Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Син

11.01.2014 11:05, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Раиси ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Синро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин ширкати бонуфузи чинӣ баррасӣ шуд.

Ҳарду ҷониб аз фаъол гардидани навбати якуми Маркази барқу гармидиҳии дуюми шаҳри Душанбе, ки рӯзи 10-уми январ дар фазои тантанавӣ сурат гирифт, изҳори қаноат карданд. Ҳамчунин изҳори боварӣ карда шуд, ки то моҳи апрели соли равон навбати дуюми марказ низ ба кор даромада, иқтидори умумиаш ба 100 мегаватт/соат нерӯи барқ мерасад. Доир ба сохтмони боз ду агрегати дигар дар оянда ва ба 400 мегаватт расондани иқтидори умумии ин марказ ҳам гуфтугӯй сурат гирифт.

Тавре зикр гардид, аз ҷониби ширкати ТВЕА-и Ҷумҳурии Мардумии Чин дар Тоҷикистон лоиҳаҳои зиёд, аз ҷумла доир ба сохтмони хатҳои баландшиддати интиқоли нерӯи барқ ва зеристгоҳҳо амалӣ шудаанд.

Ҳарду ҷониб ба густариши ҳамкории оянда дар бахшҳои гуногуни соҳаи энергетика ва бартараф кардани мушкили норасоии нерӯи барқ дар Тоҷикистон дар фасли зимистон ҳавасмандии худро таъкид доштанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520