Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоот бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардиданд

19.08.2011 10:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон наздики 200 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, адабиёт ва иттилоотро ба истиқболи солгарди 20 – уми истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мукофотҳои давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ сарфароз гардонд.

Дар маросими имрўзаи мукофотсупорӣ хизмати арзандаи наздики 200 нафар шоирону нависандагон, ҳунармандони театр, мусиқӣ, рассомӣ ва дигар ҳунарҳои зебо, кормандони радио, телевизион, синамо ва воситаҳои дигари ахбори умум бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ қадрдонӣ карда шуд.

Тавре ки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон зикр намуд, ҳар яки дар ин маросим иштирокдошта дар таҳкими пояҳои фарҳангии давлату давлатдории навини тоҷикон, муаррифии фарҳанг, санъат, адабиёт ва дигар арзишҳои муқаддаси давлату миллат дар арсаи минтақа ва ҷаҳон хизматҳои арзандаи қадрдонӣ кардаанд.

Ин аст, ки ду нафар бо ордени Шараф дараҷаи 1, 3 кас бо ордени Шараф дараҷаи 2, 55 нафар бо медали Хизмати шоиста ва 50 кас бо медали 20 – солагии истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Бо унвони фахрии Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон 9 нафар ҳунармандони маъруфи кишвар сазовор дониста шуданд.

Cе нафар ба гирифтани унвони фахрии ҳофизи халқии Тоҷикистон мушарраф гардиданд.

Як нафар бо унвони фахрии Рассоми халқии Тоҷикистон сарфароз гардид.

Як нафар бо гирифтани унвони фахрии Арбоби ҳунари Тоҷикитон мушарраф шуд.

Ба унвони фахрии Ҳунарпешаи шоистаи Тоҷикистон 9 нафар сазовор дониста шуд.

Ба 10 нафар кормандони соҳаҳои фарҳанг, телевизион, синамо, иттилоот ва китобдорӣ унвони фахрии Корманди шоистаи Тоҷикистон дода шуд.

Беш аз 30 нафари дигар бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардиданд.

Дар охир Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ҳамаи онҳоро бо арафаи солгарди 20 – уми истиқлоли давлатии Тоҷикистон ва сарфароз шуданашон бо мукофотҳои олии давлатӣ ва унвонҳои фахрӣ табрику таҳният гуфта, барояшон илҳому барор ва бороварӣ дар корҳои эҷодӣ таманно намуд. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон, ҳамчунин таъкид дошт, ки ҷашну идҳои пурифтихори миллию давлатии пешомад ва умуман рушди фарҳанги миллӣ, тарбияи кадрҳои ҷавони соҳаҳои мазкур ва ба таври шоиста муарррифӣ намудани арзишҳои волои таъриху фарҳанг ва адабиёти пурғановати тоҷик ба оламиён аз ҳар як фарди худогоҳу худшиноси эҷодкор заҳмати шаборўзӣ ва фидокориҳоро талаб мекунад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520