Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз роҳбарони давлатҳо ва созмонҳои байналмилалӣ

14.11.2013 17:41

Сарвазири Люксембург Жан-Клод Юнкер ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Аз номи Ҳукумати Гертсогии Бузурги Люксембург ва шахсан худам Шуморо ба муносибати пирӯзиатон дар интихоботи президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон муборакбод менамоям.

Аз фурсати муносиб истифода бурда, ба Шумо таманниёти беҳтарини хешро ҷиҳати комёбӣ дар идомаи фаъолиятатон иброз медорам. Умедворам, ки муносибатҳои дуҷониба байни кишварҳоямон ва мардумони Тоҷикистону Люксембург боз ҳам тавсеа меёбанд.

Хоҳишмандам таҷдиди ғояти эҳтироми маро қабул фармоед”.

Дар барқияи шодбошии Президенти Ҷумҳурии Чехия Милош Земан омадааст:

“Мӯҳтарам ҷаноби Президент,

Иҷозат фармоед ба муносибати дубора Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон, самимонатарин табрикоти худро тақдим намоям.

Хушҳолам, ки муносибатҳои ҳасана ва дустона байни кишварҳои мо бомуваффақ дар ҳамаи соҳаҳо идома меёбанд. Боварӣ дорам, ки талошҳои муштараки мо дар оянда низ чунин тамоюли мусбиро нигаҳ хоханд дошт.

Мехоҳам ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии бардавом ва дар фаъолияти касбии Шумо ва ҳаёти шахсиятон комёбиҳои рӯзафзунро орзӯ намоям”.

Дар барқияи табрикотии Президенти Ҷумҳурии Исломии Покистон Мамнун Ҳуссайн омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Аз номи мардуми Покистон, Ҳукумати Покистон ва шахсан аз номи худам мехоҳам сидқан шуморо ба муносибати ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрику таҳният гӯям. Бори дигар ба ҳайси Президент интихоб шудани Шумо далели саъю кушишҳо ва боварии мардум ба роҳнамоии Шумо мебошад.

Тоҷикистон ва Покистон муносибатҳои олии дӯстона доранд ва ин муносибатҳо байни ду кишвари бародар ҳамеша самимӣ буданд. Ман боварии комил дорам, ки таҳти роҳбарии Шумо ва саъю кушишҳои дуҷониба муносибатҳои ду давлат дар ояндаи наздик боз ҳам рушд хоҳанд ёфт.

Аз фурсат истифода бурда, ба Шумо, Ҷаноби Олӣ сиҳатии комил ва ба мардуми шарифи Тоҷикистон пирӯзиву комёбиҳои ҷадид орзумандам.

Ман ин фурсатро ҷихати таҷдиди изҳори ғояти эҳтиром ба шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ ғанимат медонам”.

Дар барқияи шодбошии Президенти Муғулистон Тсахиагийн Элбегдорҷ омадааст:

«Муҳтарам ҷаноби Президент,

Шуморо ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардидан табрик мегӯям.

Итминон дорам, ки муносибатҳои дӯстона ва ҳамкорӣ миёни Муғулистону Тоҷикистон минбаъд бо назардошти манофеи халқҳоямон рушду таҳким хоҳанд ёфт.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо муҳтарам Президент сиҳатии комил, тамоми хушиҳо ва ба халқи тоҷик пешрафту шукуфоиоро таманно дорам»

Ҷеймс Аппатурай, Намояндаи махсуси Намояндаи махсуси Дабири кулли НАТО дар кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз дар номаи шодбошии худ мегӯяд:

“Муҳтарам Президент,

Иҷозат фармоед аз фурсати муносиб истифода бурда аз номи Котиби генералӣ Шуморо бинобар аз нав интихоб шуданатон ба сифати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намоям.

Интизорам, ки бо Шумо дар рушди муколама ва ҳамкорӣ байни Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ ва Тоҷикистон фаъолиятро идома диҳам. Боварӣ дорам, ки мо метавонем муносибати Тоҷикистонро бо Алянс тавассути дастгирии талошҳои ислоҳот бо Барномаи шарикии инфиродй ва ҳамкорӣ таҳким намоем.

Иҷозат фармоед дар вазифаи ишғолнамудаатон муваффақият орзу намоям ва Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ мунтазири истиқболи Шумо дар ш. Брюссел аст”.

Профессор Ҳазрат Сибғатуллоҳ Ал-Муҷаддидӣ, Раиси Комиссияи мустақили ҳалли ихтилофот ва иртиботи мардум бо давлат ва Раиси Комиссияи тадвири Луя Ҷиргаи машваратӣ дар номаи шодбошии худ мегӯяд:

“Ба номи Худо

Бародари гаронқадр Эмомалӣ Раҳмон, Раиси ҷумҳури кишвари бародари Тоҷикистон!

Ассалому Алайкум ва раҳматуллоҳу ва баракоту!

Сиҳатӣ, саодат ва сарфарозии Ҷаноби Олиро аз боргоҳи Худованди Таоло илтиҷо ва таманно менамоя.

Аз ин, ки миллати мусалмон ва қадрдони кишвари дӯсти Тоҷикистон як бори дигар эътимод ва алоқамандии худро ба раҳбарии ҳакимонаи Шумо иброз доштаанд ва дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ овозҳои бузург ва қобили ситоиши худро ба ҷаноби Шумо додаанд, ин муваффақияти бузург ва азимро дар ростои раҳбарии мудаббиронаи Шумо дар мақоми раёсати ҷумҳурии кишвари азизи Тоҷикистон аз самими қалб табрик гуфта ва дар шахси Шумо, Ҷалолатмаоб табрик ва таҳнияти худро ба миллати бародари Тоҷикистон тақдим ва иброз медорам.

Аз боргоҳи Парвардигори мутаол камоли муваффақият дар корҳоятон ва шукуфоии Шуморо дар тараққӣ ва пешрафти кишвари бародар ва дӯсти Тоҷикистон хоҳонам”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520