Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Таъиноти кадрӣ дар соҳаи илм ва маориф

06.12.2013 12:45, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар ҳайати роҳбарии сохторҳои соҳаҳои маориф, илм ва энергетика як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.

Мамадшо Илолов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон озод карда шуд.

Фарҳод Раҳимов аз вазифаи Муовини якуми Вазири маориф озод карда шуда, Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳукматулло Аҳмадов аз вазифаи Президенти Акдемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон бо сабаби ба нафақа баромадан озод карда шуд.

Иззатулло Сатторӣ аз вазифаи Ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон озод шуда, Президенти Акдемияи илмҳои кишоварзии Тоҷикистон таъин гардид.

Раҳматулло Мирбобоев аз вазифаи Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон озод гардида, Муовини якуми вазири маориф ва илм таъин карда шуд.

Додихудо Саймиддинов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Гавҳар Шарофзода аз вазифаи Ректори Донишкадаи такмили ихтисоси хизматчиёни давлатӣ озод гардида, Раиси Кумитаи забон ва истилоҳоти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Талбак Салимов аз вазифаи Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуд.

Хайрулло Ибодзода аз вазифаи Мудири шуъбаи экология ва ҳолатҳои фавқулоддаи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Раҷабалӣ Дамонов аз вазифаи Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи Вазорати меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуд.

Руҳулло Ҳакимов аз вазифаи Муовини вазири молия озод карда шуда, Директори Агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Ҳамдам Тағоймуродов аз вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шаҳло Неъматова аз вазифаи Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сабаби ба корҳои дигар гузаштан озод карда шуданд.

Ба вазифаи Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдусамад Раҷабов таъин карда шуд.

Дилором Мирсаидова аз вазифаи Мудири шуъба оид ба масъалаҳои ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Сардори Саридораи бойгонии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин гардид.

Амонулло Салимов, ки то ин вақт Муовини ректори Донишгоҳи кишоварзии Тоҷикистон доир ба таълим буд, Ректори ҳамин донишгоҳ таъин карда шуд.

Анвар Абдурасулов бо сабаби ба нафақа баромадан аз вазифаи Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ озод карда шуд.

Ҳайдар Одинаев аз вазифаи Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар Тоҷикистон озод карда шуда, Ректори Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик Муҳаммад Осимӣ таъин гардид.

Раҷабмад Амиров бо сабаби ба кори дигар гузаштан аз вазифаи Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон озод карда шуд.

Фароғат Азизӣ аз вазифаи Муовини вазири фарҳанг озод гардида, Ректори Консерваторияи миллии Тоҷикистон таъин карда шуд.

Абдулҳамид Нозимов аз вазифаи мудири шуъбаи илм ва маорифи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон озод карда шуда, Директори иҷроияи Филиали Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В. Ломоносов дар Тоҷикистон таъин гардид.

Ашурбой Солиев Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон таъин карда шуд.

Рустам Азизов аз вазифаи Ректори Донишкадаи кӯҳию металлургии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод шуда, ба ҷойи ӯ ба ин вазифа Мухтор Фозилов таъин карда шуд.

Рустам Ҷалилов аз вазифаи Ректори Донишкадаи энергетикии Тоҷикистон бо сабаби ба кори дигар гузаштан озод карда шуд. Ба ин вазифа Хайрулло Назаров таъин гардид.

Назар Назаров Директори иҷроияи Муассисаи давлатии “Маркази идораи лоиҳаҳои бахши электроэнергетика” таъин карда шуд.

Ҳамчунин роҳбарони мактабҳои президентӣ барои хонандагони болаёқат дар ноҳияҳои Данғара ва Бохтари вилояти Хатлон иваз карда шуданд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон зимни суҳбат кадрҳои ба вазифаҳои нави пурмасъулият таъиншударо, ба ин муносибат табрику гуфта, дар назди ҳар яки онҳо доир ба ҷоннок намудани корҳо вазифаҳои мушаххас гузошт. Дастуру супоришҳо, аз ҷумла доир ба гузарондани ислоҳоти кулли дар Академияи илмҳои Тоҷикистон ва Академияи илмҳои кишоварзӣ, ҳамқадам бо замони муосир рушду такомул додани илму техника, баланд бардоштани сифати таълиму тарбия дар муассисаҳои олии таҳсилотӣ ва афзун намудани самарабахшии корҳо дода шуд.

Мавриди зикри хос аст, ки аксари нафарони имрӯз ба вазифаҳои пурмасъулият таъингардида кадрҳои ҷавону ояндадор мебошанд. Аз ҷумла Фарҳод Раҳимов, ки Президенти Академияи илмҳои Тоҷикистон таъин гардид, ҳамагӣ 45 сол дорад. Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон таъкид намуд, ки барои омодасозии олимони ҷавон аз тамоми имкону захираҳо васеъ истифода бурда шавад, зеро синни миёнаи олимони ҳозираи Академияи илмҳои Тоҷикистон қариб 70 солро ташкил медиҳад.

Шаш нафари дигари имрӯз ба вазифаҳои баланди пурмасъулият таъингардида кадрҳои ҷавони то чилсола мебошанд. Дастгирии кадрҳои ҷавон, аз ҷумла дар доираи татбиқи амалии Стратегияи сиёсати давлатии ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2020 ва дигар санадҳои расмии ин соҳа сурат мегирад.

Аз миёни кадрҳои таъингардида се нафар бонувонанд, ки ин нишона аз идомаи босуботи сиёсати давлатӣ доир ба баланд бардоштани мақому манзалати занону духтарон дар ҷомеа мебошад.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520