Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар Вазорати мудофиа

18.01.2014 10:01, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон кадрҳои ба вазифаҳои роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа таъиншударо барои суҳбат ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат бо кадрҳои ба вазифаҳои нави роҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳ таъингардида, онҳоро ба хизмати софдилонаю содиқона ба халқу Ватан, пурзӯр намудани қудрати дифоии Тоҷикистон, ҳифзи бошарафи марзу буми кишвар, омодасозӣ ва ҷобагузории дурусти кадрҳои ҷавону ояндадор ҳидоят намуд.

Тавре маълум шуд, Зариф Бобокалонов, ки кадри ҷавони соҳа ва дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ ва шунавандаи Академияи ҳарбии Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳи Федератсияи Русия аст, Сардори Ситоди генералии Қувваҳои Мусаллаҳ-Муовини якуми вазири мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Саидамир Розиқов ва Абдуҳалим Назаров, ки ҳарду кадрҳои соҳибтахассус, ботаҷриба ва кордону корозмуда мебошанд, муовинҳои вазири мудофиа таъин карда шуданд.

Миралӣ Раҳматов, ки дорои ду тахассуси олии ҳарбӣ буда, то ин вақт дар вазифаҳои гуногуни раҳбарӣ дар Вазорати мудофиа ва Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар сарбаландона адои хизмат кардааст, Фармондеҳи Қӯшунҳои зудамали Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ду кадри ҷавону кордони дигар – Зариф Ҳакимов ва Собирхон Назаралиев дар мувофиқа бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, яке Сардори Раёсати ҳамкории ҳарбӣ-байналхалқӣ ва дуввумӣ Сардори Раёсати молия ва буҷети Вазорати мудофиа таъин карда шуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520