Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Идомаи воридшавии табрикоти мардум

14.11.2013 08:43

Тема: Письмо Президенту
От кого: <gulyamova.tv@mail.ru


Его Превосходительству Президенту РТ Уважаемому Эмомали Рахмону
от ученицы 10 класса средней школы №15 г Душанбе Мастуры Гулямовой.

Глубокоуважаемый и дорогой господин Президент!
Это снова пишу Вам я, ученица средней школы №15 города Душанбе Мастура Гулямова. Пишу эти строки и теперь уже точно знаю, что они до Вас обязательно дойдут. Потому что Вы, несмотря на неимоверно плотный рабочий график, находите время читать письма, адресованные Вам, дорогой Эмомали Шарифович жителями страны. В этом я убедилась, увидев опубликованное на Вашем сайте свое предыдущее письмо.
С  блестящей победой Вас в президентских выборах 2013 года! 7 ноября после оглашения результатов голосования, которое мы слушали в школе ( в 10 часов все старшеклассники и педагоги ждали прямое включение по телевизионным каналам  Центризбиркома), ребята и учителя поздравляли друг друга с  праздником, мы звонили родителям, друзьям,  вместе радовались победе нашего Президента, а значит  Вашего курса реформ в Таджикистане, республике, в которой традиционно уважают народные традиции, чтят восточные  добрые каноны, но девушкам и женщинам дают закрепленные Конституцией права и свободу самим определять свою судьбу, выбирать специальность и профессию, ВУЗ или училище для дальнейшей учебы. Не знаю, приняты ли в других странах законы и правительственные программы, способствующие социальному продвижению девушек и женщин, но горжусь тем, что живу в светской демократической стране, где наши права и возможности на гендерное равенство закреплены Вашими, Господин Президент, указами и принятыми Правительством Таджикистана программами. Сколько наших сверстниц из далеких горных селений сегодня учатся в престижных ВУЗах столицы по программе Президентской квоты, и сколько, уже получив высшее образование и вернувшись в свои районы, работают на благо своих односельчан.
Дорогой Президент! Наверное, каждого здравомыслящего и патриотично настроенного гражданина Таджикистана, не может не восхищать то огромное внимание, которое Вы отводите роли Женщины – матери в таджикском обществе. И если Вы уже вошли в историю страны как великий миротворец и созидатель, сумевший кропотливым трудом, колоссальными усилиями и огромной любовью к народу  из руин гражданской войны построить суверенный Таджикистан, то на современном этапе, уважаемый Президент, не перестаете нас удивлять новизной и неординарностью подходов в работе. Вы не только возводите большие и малые гидроэлектростанции, заводы и фабрики, суперсовременные школы, детские сады и  жилые дома. Именно  Вы инициируете и вводите такие программы, грандиозность которых нас, молодых людей Таджикистана, восхищает. Ведь мы в полной мере осознаем, что Закон РТ об упорядочении народных традиций и обрядов и Закон об ответственности родителей за воспитание и обучение детей направлены на изменение устаревших стереотипов мышления в нашем обществе, плавно, ненавязчиво   корректирующих  менталитет, а, значит, нацеленных на  духовно богатое становление подрастающего  поколения  Таджикистана.  Спасибо Вам,  дорогой Эмомали Шарифович за  Ваше неравнодушие, за большое сердце, наполненное любовью к каждому из нас. Нас миллионы, а Вы один. Я часто  думаю, как один человек может вмещать в себе столько новаторских идей, неутомимой энергии,  человеколюбия и гуманности. 
 Господин Президент! Наблюдая за тем, как проходила компания по выборам Президента в СМИ, я, как и мои 15-летние сверстники, сожалела, что не могу активно в ней участвовать  по причине несовершеннолетия. Но мы, старшеклассники душанбинских школ, вместе с ребятами всего Таджикистана всем сердцем  поддерживали Вас, дорогой Эмомали Шарифович, на этих выборах. О сплоченности таджикской молодежи  свидетельствуют масштабные мероприятия и шествия молодых граждан страны, прошедшие в Вашу поддержку по всей Республике. Устроители такой, красочно прошедшей с участием молодых звезд эстрады, акции в Душанбе, не отказали и нам, старшеклассникам присутствовать на ней в качестве гостей.
Дух единения, сплоченности, вера в своего Президента, умного, смелого, сильного и стойкого, гуманного и чуткого, любящего и любимого всем народом страны, придает нам, молодым людям Таджикистана уверенность и чувство опоры. Об одном мы Вас просим, Ваше превосходительство, - берегите себя. Простите, что повторяюсь, - Ваше здоровье-гарантия нашего благополучия, благополучия миллионов, готовых под Вашим руководством  к  новым достижениям на благо нашей Родины.
Еще раз, с блестящей Победой Вас, дорогой Президент!
С глубоким уважением, ученица средней школы №15 города Душанбе
Мастура Гулямова.

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Зайналов Эмомалӣ
Ҷойи кор: Горди миллӣ
Суроға: ш. Душанбе, м. Шодиёна
Рақами телефон: 907243524
E-mail: zaynoro@mail.ru

Рӯзи 6 уми ноябри соли ҷорӣ ба ҷахониён мардуми Тоҷикистон якдилии худро бори дигар муаррифӣ намуд.
Мардуми Тоҷикистонро дигар ягон қувваи бадбини дохилию берунӣ фирефта нахоҳад кард, чунки миллати тоҷик дар симои шумо пуштибони аслии хешро дидааст ва хоҳад дид.
Соли 1990 асри гузашта шумо ба тариқи алтернативӣ дар интихоботи вакилони маҷлиси олии ҷумҳурии тоҷикистон, аз ноҳияи данғара пирӯз шуда будед.
Ман шахсан ҷасурию далерии шуморо дар ҳамон вақт дарк карда будам, ки шумо наҳаросида фикри худро ошкоро дар ҳамон лаҳзаҳои вазнин ҳамчун вакили халқ баён мекардед. Ин ниятҳои неки шумо буд, ки миллати тоҷикро дар вақти парокандагӣ раҳо дода, як давлати боиқтидору таммадуни таърихӣ дошта ба ҷаҳониён муаррифӣ намудед.
Ман ҳамчун устоди маркази таълимии тайёрии кадрҳои Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ғамхориҳои шабонарӯзии шумо бениҳоят миннатдорам, чунки ҳар сол зиндагии мо беш аз беш хуб шуда истодааст.
Шуморо Ҷаноби Олӣ барои пирӯз шуданатон дар интихоботи президентӣ аз сидқи дил табрику таҳният гуфта, ба Шумо ва аҳли оилаатон саломатии бардавом ва баҳри ободии Ватани азизамон тамоми ниятҳои некро таманно дорам.
Дар охир орзу дорам, ки дар паҳлуи шумо шахсҳои ватандӯст бошанд, ки барои фардои миллат аз таҳти дил хизмат намоянд, чунки пешрафти ҳар як ҷомеа аз кадрҳои баландихтисосу ватандӯсташ вобастагии калон дорад.
Ба Шумо тамоми хушиҳои зиндагиро аз даргоҳи худованд таманно дорам - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешвои тоҷикони ҷаҳон.
Бо арзи сипос полковник
Зайналов Эмомалӣ.

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Назираи Амирбек
Ҷойи кор: Шабакаи якум
Суроға: Ҷ.Расулов 13/2
Рақами телефон: 934100044
E-mail: nadya.dushka@mail.ru

Ассалом Чаноби Оли. Ман аз номи худам ва аз номи кулли мардуми куҳистони Бадахшон Шуморо бори дигар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъин шуданатон шодбош мегӯям. Ҳамеша сарбаланду сарфароз ва хонадонатон ободу осуда бошад.

Ба осмон нарасад хар ки дар хавои ту нест,
Фуру равад ба замин хар ки дар хавои ту нест.
Супурд чо ба ту хар кас зи базм шуд берун,
Туи ба чои хама хеч кас ба чои ту нест.

Мавзӯъ: Табрикнома
Ному насаб: Тағоев Маҳадмумин
Ҷойи кор: ДМТ, факултети молиявию иктисоди
Суроға: н. Варзоб, деҳаи Зидеҳ
Рақами телефон: 918744465
E-mail: mahadjon@mail.ru

ТАБРИКНОМА

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Аҳли устодон, кормандон ва донишҷӯёни факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон хабари пирӯзии Шуморо дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо хушҳолӣ истиқбол карда, Шуморо ба муносибати ба ин вазифаи пурмасъулияти давлатӣ интихоб гаштанатон табрику муборакбод менамоянд.
Ба Шумо дар татбиқи сиёсати пешгирифтаатон, ки тақдири имрӯзу фардои миллат аз он вобаста аст, бурдбориҳо таманно карда, ҳамеша орзуманди сиҳатмандӣ ва сарбаландии Шумо ҳастем. Бигзор дар фазои сулҳу ваҳдати Тоҷикистони азиз, ҳамеша Шумо ҳамчун роҳбари хирадманду кордон роҳнамои мо бошед.
Аз ин фурсат истифода карда, мо низ Шуморо бовар мекунонем, ки бо саъю талоши беандоза дар тарбия ва тайёр кардани мутахассисони баландихтисоси бахши иқтисодиёт саҳми босазои худро мегузорем.

Мавзӯъ: табрикот
Ному насаб: Ҷураев Каримҷон
Ҷойи кор: нафакахур, корманди илмии Стансияи навсанчии ш.Конибодом
Суроға: ш.Конибодом, к.Д.Сайфуллоев 148
Рақами телефон: 927703866
E-mail: karimjon.juraev@inbox.ru

Ҷаноби Олӣ,
Бо самимияти бепоён ва эҳтироми бузур Шуморо ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пешвои миллат интихоб гардиданатон, сидқан шодбош мегуям.
Боиси сарфарозии ҳамаи сокинон аст, ки таҳти роҳбарии дурандешонаи Шумо дар Тоҷикистони азиз тамоми соҳаҳои хоҷагии халқ – иқтисодиёт, иҷтимоиёт, кишоварзӣ, фарҳанг, маънавиёт, илм, маориф, варзиш ва тандурустӣ инкишофу эҳё ёфта, минбаъд низ бо ҳидоятҳои Шумо боз ҳам рушд меёбад. Шуҳрату эътибори баланди байналмилалии Шумо ин обруву эътибори мо - миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон аст. Имрӯз дар симои Шумо Ҷаноби Олӣ дар арсаи байналмилали фарди тоҷикро мешиносанд, ки аз он мо ифтихор ва шукрона менамоем.
Итминони комил ва мутмаинем, ки мардуми шарафманди Тоҷикистон ва ҳар фарди худшиносу худогоҳи тоҷике, ки дар кишварҳои хориҷ ба нафъи давлату миллати хеш кору фаъолият дорад, баҳри пешбурду шукуфоии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва баланд бардоштани обруву нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳони самимонаву фарзандона ҷидду ҷаҳд ва талош менамоянд.
Бори дигар ин рӯзи басо фархундаро ба Шумо Президенти мардумӣ табрику таҳният гуфта, бароятон саломатӣ, хушбахтӣ, хотирҷамъӣ ва дар фаъолияти басо пурмасъулатон бурдбориҳорои беназирро таманно менамоям.

Бо эҳтиром,
Каримҷон Ҷураев


Мавзӯъ: Шодбоши
Ному насаб: Cудуриддин Махкамов
Ҷойи кор: рузномаи Насими Исфара
Суроға: ш. Исфара, кучаи Маркази 10
Рақами телефон: 2-49-73
E-mail: nasimiisfara@mail.ru

Шуморо бори дигар ба муҳаббати баланду ҳақиқии халқ сазовор шуданатон аз самими дил табрик менамоям.

Ҳар кас, ки нияти худ рост кунад,
Ёбад зи Худо ҳар он чӣ дархост кунад.

Хотимаи ҷанги шаҳрвандӣ, пойдор сохтани сулҳу субот дар кишвар, ободии бемисл дар бист соли охир ва мақоми шоиста пайдо кардани Тоҷикистони азиз байни давлатҳои дигар маҳз аз ниятҳои неки Шумо сарчашма мегирад.
Қалби мусаффову мубаррои Шумо саршор аз орзуву омолҳои нек аст ва онҳо дар ҳамаи суханрониҳоятон возеҳ ифода мегарданд. Итминони комил дорем, ки Офаридгор Шуморо ба кулли ниятҳои неку наҷибатон мерасонад ва иншооллоҳ, мамлакати биҳиштосои моро таҳти сарварии Шумо ояндаи дурахшон дар пеш аст.

Бо эҳтиром Судуриддин МАҲКАМОВ,
сармуҳаррири рӯзномаи «Насими Исфара»

Мавзӯъ: Номаи табрикоти
Ному насаб: Ёрмадова Зифнун Муродовна
Ҷойи кор: Директори маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб
Суроға: ш Кӯлоб , кӯчаи Н. Хувайдуллоев 14
Рақами телефон: 951646434
E-mail: saidov_6606@mail.ru

Бе ҳадду ҳисоб Шукрона, бар он Худованди бузургро, ки моро имрӯз ба муроду мақсади некамон расонид.
Ассалому алейкум, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Мо аҳли коллективи меҳнатии Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб, аз хабари хуше, ки тариқи расонаҳои маҳаллӣ шунидем, ки дар он гуфта мешуд, дар интихобот ба мақоми Президентӣ, вакил аз Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, бо 83 дар сади умумии овздиҳандагон ғолиб омад, нихоят хушнуд гардидем, зеро яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати пешгирифтаи Ҳукумати Ҷумҳурии ҷоноҷонамон ин ба солимгардонии занону модарон нигаронида шудааст ва қайд кардан зарур аст, ки Ҳак бар ҷониби Шумост, зеро, ки ояндаи Миллат низ аз модари солим манша мегирад ва аз ин бармеояд, ки Шумо дар фикри ояндаи босуботи аҳолии Тоҷикистон мебошед.
Мо аҳли коллективи меҳнатии Маркази солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб, Шуморо ва дар шахсияти Шумо кули мардуми бошарафи Тоҷикистонро табрик гуфта, ба Шумо аз Худованди меҳрубон, саломатии бардавом, зеро саломатии Шумо ин саломатии мо мебошад, хонаи обод, зеро хонаи ободи Шумо ин хонаи ободи мо мебошад ва бурдбориҳо дар раванди пешгирифтаи Шумо нисбати ояндаи дурахшони Тоҷикистони азизамон орзумандем.

Бо камоли эхтиромият,
коллективи мехнатии Маркази
солимии репродуктивии шаҳри Кӯлоб


Мавзӯъ: Поздравление с Днем Конституции и Победой на выборах
Ному насаб: Андреев Сергей Алексапндрович
Ҷойи кор: ООО "РАЛ-Юст"
Суроға: ул.Четаева, д.50, офис 202
Рақами телефон: 79871848185
E-mail: sandr6060@rambler.ru

Многоуважаемый Эмомали Шарифович!
Позвольте поздравить Вас с Днем Конституции Республики Таджикистан! Пожелать Вам и таджикскому народу в Вашем лице новых успехов в деле модернизации страны, укреплении ее экономического могущества и социального процветания.
Позвольте также поздравить Вас с убедительной победой на президентских выборах и пожелать новых побед на трудном поприще Высшего Руководителя страны!
С уважением, Сергей Андреев


Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Нурзода Муслиҳиддин
Ҷойи кор: Донишҷӯи соли 4 ДМТ
Суроға: кучаи Х.Шерозӣ 17/1 х.21
Рақами телефон: 927455122
E-mail: kmst2012@mail.ru

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Шуморо бо муносибати ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон аз сидқи дил муборакбод менамоям.
Хизматҳои шоёни Шумо барои ободу зебо намудани Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дар варақаҳои таърих нақш ёфтанд.
Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо ҷавонон шукрона мекунем, ки Офаридагори азал Шуморо дар лаҳзаҳои ҳассоси таърихӣ барои наҷоти ин миллати куҳанбунёд чун тӯҳфа ҳадя намуд.
Агар устод Садриддин Айнӣ дар охирҳои асри нуздаҳ ва ибтидои асри бист бо теғи ҷонбахшои қалам ин миллатро аз вартаи ҳалокат раҳонида бошанд, таърих ин рисолаташро бори дигар дар симои Шумо такрор намуд.
Шумо ин навбат бо заковати баланди маънавӣ ва сиёсати хирадмандонаатон ин милатро аз вартаи ҳалокат наҷот бахшидед.
Ба марзи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон рафтани Шумо бе силоҳ ва бе сипоҳ Каҳрамонии Рустами достонро бори дигар дар таърихи башар такрор намудан буд, ки ба ин ҷасорати Шумо тамоми мардумони ҷаҳон аҳсану офарин хонданд.
Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ мактаби сӯлҳофарии Шумо як бори дигар милати сарбаланди тоҷикро дар арсаи ҷаҳон муаррифӣ намуд. Ва он донаи меҳру муҳаббате, ки Шумо дар марзаи миллататон пошидед сабзид ва меваҳои шаҳдбораш коми моро шерин намуд ва дар як вақт дар тамоми гӯшаву канори Тоҷикистони азизамон биҳишти анбар доман кушод.

Он донаи меҳратон, ки сабзид,
Сарсабзи расид то Бадахшон,
Доман бикушод биҳишти анбар,
Аз Суғду Ҳисору Рашту Хатлон.

Ҳамаи он хизматҳои таърихӣ ва созандагии Шуморо Падарам дар шеърашон ингуна ба қалам додаанд.

Эй баландиқболи Сомонисиришт

Эй баландиқболи Сомонисиришт,
Тарихи тоҷик туро кайҳо навишт.
Аз туфайли сулҳи бебозгашти ту,
Тоҷикистон шуд як марзи биҳишт.

Рафтаи бар марзи Афғон бесилоҳ,
Рустамона бе ягон тиру силоҳ.
Аз барои сулҳу истиқлоли хеш,
То нигаҳбони ту шуд лутфи илоҳ.

Аҳсано, бар қиблагоҳу модарат,
То ғизоят дода аз пушти каланд.
Дар Душанбе аз қудуми мақдамат,
Карда Сомонӣ сари худро баланд.

Бо сари болои худ гӯяд чунин,
Бора будам дар Бухоро як замон.
Ин замон ту бораи Эмомалӣ.
Аз барои тоҷики рӯи ҷаҳон.

Воқеъан Ҷаноби Олӣ имрӯз Шумо бурҷу бораи тамоми тоҷикони рӯи оламед. Мо ҷавонон аз ин шуҳрати ҷаҳонии Шумо фахр намуда, Шумо падари азизу меҳрубонро бовар мекунонем, ки дар атрофи сиёсати хирадмандонаатон муттаҳид шуда, барои пешрату шукуфои кишвари азизамон Тоҷикистон содиқонау фарзандона хизмат мекунем.
Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, аз ин фурсати муносибу таърихӣ истифода бурда Шуморо ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобгардиданатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо саодати рӯзгор, умри дарози пурбаракат ва амалӣ гардидани тамоми ниятҳои некро баҳри пешрафту шукуфоии кишвари азизамон -Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно менамоям.

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Солиев Ҳаким Ҳусейнович
Ҷойи кор: Нафакахури шахсӣ
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Саъдии Шерозӣ 29, хонаи 82
Рақами телефон: 919015202
E-mail: jamshed71@mail.ru

Ҷаноби Олӣ,
Бо арзи эҳтироми бепоён Шуморо ва тамоми мардуми накӯиқболи Тоҷикистони азизро ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба мансаби олии давлатӣ - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихор, шодмонӣ ва сарфарозӣ табрику таҳният менамоям.
Боиси ифтихор аст, ки ба туфайли садоқати баланд ба ватан, хиради воло ва маърифати олии Шумо Тоҷикистони биҳиштосоямон дар масири фаъолиятҳо ва густураҳои иқтисоду фарҳангӣ ва иҷтимоӣ ба инқилобҳои беназир муваффақ гардида, дар арсаи ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари соҳибихтиёр, ҳуқуқбунёд ва дар роҳи сулҳу амният устувор муаррифӣ гардидааст.
Садоқати беназир ба ғояҳои олии инсондӯстона ва сулҳҷӯёна, ташаббусҳои некӯ ва оғозҳои наҷибу пайгирона ва оламшумӯли Шумо, ки борҳо аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфӯзи байналмилалӣ садо додаанд, мояи ифтихори воқеии миллати кӯҳанбунёди мо гардидаанд. Раъйи комили интихобкунандагон ва ихлосу муҳаббати беназири мардум нисбат ба Шумо худ далели барҷастаи он аст, ки кулли тоҷикони дунё Шуморо барҳақ пешвои муаззами худ медонанд, ки ормонҳои ҳазорсолаи онҳоро бо бунёди давлати озоду обод ба воқеъият мубаддал намудаед.
Бори дигар Шуморо ба муносибати тоза интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатмандӣ, рӯзгори саршори саодату сарфарозӣ ва сарбаландию пирӯзиҳо ва дар фаъолияти пурмасъул ва мураккаби давлатиятон баҳри эҷоди роҳи навини давлатдории тоҷикон бурдбориву комёбиҳоро таманно менамоям
Бо камоли эҳтиром,
Ҳаким Солиев


Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Муҳаммад Ғоиб
Ҷойи кор: Шоири халқии Тоҷикистон
Суроға: ш. Душанбе
Рақами телефон: 2217366
E-mail: muhammad1954@mail.ru

Муборак бод пирӯзӣ!

Раҳи ту роҳи мақсуд аст,
Раҳи даргоҳи мақсуд аст.
Раҳи пурнури хуршедӣ,
Алови меҳр бедуд аст.
Чу шамси оламафрӯзӣ,
Муборак бод пирӯзӣ!

Задӣ барҳам сиёҳиро,
Ту ҷаҳлу ҷангхоҳиро.
Ба сулҳат номвар гаштӣ,
Ту додӣ доди шоҳиро.
Ҳаёти ибратомӯзӣ,
Муборак бод пирӯзӣ!

Ба маҳфилҳо зиё бахшӣ,
Ба манзилҳо зиё бахшӣ.
Ба нури дидаву рӯят
Ту бар дилҳо зиё бахшӣ.
Ба шаб ҳам мужда аз рӯзӣ,
Муборак бод пирӯзӣ!

Ту ғамхорӣ ба ғамдорон,
Ту дармонӣ ба беморон.
Падар баҳри ятимонӣ,
Анисӣ бар ҳама ёрон.
Ту ҳамдарду ту дилсӯзӣ,
Муборак бод пирӯзӣ!

Ту кардӣ дони армон сабз,
Бадахшону Зарафшон сабз,
Ҳисору Рашту Хатлон сабз,
Тамоми Тоҷикистон сабз,
Хазонро пайки Наврӯзӣ,
Муборак бод пирӯзӣ!

Ба вақти мушкили мардум
Туӣ дар манзили мардум.
Ҳама дар дида ҷо бошанд,
Туӣ ҷо дар дили мардум.
Ту пеши рӯ шабу рӯзӣ,
Муборак бод пирӯзӣ!

Садо ояд: - Ҷавонмардо,
Бузурго, халқпарвардо,
Ту ҳастӣ дидаи имрӯз,
Ту ҳастӣ дидаи фардо.
Ба дуриҳо назар дӯзӣ,
Муборак бод пирӯзӣ!

Туӣ мардумписанд имрӯз,
Азизу арҷманд имрӯз
Ҳама қадри туро донад,
Ҳама гӯяд баланд имрӯз:
Насибат бод хушрӯзӣ,
Муборак бод пирӯзӣ!

Муҳаммад Ғоиб

Мавзӯъ: Табрикнома
Ному насаб: Точиддин Чаъфаров
Ҷойи кор: Аспиранти Донишгоҳи ш. Генуяи Италия
Суроға: Genova, Italy
Рақами телефон: +39 010 209 5134 4
E-mail: infodell@mail.ru

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Шуморо барои ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо умри дароз, тансиҳатӣ ва дар иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ муваффақиятҳои беназир таманно дорам
Маҳз баракати Шумо Ҷаноби Олӣ аст, ки мо ҷавонон дар сояи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизамон нафаси тоза мекашем ва дар давлатҳои хориҷ таҳсили худро давом дода, аз сиёсати пешгирифтаи Шумо ҳамеша дастгирӣ хоҳем кард. Орзу мекунам, ки баҳори зиндагии Шумо ва Тоҷикистони азизам ҳеҷ хазон нагардад ва ҳамеша мардумаш дар зери раҳбарии Шумо озод ва сарбаландона зиндагӣ кунанд.
Ман аспиранти факулаи “технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсионӣ”-и Донишгоҳи ш. Генуяи Италия буда таҳсили илм дорам ва орзу дорам, ки дар оянда барои шукуфоии имрӯзу фардои кишвари хеш таҳти сарварии Шумо содиқона кору фаъолият намоям.
Мӯҳтарам, Ҷаноби Олӣ, бори дигар Шуморо барои ба мансаби олии кишвар - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон муборакбод гуфта, дар татбиқи сиёсати дохиливу берунӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ободонию гулгулшукуфоии кишвар ба Шумо барори кор хоҳонам.
Бо камоли эҳтиром ва арзи сипос,
Тоҷиддин Ҷаъфаров
Генуя, Италия

Тема: TABRIKOT
Дата: Tue, 12 Nov 2013 20:58:18 +0400
От: Igbol Tursunova <igbol-tur@mail.ru>
Отвечать: Igbol Tursunova <igbol-tur@mail.ru>
Кому: <mail@president.tj>

Бо мард ҷахону хасти ИМОМ бошад,
Бе мард ҷаъҳону хасти вайрон бошад.
Номи ту бувад муродифи ободӣ.
Эй дӯст, мақоми ту чандон бошад!

Садрнишини мӯътабари мо Эмомалӣ Раҳмон!
Шуморо бо тозатарин пирӯзиатон дар интихоботи навин аз самими қалби модаронаам табрику таҳният гуфта, хоҳони онам, ки ғолибият ба хонаи қалбҳои зебои Шумоён шодиву сурур, дар кору фаъолияти ҳамарӯзаатон рангу бӯи тоза, маъниву файзу баракати беандоза ворид намуда таманно дорам,ки
-Чеҳраи Шумо чун гулҳои бахори хандону шукуфон;
-Қалбатон чун Офтоби оламоро гарму равшан;
-Рӯҳатон чун субгоҳон пок , беғубор,беолиш;
-Таъбатон чун насими наврӯзи хурсандибахш;
-Меҳратон чун меҳри модарон бепоён ва саршумор аз меҳру муҳаббат;
-Дастархонатон чун дастархони идона пурнеъмату пуранаво бошад!

Бо як чахон самимият модаре, ки дар таълиму тарбияи фарзандонаш саъю кӯшиш карда истодааст, то ки оянда фарзандонаш ватандӯсту хештаншинос, донишманду маърифатпарвар, ба воя расанд;
Назарова Иқболбӣ Хақназаровна!

Мавзӯъ: номаи табрикӣ
Ному насаб: Кумитаи ичроияи ХХДТ
Ҷойи кор: дар вилояти Сугд
Суроға: Хучанд, Камоли Хучанди, 185
Рақами телефон: 61950
E-mail: hhdtsugd@mail.ru, hhdt-sugd.tj

Паёми шодбошӣ

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Интихоб шуданатонро ба мансаби олии давлатии кишвар-Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд, наздик 70 ҳазор нафар аъзои ин ҳизби пешбари ҷомеа ва ҷонибдорони ҳизбамон самимона муборакбод мегӯем.
Ин рӯйдоди муҳимро бовариву эътиқоди баланди халқи тоҷик ва кули тоҷикистониён нисбати Шумо чун Сарвари одилу оқил, сиёсатмадори варзидаи арсаи ҷаҳонӣ, пешвои муаззам ва ниҳоятан фарзанди арзандаву дилбанди халқ номидан мумкин аст. Дар сатҳи баланди сиёсию ташкилӣ баргузор шудани маъракаи муҳими сиёсӣ-интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иштироки фаъолонаи сокинон бо рӯҳияи баланд, бори дигар собит сохт, ки ҳар тоҷику тоҷикистонӣ аз сиёсати давлатдории Шумо, Ҷаноби Олӣ ва Ҳукумати Ҷумҳурӣ ризову ҷонибдор аст.
Имрӯз бо рӯҳбаландӣ гуфта метавонем, ки дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо марҳилаи нави созандагӣ дар партави сиёсати хирадмандонаи Шумо ва бо татбиқи Барномаи амали номзад аз ҲХДТ оғоз мегардад. Итминони комил дорем, ки аҳли кишвар бо пуштибонӣ аз сиёсати Шумо дар татбиқи ҳадафҳои созандаатон таҳти шиори «Барои ваҳдат, рушди устувори иқтисодӣ ва зиндагии шоистаи мардум!» саҳми арзанда мегиранд.
Бароятон тансиҳативу хонаободӣ, умри дарозу бегазанд, барору комёбиҳои нав ба нав дар кори пурмасъулияти давлатдорӣ орзу намуда, мегӯем:
Фархунда зиҳӣ, Раиси Ҷумҳур,
Бодо ғаму дард аз сарат дур.
Дилшод зи туст миллати ман,
Дар олами меҳр гашта машҳур.

Раёсат ва аъзои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Суғд

www.hhdt-sugd.tj

Мавзӯъ: Шодбошӣ
Ному насаб: ТҶҶ "Созандагони Ватан"
Ҷойи кор: Кохи Ваҳдат
Суроға: хиёбони Рӯдакӣ 107
Рақами телефон: 224-49-31
E-mail: sozandagon@inbox.ru

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ! Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона муборакбод мегуем.Шумо, ки роҳнаварди ҷодаи пурпечутоби таърихи ин миллати соҳибтамаддун ҳастед, Шумо, ки шаҳсутуни ин қасри забарҷад - давлати кӯҳанбунёди тоҷикон ҳастед, бигзор дар ин 7 соли минбаъда савори сафинаи сафеди бахт, шукуфоӣ, пешрафт ва тараққиёти кишвари ба ҷон баробарамон Тоҷикистон аз баҳри пуртуғёни давр шино намуда, бо сарбаландӣ ба соҳили мурод бирасед. Мо ҷавонон аз дуои неки Шумо Ҷаноби Олӣ рӯҳбаланд гашта,сиёсати пешгирифтаи Шуморо дастури зиндагии худ намуда, кӯшиш бар он менамоем, ки давомдиҳанда кору пайкори абармардони ин сарзамин, номбардори ниёгони арзишманди хеш бошем!
Дар охир ба Шумо аз даргоҳи илоҳӣ саломатии бардавом, сарбаландӣ, ва умри ҷовидонаро таманно менамоем!
Бо эҳтиром Шӯрои марказии ТҶҶ "Созандагони Ватан"


Мавзӯъ: табрикнома
Ному насаб: Зайнураи Зайниддин
Ҷойи кор: Консерваторияи миллии ба номи Т.Сатторов
Суроға: ш.Душанбе
Рақами телефон: 919830926
E-mail: anusha_sa@mail.ru

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ хислати фурӯтаниву хоксорӣ, олифитратӣ, футувати инсонӣ, сидқу вафо ба миллату Ватан ва ҳимояи арзишҳои миллӣ Шуморо ба ҳайси як қаҳрамону арбоби барҷастаи майдони сиёсат муаррифӣ намудааст. Ҳама он ҷонсупориҳоятон барои ба ҳам овардани миллати тоҷик буд, ки мардум бо итминони комил Шуморо ба мансаби олӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон арзанда донистанд. Аз номи аҳли оилаамон бо камоли эҳтиром ва самимияти хосса барои ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихобшуданатон муборакбод гуфта бо камоли эҳтиром дар фаъолияти пурмасъулияти роҳбариатон ба давлату миллат барору комёбиҳо мехоҳам.
Дар тӯли таърих шахсиятҳое, ки ба хотири ормонҳои баланд ва ояндаи миллат фидокорӣ ва қаҳрамонӣ намудаанд, барои қавму миллати хеш, хосса насли ҷавон сарчашмаи илҳом ва нерӯи маънавӣ мебошанд. Бо шарофати хидматҳои бузурги Шумо, ки дар саҳфаҳои таърих абадан сабт хоҳад шуд, бо эҳёи давлатдории хеш ва идомаи роҳе, ки башоратгари давлати созанда ва бунёдкор аст давлати тоҷикон ба ҳама ҳадафҳои худ мерасад.
Обрӯю эътибори Шумо ҳам дар пеши мардуми Тоҷикистон ва ҳам дар саҳнаи сиёсати ҷаҳонӣ пеш аз ҳама марбут ба хидматҳои собитқадамона ва боҷасорат бобати барқарор намудани оромӣ ва ниҳоли сулҳе ки дар замири дилҳо сабзидааст мебошад. Шумо бо рисолати таърихии барқарор кардани сулҳу осоиш, таъмини амнияти миллӣ ба ман ва ҳазорон нафаре, ки падарони худро аз даст додаанд умеди ояндаи дурахшонро ҳадя намудаед.
Бо орзуву ниятҳои нек ба Шумо, Ҷаноби Олӣ, шукӯҳу ҷалол, саодати хонаводагӣ ва комёбию пирӯзиро дар давлатдориатон таманно дорам!

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Наҷмиддинов Нуриддин
Ҷойи кор: М.Т.М.У. №51
Суроға: деҳаи Миндона . ш.Панҷакент
Рақами телефон: 927503043
E-mail: www.mtmu51@mail.ru

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Мо аҳли деҳаи Миндонаи шаҳри Панҷакент ба орзуи ҳафтсолаи ояндаи худ расидем. Орзуманди пирузию комёбиҳои Шумо будему ҳастем.
Мо фахри он дорем, ки қабули якчанд пешниҳодхои Шумо дар СММ ва ба қатори 500 мусулмони беҳтарини ҷаҳон шомил гардиданатон ин бозёфти беназири миллати тоҷикон аст.
Шуҳрати ҳозираи тоҷикон дар олами муттамаддин қатори беҳтаринҳоро сазовор гаштааст.
Бо ташаббусҳои Шумо имрӯз мо тоҷикон пешвоёни ҳалли проблеммаҳои глобалии умумиҷаҳонӣ гаштаем.
Аҳсан ба Шумо Ҷаноби Олӣ!
Рӯзи 16.11.13 ашки шодии мардуми деҳаи мо дарёи пуртугёни Зарафшонро пуроб мегардонад .
Бигзор саратон сабз чун арчаҳои Зарафшон, шуҳрататон баланд чун қуллахои Боми Ҷахон, қомататон баланд чун куҳҳои Бадахшон, овозатон баланд бошад чун гулгулаи обшорони ҷаҳон .
Бигзор Шумо ливобардори Шоҳони адолатпаноҳи ҷаҳон бошеду бошед !!!
Аз самими қалб:
Аҳли деҳаи Миндона,
ҷамоати деҳоти Ёрии шаҳри Панҷакент

Дата: Wed, 13 Nov 2013 11:24:21 +0400
От: Анатолий Джаппаров <dzhapparov_asia@list.ru>
Отвечать: Анатолий Джаппаров <dzhapparov_asia@list.ru>
Кому: <mail@president.tj>

Многоуважаемый господин Президент!
Руководство и Правления Центрально-Азиатского национального культурного центра «АЗИЯ» объединяющий шесть диаспор; Вьетнамская, Казахская, Кыргызская, Таджикская, Туркменская и Узбекская, проживающие в Ивановской области РФ искренне поздравляют Вас с избранием на высокий пост Президента Республики Таджикистан! Желаем Вам и всему Таджикскому народу процветания и светлого будущего!
С искренним уважением и пожеланиями крепкого здоровья!

Председатель Правления
ЦАНКЦ «АЗИЯ» Джаппаров А.А


Тема: ТАБРИКОТИ НАШРИЯИ " БОЧУ ХИРОЧ"
Дата: Wed, 13 Nov 2013 13:37:23 +0400
От: Бочу Хироч <boju_hiroj@mail.ru>
Отвечать: Бочу Хироч <boju_hiroj@mail.ru>
Кому: <mail@president.tj>

Ҷаноби Олӣ! Боиси хушҳолист, ки Шумо ба таври умумихалқӣ ба марҳалаи навбатии мансаби олии кишвар- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шудед. Ба ин муносибат шуморо самимона табрику муборакбод гуфта, бароятон тандурустии комил, сарсабзию сарбаландӣ ва дар ҷодаи пурмасъулияти роҳбарии давлату миллат муваффақият хоҳонем.
Мо, аҳли қалами ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ» (нашрияи Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон), басо ифтихормандем, ки дар интихоботи демокративу шаффоф пирӯзӣ ба даст овардед ва ин воқеиятро нишонаи барҷастаи тантанаи мардумсолорӣ дар Тоҷикистони соҳибистиқлол медонем.
Муътақид ҳастем, ки таҳти сарварию роҳнамоӣ ва сиёсати хирадмандонаи Шумо барномаҳои созандагию бунёдкоронаи давлату ҳукумат минбаъд низ мавриди татбиқи ҷиддӣ қарор мегиранд, сулҳу ваҳдат дар мамлакат таҳким меёбад, иқтисодиёт рушд мекунад ва ояндаи кишвар дурахшону зиндагии халқ шоиста мегардад. Мутмаинем, ки сиёсати пешгирифтаи Шумо, Ҷаноби Олӣ, баҳри баланд гардидани обрӯву нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам хубтар мусоидат хоҳад намуд.
Ҷаноби Олӣ! Дар ин рӯзи саид бароятон шукӯҳу ҷалол ва бахту саодат таманно мекунем.
Ҳафтаномаи «Боҷу хироҷ»

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Валиев Саидмумин Махмадалиевич
Ҷойи кор: Директори М.Б.П.С.Ч
Суроға: н Вахш к.б Гафуров 2
Рақами телефон: +992935665547
E-mail: 12310@bk.ru

Маъмурияти маркази бемориҳои пӯсту сирояткунандаи ҷинсии ноҳияи Вахш, Шуморо ба муносибати 6 ноябр рӯзи қабули сарқонун, интихоби Президент, ки пирӯзӣ насиби Шумо гашт, табрик ва муборакбод намуда ба Шумо аввало: неъмати бебаҳои зиндагӣ саломатӣ, умри дароз, дар кору фаъолиятатон бурдбориҳои калонро орзу мекунад. Бо дасттирии бевоситаи Шумо дар ҳамаи ҷабҳаҳои зиндагӣ ба комёбиҳо ноил гардида, ба қуллаҳои умед расидаем.
Зафар муборак- Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Бо чунин мисраҳои шерии дӯхтури бемориҳои пӯсти ноҳияи Вахш Саидмумини Валӣ ба Шумо гуфтанием.

Орзу дорам, ки ҳар як соли умрат сад шавад,
Некиҳои кардаат, хирман шавад беҳад шавад.
Халки ин кишвар, ҳамеша дар барат ҳамқад шавад,
Дӯстат фархунда бошад, ҳоли душман бад шавад.

Кунун бихоҳам аз худо, ки умратон дароз бод,
Ҳамеша аҳли байтатон канора аз ниёз бод.
Дарахти умратон диҳад некӣ бар одамон,
Ба боғи зиндагонӣ баландному сарфароз бод.

Подшоҳи мо, ҳабиби мо, Эмомалӣ Раҳмони мо,
Чу гавҳарак азизи мо, ба ҷону дил қариби мо.

Ҳар кор, ки он зи ҳастии имкон аст,
Ҳар тоза равиш зи паи имон аст.
Фотеҳ ба ҳама кор шавем аз кӯшиш,
Чун cap вари мо Эмомалӣ Рахмон аст.

Директори Маркази бемориҳои
пӯсту сирояткунандаи ҷинсии ноҳияи Вахш
Валиев Саидмӯъмин Маҳмадалиевич.

Номаҳои зиёди табрикӣ, ҳамчунин аз номи Нусратуллои Маҳмадулло(н. Шаҳринав), Ҳасан Шарипов(донишҷӯи ДСТР аз ш. Душанбе), Инобат Пулотова (ш. Хуҷанд), Дилшод Муродов(ш. Москва), Соҳиб Салимов (нафақахӯр аз ш. Конибодом) Наврӯз Алимов(аз ш. Сарбанд), Далер(ш. Душанбе) ва даҳҳо шаҳрвандони дигар ворид шудаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520