Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи тасаллият ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума

06.12.2013 10:14

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Ҷейкоб Зума барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Бо андӯҳи гарон хабари даргузашти собиқ Президенти Ҷумҳурии Африқои Ҷанубӣ Нелсон Манделаро дарёфт намудам.

Номи ин абармарди замон даҳсолаҳо парчами озодихоҳони тамоми дунё буд. Рӯҳи шикастнопазири ӯ, ки онро на зиндонҳои апартеид ва на фишори ғайриинсонии равонӣ дарҳам зада натавонистанд, ҳамеша намунаи волотарин ва қавитарини иродаи Инсони мубориз, Инсони пок ва озодихоҳ боқӣ хоҳанд монд. Барандаи мукофоти сулҳи Нобел барои ватанаш зист, вале кору пайкори ӯро башарият дурахшандатарин рамзи зиндагонии озоди Бани Одам донист.

Ҷои ин бузургмард дар дилу дидаҳои мо ҳамеша холӣ хоҳад буд.

Ҷаноби Олӣ,

Маротиби тасаллият ва таъзияи самимиву амиқи инҷонибро қабул фармоед.

Ба халқи Африқои Ҷанубӣ ва ҳамаи мардуми сайёра Парвардигор сабру таҳаммул ато фармояд. Ҳамдардии мардуми Тоҷикистон ва ҳар яки моро ба наздикону пайвандон, дӯстон ва ҳамаи дӯстдорони марҳум бирасонед”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520