Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Кантслери Федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия Ангела Меркел барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
“Хонуми Олиҷоҳ,
Бо камоли мамнуният Шуморо ба муносибати бори дигар ба мақоми Кантслери федералии Ҷумҳурии Федеративии Германия тасдиқ гардиданатон самимона табрик ва таҳният мегӯям.
Мутмаинам, ки дар марҳилаи нави фаъолияти Ҳукумати Германия таҳти сарварии Шумо, муносибатҳои дуҷонибаи судманди ду кишвари дӯст рушду тавсеа меёбанд ва таҳкими ин равобит дар арсаҳои гуногун минбаъд низ дар маркази саъю кӯшиши муштараки мо қарор хоҳад гирифт.
Бо истифода аз ин фурсат Шуморо, Хонуми Олиҷоҳ, бо фаро расидани Соли Нави 2014 табрик намуда, ба Шумо, дар фаъолияти пурмасъулиятатон комёбиҳои навин, сиҳҳатии комил ва хушрӯзӣ ва ба мардуми дӯсти Германия – пешрафту шукуфоӣ орзу менамоям”.