Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи Маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

15.01.2014 17:40, шаҳри Душанбе

Дар маҷлиси васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамчунин Вазири маориф Нуриддин Саидов, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ Нусратулло Салимов, Прокурори генералӣ Шерхон Салимзода, Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия Абдуфаттоҳи Ғоиб ҳисобот доданд.

Дар ҳисоботи Прокурори генералӣ ва Директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, ба афзоиши нисбии ҷинояту ҷинояткорӣ, ки солҳои охир ба назар мерасад, таваҷҷуҳи хос зоҳир гардид. Ба хусус аз ҷиноятҳои коррупсионӣ ва гароидани баъзе аз ҷавонону наврасони тоҷик ба ҳизбу ҳаракатҳои мамнуъи ифротию террористӣ изҳори нигаронӣ карда шуд.

Сипас ҳисоботи Раиси Кумитаи кор бо занон ва оила Махфират Хидирова, Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Маликшо Неъматов, Кумитаи оид бо корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ Абдураҳим Холиқов шунида шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зимни ҳисоботи Раиси Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон Шодихон Ҷамшедов ба ободонии шаҳру ноҳияҳои вилоят, навсозии роҳҳои маҳаллӣ ва шабакаи обу корези шаҳри Хоруғ, бунёди биноҳои нави бисёрошёна, маҳалҳои нави аҳолинишин ва дигар масоили мубрам таваҷҷуҳи хос зоҳир намуда, барои бартарафсозии камбудиҳои ҷойдошта ба роҳбарияти вилоят ва шаҳру ноҳияҳои он супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳои мушаххас доир ба ривоҷ додани корҳои ободонию созандагӣ, бунёди корхонаҳои нави истеҳсолӣ, муҳайсозии ҷойҳои нави корӣ ва баланд бардоштани фарҳанги шаҳрдорию ватандорӣ, ҳамчунин зимни ҳисоботи Раиси вилояти Хатлон Давлатшо Гулмаҳмадов, Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев дода шуд.

Дар охири маҷлис Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, нишондодҳои рушди иҷтимоию иқтисодии кишварро дар соли 2013 мавриди таҳлилу баррасии амиқ қарор дод ва вазифаҳои ояндаро мушаххас намуд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520