славенко Терзич, Амороти Муттаҳидаи Араб- Суҳайл Матар Саид ал-Катбӣ, Ҷумҳурии Корея- Ли Ук-Хен, Ҷумҳурии Словакия-Павол Иван, Давлати Фаластин- Муҳаммад Абдулло Таршаҳанӣ, Ҷумҳурии Мисри Араб- Муҳаммад Абдуссаттор ал-Бадрӣ, Ҷумҳурии Судон-Муҳаммад Илёс Муҳаммад ал-Ҳаҷ, Ҷумҳурии Кипр-Георгиос Касулидис ва Гурҷистон-Константин Жгенти эътимодномаҳои худро тақдим намуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон сафирони тозатаъинро бо оғози фаъолияти дипломатиашон дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, изҳори итминон намуд, ки онҳо ба рушду тавсиаи муносибатҳои гуногунҷанба мусоидати фаъол хоҳанд кард.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520