Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ

22.11.2013 18:12

Раиси Шӯрои Аврупо Ҳерман Ван Ромпей ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ фиристод, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

“Ҷаноби Президент,

Ман мехоҳам табрикоти хешро дар робита ба дубора интихоб гардидани Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намоям ва беҳтарин муваффақиятҳоро дар давраи роҳбарӣ бароятон таманно намоям.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам бори дигар Шуморо бовар кунонам, ки Иттиҳоди Аврупо, ҳамчун дӯст ва шарик, минбаъд низ Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми онро дастгирӣ менамояд.

Бовар дорам, ки дар давраи нави роҳбарии Шумо муколама ва ҳамкориҳои дуҷонибаамон идома меёбанд ва кишвари Шумо дар самти рушди демократӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ дастгирӣ ёфта, инчунин барои мардуми Шумо имконоти беҳтар фароҳам мегардад”.

Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Федеративии Олмон Йоахим Гаук омадааст:

“Ҷаноби Президент,

Шуморо ба муносибати дубора интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик менамоям.

Ногузир аст, ки муносибатҳои бисёрсолаи дӯстона миёни кишварҳои мо минбаъд низ рушд ёфта, пеш бурда шаванд. Мехоҳам Шуморо ҳавасманд намоям, то Шумо дар кишваратон ба ислоҳот бо қатъият даст занед, аз ҷумла мутаносибан дар масъалаи рушди давлати ҳуқуқӣ ва демократӣ. Тоҷикистон минбаъд низ метавонад ба дастгирии доимии мо дар роҳи эъмори кишвари замонавӣ ва хоҷагии бозорӣ умедвор бошад.

Ба Шумо нерӯ ва комёбиҳои беназирро дар ҳалли масоили дар наздатон гузошташуда таманно дорам”.

Дар барқияи табрикотии Котиби давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико Ҷон Керри омадааст:

“Муҳтарам ҷаноби Президент,

Бинобар муҷаддадан ба мақоми олии Президент интихоб гардиданатон Шумо - Ҷаноби Олӣ ва мардуми Тоҷикистонро табрик менамоям. Чун Шумо ба давраи нави раёсати худ ворид мешавед, яқин дошта бошед, ки Иёлоти Муттаҳида ба тасмимоти худ ҷиҳати мусоидат ба Тоҷикистон дар ҷодаи рушди демокративу иқтисодӣ ва таҳкими суботи сартосарӣ ва амният дар минтақа вафодор хоҳад монд.

Дар тӯли зиёда аз 20 соли робитаҳои дипломатӣ, Тоҷикистон дар татбиқи ислоҳоти муассири иқтисодӣ ва роҳандозии талошҳо дар ҷодаи мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон ба комёбиҳои назаррас ноил гардидааст. Мехостам аз Шумо даъват ба амал орам, то ки дар давраи чаҳорумини президентии Шумо, баҳри эҷоди фазои мусоид барои ҷомеаи шаҳрвандии соҳибиқтидор, воситаҳои ахбори умуми мустақил ва фаъолияти мусолиматомези динӣ иқдомоти муассир андешида шаванд.

Иёлоти Муттаҳидаи Амрико робитаҳои дӯстонаи байни ду кишварро арзишманд дониста, хоҳони тавсеа ва таҳкими минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба бо Тоҷикистон мебошад ва ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои самарабахш бо Ҳукумати кишвар дар роҳи ривоҷи давлати мутараққӣ, осоишта ва демократӣ изҳор менамояд”.

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Австрия Ҳайнтс Фишер омадааст:

“Ҷаноби олӣ,

Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шудан ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сидқан муборакбод намуда, таманниёти самии хешро бо дарёфти муваффақиятҳо дар мақоми пурмасъули касбии Шумо ва ҳаёти шахсиятон бипазиред.

Бо хушнудӣ таъкид менамоям, ки робитаҳои дӯстонаи миёни кишварҳоямон ҳамеша дар ҳоли густаришанд ва моро мебояд барои боз ҳам васеъ ва қавӣ намудани ҳамкориҳои мутақобилан судманд талош варзем. Итминон дорам, ки боздиди ман аз кишвари Шумо дар ин ҷода саҳми арзандаеро хоҳад гузошт.

Аминам, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳи интихобкардаи худ дар самти ҳокимияти қонунӣ, демократӣ ва авлавиятҳои иқтисодӣ минбаъд низ устувор қадам мезанад”.

Дар барқияи табрикотии Муовини дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи Комиссияи Аврупоии Иқтисодии Созмони Милали Муттаҳид Свен Алкалай омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Мехоҳам таманниёти самимии худро ба муносибати бори дигар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон арз намоям. Ба Шумо барои амалисозии масъулиятҳои муҳими хеш нерӯи бардавом ва муваффақият хоҳонам.

Тоҷикистон узви муҳими Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо буда, дар минтақа нақши ниҳоят фаъол мебозад. Ман умедворам, ки дар замони роҳбарии Шумо ҳамкориҳо миёни Комиссияи иқтисодии СММ ва Тоҷикистон боз ҳам бештар рушд хоҳанд кард. Муколамаи шахсии мо, ки ду сол қабл оғоз шуда, имсол ҳангоми сафарам ба Тоҷикистон дар моҳи июн такрор гардид, боз ҳам тавсеа ёфта, ҳамкориҳои мустаҳкам ва сермаҳсули моро рушду нумӯи тоза мебахшад.

Бори дигар таҳнияти самимӣ ва эҳтироми зиёди худро изҳор менамоям”.

Дар барқияи табрикотии ноиби Котиби генералии СММ, Директори Иҷроияи Раёсат оид ба маводи мухаддир ва ҷинояткории СММ Юрий Федотов омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Иҷозат диҳед Шуморо самимона ба муносибатии аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрик гӯям.

Пирӯзии Шумо дар интихобот гувоҳи бе чуну чарои садоқати мардуми тоҷик нисбат ба Шумо ва хизматҳои шоистаи Шумост.

Аминам, ки рушди ҳамкориҳои муассиру судманд ва созанда миёни ниҳоди мо ва Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бахшҳои мубориза бо қочоқи маводи мухаддир, терроризми байналмилалӣ, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили трансмилливу фасод минбаъд низ идома хоҳад ёфт.

Иҷозат диҳед, бори дигар аз ҷониби худ ба Шумо дар фаъолияти душвор ва ба нафъи Ватан мувваффақиятҳо орзу намоям”.

Дар барқияи табрикотии Раиси Бунёди байналмилалии васатия дар ислом дар Кувайт доктор Одил Абдуллоҳ ал-Фалоҳ омадааст:

“Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Боиси ифтихор аст, ки Шуморо ба муносибати аз нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудан самимона табрику муборакбод гуфта, ба Шумо дар ин мақоми олӣ муваффақият орзу кунам.

Ташаббусҳои наҷиб ва хизматҳои шоёни Шумо баҳри боло рафтани обрӯю эътибори дини мубини ислом дар арсаи ҷаҳон ҳамеша мавриди сано ва қадрдонӣ буданд ва уммати мусулмон аз Шумо минбаъд низ идомаи ин фаъолияти наҷибро умедвор хоҳад буд”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520