Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз Императори Ҷопон, Президенти Конфедератсияи Швейтсария, Президенти Ҷумҳурии Латвия ва Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия

18.11.2013 18:32

Императори Ҷопон Акихито ба Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикотӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла гуфта мешавад:

“Ба муносибати бори дигар ба мақоми олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидани Шумо, бароям мояи сарфарозист, ки табрикоти самимӣ ва таманниёти неки худро аз замири қалб ба хотири муваффақиятҳои рӯзафзун ва хушрӯзии Ҷаноби Олӣ, инчунин рифоҳ ва пешрафти мардуми шарифи кишваратон ироа намоям”.

Дар барқияи табрикотии Президенти Конфедератсияи Швейтсария Уэли Маурер омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Шӯрои Федералии Швейтсария, шарафмандам Шуморо, Ҷаноби Олӣ ба муносибати бори дигар ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрик намоям.

Дар ин фурсат мехостам ба Шумо дар ин мақоми олӣ комёбиҳои беназир, саодатмандӣ ва баҳри пешрафту шукуфоии кишвар таманниёти неки худро иброз дорам.

Мутмаинам, ки робитаҳои неки мавҷуда байни ҳар ду кишвар дар оянда низ таҳким ва густариши тоза пайдо хоҳанд кард.

Хоҳишмандам Ҷаноби Олӣ ғояти эҳтироми маро бипазиред”.

Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Латвия Андрис Берзинш омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Табрикоти самимии маро ба муносибати дубора ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон қабул фармоед. Ба Шумо дар татбиқи минбаъдаи мақсаду вазифаҳои муҳим ҷиҳати таҳкиму густариши иқтисод ва суботи Тоҷикистон, ҳамчунин таъмини осоиши мардуми Шумо муваффақиятҳои беназир мехоҳам.

Умедворам, ки саъю кӯшишҳои якҷояи мо минбаъд ҳам ба густариши рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои мухталиф ва ҳамкориҳои мутақобилаи Латвия ва Тоҷикистон ба манзури шукуфоӣ ва муносибатҳои дӯстонаи халқҳоямон, мусоидат менамояд.

Лутфан, Ҷаноби Олӣ, эҳтиромоти амиқи маро бипазиред”.

Дар барқияи шодбошии Раиси Ҳукумати Федератсияи Русия Дмитрий Медведев омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович,

Таҳнияти самими маро ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Натиҷаҳои интихоботи навбатӣ гувоҳи аз ҷониби ҷомеа дастгирӣ ёфтани роҳи интихобнамудаи Шумо дар самти рушди иҷтимоиву иқтисодӣ ва таҳкими ниҳодҳои давлатист.

Бо қаноатмандӣ таъкид менамоям, ки ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодии Русияву Тоҷикистон зина ба зина рушд менамоянд. Лоиҳаҳои муштараке дар бахшҳои фарҳангӣ, гуманитарӣ ва дигар бахшҳо бо муваффақият татбиқ гардида истодаанд. Ин ҳама комилан ҷавобгӯи манфиатҳои мардуми Русия ва Тоҷикистон мебошад.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович сиҳатии бардавом, саодатмандӣ ва дар фаъолият дар мансбаби олии пурмасъулият дастовардҳои навин таманно дорам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520