Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа

26.12.2013 10:56, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Дабири кулли Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжаро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкорӣ дар доираи ин созмон баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба дурнамои авзои минтақаи Осиёи Марказӣ пас аз хуруҷи нерӯҳои байналмилалии посдори сулҳ аз Афғонистон, ки дар соли 2014 ҷараён мегирад, зоҳир гардид. Дар робита ба ин мавзӯъ тезондани кумаки моддию техникии кишварҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба нерӯҳои марзбон ва сохторҳои дигари дахлдори Тоҷикистон зарур шумурда шуд.

Гуфтугӯйи судманд, ҳамчунин доир ба рӯзномаи ҳамоишҳои ояндаи сарони давлатҳои ин созмон ва масоили минтақавию байналмилалии мавриди таваҷҷуҳ сурат гирифт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520