Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Муаррифии Сарвазир ва аъзои нави Ҳукумати кишвар

25.11.2013 14:11

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазир ва аъзои нави Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба кормандони Ҳукумат ва Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муаррифӣ намуд.

Дар оғози ҷамъомад Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Оқил Оқилов барои хизматҳои бисёрсолаи арзандаи таҳсин дар вазифаҳои гуногун, хусусан дар мақоми Сарвазири кишвар, арзи сипосу қадрдонӣ намуд.

Суханҳои неку қадрдонӣ, ҳамчунин нисбати Муовини якуми собиқи Сарвазир Матлубхон Давлатов ва Муовини собиқи Сарвазир Руқия Қурбонова баён карда шуд.

Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири ба тозагӣ таъиншудаи ҷумҳурӣ Қоҳир Расулзода, Муовини якуми нави Сарвазир Давлаталӣ Саидов, Муовини нави Сарвазир Марҳабо Ҷабборова, Муовини нави Сарвазир Азим Иброҳим, Муовини Сарвазир Муродалӣ Алимардон, Вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Сумангул Тағоева, Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонов, Вазири саноат ва технологияҳои нав Шавкат Бобоев ва Раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Мағфират Хидироваро ба аҳли толор муаррифӣ карда, изҳори боварӣ намуд, ки онҳо бо азму иродаи қавӣ, завқи баланд ва заҳмати софдилонаю содиқона тамоми донишу малака ва нерӯву тавонмандии худро ба таъмини рушду тараққиёти бемайлони Тоҷикистони азиз равона месозанд.

Иттилоъ дода шуд, ки нахустин маҷлиси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ҳайати нави он рӯзи 30-юми ноябри соли равон баргузор хоҳад шуд.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон дар охири ҷамъомад бо истифода аз фурсати муносиб дар назди ҳозирин доир ба анҷоми босифати омодагӣ ба зимистон, аз ҷумла ба кор даровардани маркази нави барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе ва иншооти мавҷудаи барқу гармидиҳӣ, ба поён расондани кишти тирамоҳӣ ва иҷрои нақшаю барномаҳои дигари давлатӣ вазифаҳои мушаххас гузошт.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520