Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонма

28.01.2014 12:12, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Мудири Бонки аврупоии таҷдид ва рушд оид ба Осиёи Марказӣ Масару Хонмаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Дар оғози мулоқот Масару Хонма ба Эмомалӣ Раҳмон намояндаи нави доимии Бонки аврупоии таҷдид ва рушд дар Тоҷикистон Ричард Ҷонсро муаррифӣ намуд.

Зимни суҳбат, аз ҷумла зикр гардид, ки тайи солҳои ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва ин бонк ба маблағи умумии 400 миллион доллари амрикоӣ созишномаҳо ба имзо расидаанд. Ҳоло 7 лоиҳаи муштараки сармоягузорӣ амалӣ мегардад, маблағи умумии онҳо беш аз 112 миллион доллари амрикоӣ мебошад.

Таъкид гардид, ки ду ҷониб минбаъд низ метавонанд дар бахшҳои энергетика, нақлиёт, роҳсозӣ, кишоварзӣ ва коркарди саноатии маҳсулоти ин соҳа, обрасонӣ, дастгирии бахши хусусӣ ва ғайра ҳамкории босамар дошта бошанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520