Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Машварати корӣ

15.08.2011 09:00, шаҳри Душанбе

Имрўз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон машварати корӣ доир намуд.

Дар машварат Сарвазири малакат Оқил Оқилов, муовинони сарвазир, аъзои ҳукумат, Роҳбари Дастгоҳи иҷроия ва мушовирони давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев, раисони ноҳияҳои пойтахт ва дигар шахсони масъул иштирок доштанд.

Дар машварат масоили вобаста ба таъмини фаровонӣ дар бозори истеъмолӣ, вусъати корҳои созандагию ободонӣ, омодагӣ ба таҷлили солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ва дастгирии табақаҳои ниёзманди аҳолӣ дар арафа ва рўзҳои Иди саиди Фитр ва ҷашни истиқлол баррасӣ шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдор доир ба таъмини фаровонию арзонӣ ва тартибу низоми зарурӣ дар бозори истеъмолии кишвар супоришҳои мушаххас дод.

Дастуру ҳидоятҳо ҳамчунин доир ба омодагӣ ва таҷлили сазовори 20 – умин солгарди Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дода шуд. Таъкид гардид, ки «ҳамаи иду ҷашнҳо дар Тоҷикистон, чун анаъана, ҳамқадам бо корҳои бунёдкорию созандагӣ ва ободонӣ мебошанд ва ин анъанаи накў бояд ба кори ҳамарўзаи мо табдил ёбад, то ки як кишвари ободу шукуфон ва аз ҳар ҷиҳат рушдёфта дошта бошем».

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон роҳбарони тамоми сохторҳои давлатию ҷамъиятӣ ва ҳамаи шахсони сарватманду саховатпешаро ба дастгирии ятимону бепарасторон, маъюбону барҷомондагон, мискинону мусофирон, оилаҳои камбизоат ва ҳамаи ниёзмандон даъват намуда, таъкид дошт, ки «онҳо низ мисли ҳама бояд имкони бо шодию нишот истиқбол гирифтани иди саиди Фитр ва ҷашни солгарди 20 – уми Истиқлолияти давлатии Тоҷикистони азизро дошта бошанд».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520