Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ

04.12.2013 17:55

Президенти Ҷумҳурии Финладия Саули Нийнистё ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мехостам ба Шумо, ҷаноби Президент табрикоти самимии худро бо беҳтарин таманниёти комёбӣ дар ин мансаби олӣ иброз намоям.

Ҷаноби Олӣ, эҳтироми волои маро қабул фармоед”.

Дар барқияи табрикотии Директори Департаменти Хазинаи байналмилалии асъор оид ба кишварҳои Шарқи наздик ва Осиёи Марказӣ Масъуд Аҳмад омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Лутфан, табрикоти маро ба муносибати ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед. Дар марҳилаи нави фаъолият дар ин мансаб ба Шумо муваффақиятҳои бузург таманно дорам.

Дар суханронии худ аснои маросими савгандёдкунӣ Шумо иброз намудед, ки дар марҳилаи навбатии роҳбарии кишвар бо пиёда намудани ислоҳоти пешгирифта дар соҳаҳои мухталиф дар даҳсолаи оянда пояҳои иқтисоди мамлакатро мустаҳкамтар хоҳед кард. Бо истифода аз фурсат мехоҳам ба Шумо итминон бидиҳам, ки ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор аз ҳамкорӣ бо Ҳукумати нави Тоҷикистон дар самти ташкил ва иҷрои ислоҳоти пешгирифтаатон хушнуд мебошад.

Мо омода ҳастем, ки бо Ҳукумати Тоҷикистон дар самтҳои тақвият, таъмин ва шаффофияти бахши молиявӣ, идораи молияи давлатӣ, муайян кардани иқдомоти лозима барои ҳифзи арзиши дороиҳои бонкҳо, аз ҷумла бонки «Агроинвестбонк», ҳамоҳангии наздиктар бо буҷаи корхонаҳои давлатӣ, мисли Талко Менеҷмент робитаҳои густрадаро ба роҳ монем. Зеро ислоҳоти ҷиддӣ дар ин бахшҳо барои боз ҳам дастгирӣ ёфтани ислоҳоти Тоҷикистон аз ҷониби Хазинаи байналмилалии асъор заминаи мусоид фароҳам меорад.

Лутфан, бори дигар табрикоти самимии маро ба муносибати муҷаддадан интихоб гардидан ба мақоми президентӣ қабул фармоед. Аз дидори дубора бо Шумо дар ояндаи наздик хушҳол хоҳам буд”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520