Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Дания

22.01.2014 10:47, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон гурӯҳи вакилони парлумони Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) аз Шветсия ва Данияро, ки таҳти сарварии узви Кумитаи оид ба мудофиаи парлумони ин созмон Кент Харстед дар Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҷорӣ ва дурнамои ҳамкорӣ баррасӣ шуд.

Тавре зикр гардид, Тоҷикистону САҲА дар се самти асосӣ - сиёсию амниятӣ, иқтисодию экологӣ ва рушди инсонӣ ҳамкории босамар доранд.

Зимни суҳбат таваҷҷуҳи зиёд ба авзои кунунӣ ва ояндаи Афғонистон, тақвияти муҳофизат ва идораи марзи давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя, мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, бартарафсозии мушкилоти ҳамкории минтақавӣ дар Осиёи Марказӣ, поксозии қаламрави Тоҷикистон аз мина ва дигар моддаҳои тарканда ва рушди демократия ва ҷомеаи шаҳрвандӣ зоҳир гардид.

Бо қаноат тазаккур дода шуд, ки масъалаи ҷалби Афғонистон ба фаъолияти САҲА ба ҳайси шарик оид ба ҳамкорӣ маҳз аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардида, дастгирӣ ёфта буд.

Ҳарду ҷониб ҳавасмандии худро ба густариши ҳамкорӣ дар ҳамаи самтҳои мазкур ва дигар бахшҳо таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520