Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарияти давлатҳо, созмонҳо ва муассисаҳои хориҷӣ

19.11.2013 14:56

Шоҳи Испаниё Хуан Карлос ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол дошт, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Президент!

Ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба мансаби олитарини давлатии кишваратон мехоҳам аз номи худ ва аз номи Ҳукумат ва халқи Испаниё таҳнияти самимонаамро ба Шумо ирсол дорам.

Мутмаинам, ки дар давраи кафолататон кишварҳои мо риштаҳоеро, ки онҳоро муттаҳид месозанд, таҳким бахшида, муносибатҳои дуҷонибаро беҳ месозанд, ки ин, бидуни шубҳа, боиси сулҳи дилхоҳ ва беҳбудию шукуфоии халқи дӯсти Тоҷикистон мегардад.

Шуморо, ҷаноби Президент, бори дигар табрик гуфта, бароятон муваффақиятҳо орзу менамоям ва аз фурсат истифода намуда, иззату эҳтироми бепоёни шахсиамро ба шумо иброз медорам”.

Дар барқияи шодбошии Президенти Шӯрои Давлатӣ ва Шӯрои Вазирони Куба Раул Кастро Рус омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардиданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона таҳният гуфта, ҳавасмандии худро ҷиҳати рушди минбаъдаи муносибатҳои дӯстонаи миёни кишварҳоямон баён медорам.

Бо истифода аз фурсат эҳтироми амиқи маро қабул фармоед”.

Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Ҳомид Карзай омадааст:

“Бародари гиромӣ ва хеле азиз.

Масаррат дорам ба намояндагӣ аз мардуми Афғонистон самимонатарин маротиби табрикоти худро ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба ҳайси Раиси ҷумхури кишвари дӯст ва бародари Тоҷикистон иброз медорам. Интихоби муҷаддади Шумо баёнгари ҳимоят аз дастовардҳо ва эътимод бар барномаҳои Ҷалолатмаоби Шумо барои шукуфоии бештари Ҷумхурии Тоҷикистон мебошад.

Бародари азиз, оқои Раис ҷумхур,

Хурсандам равобити дӯстона миёни мардумони Афғонистон ва Тоҷикистон дар солҳои охир дар тамоми арсаҳо густариш ёфтааст. Интихоби муҷаддади Шумо дар ин симати олӣ бидуни шак дар густариши ҳарчи бештари равобит байни ду миллати бародари Афғонистон ва Тоҷикистон нақши бузурге ифо менамояд.

Иҷоза бидиҳед як бори дигар аз Ҷалолатмаоби Шумо даъват ба амал биоварам, то дар як фурсати муносиб аз кишвари ҳамсоя ва бародаратон Афғонистон дидор намоед.

Як бори дигар ин муваффақияти бузургро барои Ҷалолатмаоби Шумо муборакбод гуфта, сиҳат ва пирузии Ҷалолатмаоби Шумо ва саодат ва тараққии ҳарчи бештари мардуми дӯст ва бародари Тоҷикистонро таҳти раҳбарии мудаббиронаи Шумо орзӯ менамоям”.

Дар барқияи табрикотии Сарвазири Шоҳигарии Нидерланд Марк Рутте омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Иҷозат фармоед Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод намоям.

Итминон дорам, ки таҳти раҳбарии Шумо рушди муносибатҳои дуҷониба байни кишварҳоямон ба хотири нафъу саодати мардумонамон идома меёбад.

Ба Шумо дар иҷрои ҳадафу вазифаҳои муҳими дарпешистода комёбиҳо таманно дорам”.

Дар барқияи шодбошии Сарвазири Ҷопон Синдзо Абе омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати интихоби муҷаддади Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрикоти самимонаи маро қабул фармоед.

Эҳтиромоти худро ба Шумо барои он иброз медорам, ки бо роҳбарии қавии Шумо Ҷумҳурии Тоҷикистон аз давраи ба даст овардани истиқлолият душвориҳои мухталифро бартараф намуд ва бо роҳи рушду тараққиёт пеш меравад.

Ҷопон аз давраи ба даст овардани истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар раванди эъмори ҷомеаи демократӣ ва иқтисоди бозаргонӣ дар кишвар ҳамкории доимиро рӯи кор меорад.

Ман барои густариши мушорикати байни Ҷопон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби худ ҳамаи саъю кӯшишҳоро ба харҷ хоҳам дод. Дар баробари ин, дар ҳошияи ҳамкорӣ бо Шумо, Ҷаноби Президент мехостам, ки ба суботу шукуфоии умуман минтақаи Осиёи Марказӣ, аз ҷумла тавассути муколамаи «Осиёи Марказӣ + Ҷопон» мусоидат намоям.

Ба Шумо ҷаноби Президент, тансиҳатию муваффақиятҳо ва ба халқи Ҷумҳурии Тоҷикистон саодатмандиро таманно дорам”.

Ректори Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов Виктор Садовничий дар номаи табрикотиаш гуфтааст:

“Эмомалӣ Шарифовичи басо мӯҳтарам!

Шуморо бо пирӯзии комил дар интихоботи президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсан аз номи худам ва аз ҷониби ҳайати бисёрҳазорнафараи Донишгоҳи давлатии Маскав ба номи М.В.Ломоносов табрик мегӯям.

Интихоби муҷаддади Шумо ба муҳлати нави президентӣ ва пирӯзии комилатон дар ин интихобот аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик дар шахсияти Шумо сарвареро мебинад, ки ӯро ба сӯи шукуфоӣ ва беҳдошти шароити зиндагӣ дар кишвар пеш мебарад.

Ба ман, бисёр гуворост ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович бо суханони табрикотӣ муроҷиат намуда, чун узви комилҳуқуқи аҳли донишгоҳамон-Профессори фахрии Донишгоҳи Маскав муроҷиат намоям. Дарҳои мо барои Шумо ҳамеша бозанд ва дидору суханронии Шумо дар маскани мо ҳамеша иду шодмонии бепоён мегарданд. Ба Шумо итминон медиҳам, ки Донишгоҳи Маскав ҳамеша омодааст ҷиҳати расидан ба рушду такомули таҳсилоту илм ҳиссаи арзандаи худро гузорад ва умедворам, ки ҳамкории фаъолу судманди мо ҳамеша боиси ғанӣ гардонидани анъаноти чандинасраи равобити дӯстонаи халқҳои Русия ва Тоҷикистон мегардад.

Таъсиси намояндагии Донишгоҳи Маскав дар шаҳри Душанбе, ки бо дастури Шумо ифтитоҳ гардида ва бо дастгирию ғамхории хастанашавандаи Шумо ба гавҳари илму таҳсилоти донишгоҳӣ дар Тоҷикистон ва донишкадаи олиҷаноби пешқадам гардида, нахустин хатмкунандагони он имсол ба сафҳои нухбагони интеллектуалии Тоҷикистон дар бисёр бахшҳои ҳаёти ҷомеа ва давлат пайвастанд, ибрати гуворое дар татбиқи ҳамкории судманди Русия ва Тоҷикистон дар бахши гуманитарӣ гардид.

Мехостам дар ин рӯз, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович ба Шумо тансиҳатии бардавом ва дар фаъолиятатон ба нафъи нерӯмандӣ ва шукуфоии Ҷумҳурии Тоҷикистони муваффақиятҳои нав орзу намоям”.

Аллоҳшукур Пошозода, раиси Раёсати мусулмонони Қафқоз ва ҳамраиси Шӯрои байналмилалии динии ИДМ дар номаи шодбоши хеш гуфтааст:

“Ба номи Худованди бахшандаву меҳрубон!

Муҳтарам Эмомалӣ Шарипович!

Иҷозат диҳед, ки ман аз номи мусулмонони Озарбойҷон, Қафқоз ва шахсан аз номи худам ба Шумо- яке аз сарварони маъруфи сиёсӣ табрикоти самимиро бинобар сабаби аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон расонам, ба Шумо фаъолияти пурсамар, комёбиҳои беназир ва тамоми хубиҳоро аз даргоҳи Худованди мутаол таманно намоям.

Бешубҳа, пешрафт ва баланд шудани обрӯю эътибори давлат ва ҷамъияти Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бо ном ва фаъолияти Шумо сахт тавъам аст.

Хурсандибахш аст, ки давлатҳои бо ҳам дӯсти мо баробари соҳибистиқлол гардидан, ба сӯи пешрафту тараққиёт устуворона қадам ниҳода, ба комёбиҳои назаррас ноил мегарданд. Аз сидқи дил хоҳонам, ки муносибатҳои Тоҷикистон ва Озарбойҷон, ки сарнавишти таърихии онҳо бо хости Худованд намунаҳои бисёри робитаҳои мутақобила ва кӯмакҳои тарафайн, инчунин пайвандҳои динии боз ҳам инкишоф ёфта ва мустаҳкам доранд, иншоаллоҳ, ки ин ба манфиати мардуми тоҷику озарбойҷонӣ, хушбахтӣ ва шукуфоии онҳост.

Дар ин санаи муборак ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, ки нисбат ба Шумо эҳтироми бузургро қоилам, бори дигар аз Худованд муваффақиятҳои беназир ва ба тамоми мардуми Тоҷикистони бародар некӯаҳволӣ ва шукуфоиро хоҳонам.

Ба Шумо сулҳ, илтифот ва тавфиқро аз Аллоҳ таманно дорам”!

Дар барқияи шодбошии Патриархи Москва ва тамоми Русия Кирилл омадааст:

Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Шарифовичи гиромиқадр!

Шуморо ба муносибати пирӯзии комил дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона шодбош мегӯям.

Дар муддати солҳои зиёди роҳбариатон Шумо муҳаббати самимӣ ва боварии мардуми кишварро нисбат ба сиёсати пешгирифтаатон, ки ба таҳкими ҳамоҳангии шаҳрвандӣ, суботи иҷтимоӣ, рушди иқтисоди миллӣ ва таъйиди арзишҳои ахлоқиву суннатии ҷомеа равона гардидааст, ба даст овардед.

Изҳори умед мекунам, ки ҳамкориҳои босамару созанда миёни мақомоти давлатӣ ва Епархияи душанбегии Калисои Православянии Русия минбаъд низ ба нафъи мардуми тоҷик буда, дар самти эҷоди фазои осоиштаи байнинажодиву байнимазҳабӣ ва тақвияти равобити дӯстона миёни киварҳои ИДМ саҳми созгор хоҳад гузошт.

Аз самими қалб ба Шумо сиҳатии комил, дар фаъолиятатон комёбиҳо ва ба ҳамаи мардуми Тоҷикистон сулҳ, ҳамдигарфаҳмӣ ва шукуфоӣ таманно дорам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520