Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қабули эътимоднома аз сафирони нав

19.08.2011 11:00, шаҳри Душанбе

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус ва сафирони нави Ҷумҳурии Қазоқистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон дар Тоҷикистон эътимоднома қабул намуд.

Ба Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон нахустин Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Беларус Олга Гаврук, Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Қазоқистон Агибай Смагулов ва Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Покистон Амҷад Ҳусайн Баракатулло Сиал эътимоднома супурда, изҳор доштанд, ки барои рушди минбаъдаи муносиботи кишварҳои худ бо Тоҷикистон ҷаҳду талош хоҳанд кард.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон онҳоро бо таъин шуданашон ба роҳбарии намояндагии дипломатии кишварҳои худ дар Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, барояшон дар рушди муносиботи дўстона ва ҳамкории мутақобилан судманд бо Тоҷикистон барору комёбӣ таманно намуд.

Муносиботи Тоҷикистон бо ҳарсеи ин кишварҳо, бо назардошти имкону захираҳои фаровони ҳамкорӣ ва заминаи васеи қарордодӣ - ҳуқуқӣ, дорои дурнамои хубу пурманфиат барои ҳамаи ҷонибҳо арзёбӣ гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520