Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қурбонбой Каримов муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

27.11.2013 16:13

Ҳамзамон мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» Каримов Қурбонбой Ҳакимбоевич дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

 

Каримов Қурбонбой Ҳакимбоевич
муовини якуми раиси вилояти Хатлон


Каримов Қурбонбой Ҳакимбоевич 01 апрели соли 1966 дар ноҳияи Б.Ғафурови вилояти Суғд таваллуд шудааст. Маълумоташ олӣ буда, соли 1988 Донишкадаи хоҷагии қишлоқи Тоҷикистонро бо ихтисоси агроном-олим хатм кардааст. Номзади илмҳои кишоварзӣ мебошад.

Фаъолияти меҳнатиашро соли 1988 ба ҳайси агрономи хоҷагии ба номи С. Урунхоҷаеви ноҳияи Бобоҷон Ғафуров оғоз намуда, минбаъд дар мансабҳои Раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Сельхозхимия»-и ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, муовини раиси Иттиҳодияи истеҳсолии «Облсельхозхимия», мутахассиси шӯъбаи Комплекси агросанотии ҳукумати вилояти Суғд, раиси Кумитаи заминсозии вилояти Суғд, сардори Идораи кишоварзии вилояти Суғд, муовини раиси ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва муовини раиси вилояти Суғд кор кардааст.

Солҳои 2008-2010 дар мансаби раиси ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд фаъолият намудааст.

Аз сентябри соли 2010 раиси ноҳияи Фархори вилояти Хатлон мебошад.

Бо медали ҷашнии «20-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» сарфароз гардидааст.
Оиладор, соҳиби 4 фарзанд мебошад.

Мутобиқи моддаи 20 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ» дар асоси розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба мансаби муовини якуми раиси вилояти Хатлон таъин гардид.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520