Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чин

22.08.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳайати ҳукуматӣ-ҳизбии Ҷумҳурии Мардумии Чинро, ки бо сарварии намояндаи воломақоми мақомоти марказии ин кишвар Чжоу Юнкан ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Чин, нахуст дар мулоқоти хосаи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Узви Кумитаи доимии Бюрои сиёсии Кумитаи Марказии ҳизби коммунистии Чин, Котиби Кумита оид ба масоили сиёсӣ ва ҳуқуқӣ Чжоу Юнкан ва сипас дар мулоқоти васеъ бо иштироки ҳайатҳои расмии ду кишвар баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи асосӣ ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисод ва савдо, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, роҳсозӣ, саноат, кишоварзӣ ва амнияту мудофиа зоҳир гардид.

Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки Ҷумҳурии Мардумии Чин яке аз кишварҳои пешсаф дар умури сармоягузорӣ ба иқтисодиёти Тоҷикистон буда, дар ҳамкорӣ бо ширкатҳои бузурги он беш аз 50 лоиҳаи калонҳаҷми дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва минтақавӣ амалӣ мегарданд.

Ҳарду ҷониб омодагии устувори худро ба густариши минбаъдаи ҳамкории дуҷониба, аз ҷумла бо ҷалби имконоти васеи минтақаи фарохи Ноҳияи Синсзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин таъкид намуданд.

Тибқи тавофуқоти ҳосилшуда, минбаъд ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ беш аз пештара рушд хоҳад ёфт.

Ба рушди ҳамкорӣ дар соҳаҳои амнияту мудофиа, аз ҷумла барои расондани кўмакҳои техникӣ ва омода кардани кадрҳои ин соҳаҳо ҳавасмандии зиёд зоҳир карда шуд.

Баъди анҷоми музокироти дуҷониба дар ҳузури Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон се санади нави ҳамкорӣ ба имзо расид:

Созишномаи ҳамкорӣ миёни ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон ва ҳизби коммунистии Ҷумҳурии Мардумии Чин;

Созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ;

Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ.

Тибқи созишномаи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ – техникӣ ба Тоҷикистон дар ҳаҷми 120 миллион юан (пули миллии Чин) кўмаки бебозгашти техникӣ расонда мешавад.

Хотиррасон бояд намуд, ки ба ҳайати сершумори Ҷумҳурии Мардумии Чин намояндагони воломақоми Кумитаи Марказии ҳизби коммунистӣ ва Шўрои давлатии Чин, Вазири амнияти давлатӣ, Вазири кишоварзӣ, Муовини вазири корҳои хориҷӣ, Муовини вазири амнияти ҷамъиятӣ, Муовини вазири савдо, Котиби Кумитаи ҳизбии Ноҳияи Мухтори Синсзян-Уйғур ва дигар шахсиятҳои баландпояи давлатӣ шомиланд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520