Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин

30.12.2013 10:16

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

"Муҳтарам Владимир Владимирович,

Аз шунидани амалиёти террористӣ дар вокзали роҳи оҳани Волгоград, ки боиси ҳалокати одамон гардид, сахт андӯҳгин гардидам. Мо ин амалиёти ваҳшиёнаро қатъиян маҳкум карда, изҳор менамоем, ки саъю кӯшишҳоро барои муқовимати самарабахш бо чунин бадкирдорӣ дастгирӣ намуда, ҷонибдори амалан муттаҳид сохтани талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар мубориза бар  зидди он мебошем.

Ба Шумо, Владимир Владимирович тасаллияти амиқ иброз дошта, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии самимии маро ба хешовандону пайвандони ҳалокшудагон расонед. Мо, ҳамчунин ҳарчи зудтар шифо ёфтани ҳамаи осебдидагонро таманно дорем".

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520