Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федератсияи Русия Владимир Путин барқияи тасаллият ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:
«Муҳтарам Владимир Владимирович,
Хабари садамаи ҳавопаймои мусофирбарро дар фурудгоҳи байналмилалии «Қазон», ки бар асари он даҳҳо шаҳрванд ҷони худро аз даст додаанд, бо андуҳи гарон қабул кардам.
Ба Шумо изҳори тасаллият намуда, хоҳиш мекунам, ки ҳамдардии моро ба пайвандон ва наздикони ҳалокшудагон расонед».