Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Воридшавии табрикоти мардум идома дорад

12.11.2013 17:48, шаҳри Душанбе

Воридшавии табрикоти мардуми касбу кори гуногун ба номи Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз тамоми гӯшаю канори кишвар ва берун аз он идома дорад.

Номаҳои мардум саршор аз андешаҳои шодию нишот аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лабрез аз эҳсосоти сарфарозӣ аз фазои оромию суботи ҷумҳурӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва болоравии обурӯю нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ аст.

Аксари ин номаҳо ба чунин мазмуну муҳтавоянд:

Мавзӯъ: Барқияи табрикӣ
Ному насаб: Расулов Ҳандулло
Ҷойи кор: ш.Маъориф
Суроға: н. Тоҷикобод
Рақами телефон: 934263266
E-mail: teletoj@mail.ru

Ба Президенти Ҷумҳурии
Тоҷикистон
Ҷаноби Олӣ муҳтарам
Эмомалӣ Раҳмон

Барқияи табрикӣ

Шуморо Ҷаноби Олӣ, ба муносибати интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфта, барори кор орзу менамоям.
Интихоботи Сарвари давлат собит намуд, ки дар хақиқат Шумо Президенти мардумӣ ҳастед ва Тоҷикистони азиз бо роҳбарии хирадмандонаатон ба зинаҳои нав ба нави шуҳрат ва шукуфои хоҳад расид.
Бо эҳтиром собиқадори меҳнат аз ноҳияи Тоҷикобод, Корманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳандулло Расулов.

Мавзӯъ: Муборакбодӣ
Ному насаб: Кулиев Устуворшоҳ
Ҷойи кор: магистри идоракунии давлатӣ
Суроға: Хобгоҳи аспирантон хуҷраи 9
Рақами телефон: 92-759-54-56
E-mail: ustuvorshoh@mail.ru

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон.
Шуморо ба муносибати пирӯз гардиданатон дар интихобот ва ҳамчун Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон, табрику таҳният гуфта, ба Шумо тамоми хушиҳои рӯзгор ва барори кор орзумандам. Шумо падари миллати тоҷик мебошед ва бо Шумо, мо фахр дорем.
Бо камоли эҳтиром,
Кулиев Устуворшоҳ.

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Латипов Рустам
Ҷойи кор: хукмати н. Восеъ
Суроға: н. Восеъ
Рақами телефон: 8331122233
E-mail: safarali@list.ru

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

БАРҚИЯИ ТАБРИКОТӢ

Ҷаноби Олӣ!
Бори дигар интихоб шудани Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон собитгари амалӣ гаштани ормонҳои дили мардуми кишвар ва тамоми тоҷикони дунё буда, кафолати воқеии оромию осоиши рӯзгори мардум, ифтихору сарбаландии зафаронаи неруҳои созандаву бунёдкори ҷомеа ва оғози субҳи навини зиндагии шоистаи насли имрӯзу ояндаи тоҷик мебошад.
Аз ин рӯ бо камоли эҳтиром аз номи мардуми ноҳияи Восеъ Шуморо Ҷаноби Олӣ, самимона муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатию хушбахтӣ ва руҳу тавону неруи қавии сарварӣ дар роҳи расидан ба ҳадафҳои созандаву буёдкорона ба нафъи мардуми Тоҷикистон орзу менамоям.
Шод бимон Сарвари доною хирадманд ва фахри мардуми Тоҷикистони озоду шукуфон!

Бо эҳтиром,
Рустам Латипов
раиси ноҳияи Восеъ,
узви Маҷлиси миллии Маҷлиси
Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон.
7 ноябри соли 2013

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Абдуллоев Шариф
Ҷойи кор: донишҷӯ
Суроға: ш.Душанбе, н.Сино, кучаи Буни Хисорак хобгохи №6, хонаи 701
Рақами телефон: 938276868, 987274646
E-mail: muhammad_sharif.92@mail.ru

Салом Ҷаноби Олӣ!
Шуморо ба муносибати аз нав интихоб шуданатон ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик намуда, ба Шумо саломатӣ, барзиёдии зиракии сиёсии мавҷуда, комёбӣ ва раҳкушоии минбаъдаро дар роҳи амалӣ намудани қазияи Сардорӣ, аз даргоҳи Худои пок талаб мекунам. Бигзор чун ҳамеша роҳи сиёсати Шумо пок, созанда ва беҳтаргардонандаи шароити зисту зиндагонии мардуми абарманди тоҷик бошад.
Бигзор ҷалби ҷавонони лаёқатманд ва ба Шумо ҳамроҳшаванда қисми таркибӣ ва асосии сиёсати Шуморо дар бар гирифта бошад. Маърифати халқ ва расидан ба фарҳанги баланд Шуморо насибманд гардад!
Бо эҳтиром,
Донишҷӯи курси 5-и факултети ҳуқуқшиносии ДМТ, ғолиби олимпиадаи илмӣ аз фанҳои ҳуқуқ, назарияи иқтисодӣ ва сиёсатшиносӣ Абдуллоев Шариф

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Зебинисо Рустамова
Ҷойи кор: Асосиатсияи Олимпичиёни Тоҷикистон
Суроға: Куч. Айнӣ 24
Рақами телефон: 927775800
E-mail: Zebo55@mail.ru

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон,
Ассотсиатсияи Олимпичиёни Тоҷикистон бо арзи эҳтиром Шуморо бо ғолибияти арзанда дар интихобот табрик менамояд.
Боварии комил дорем, ки бо роҳбарии Шумои мӯҳтарам сафи Олимпичиёни тоҷик зиёд мегардад ва парчами кишварамон дар арсаи ҷаҳон боло бардошта мешавад.
Мо бо Шумо фахр менамоем!
Бо эҳтиром,
Зебинисо Рустамова

Мавзӯъ: Табрикот!
Ному насаб: Воҳидов Сафар
Ҷойи кор: нафақахур
Суроға: н.Данғара
Рақами телефон: 938783337
E-mail: svohidov_37@mail.ru

Ҷаноби Олӣ, Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Бо истифода аз фурсати муносиб Шумора аз номи худ ва аҳли оилаи Воҳидовҳо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо саломатии бардавом, неруву тавони тоза, азму иродаи матин, рӯҳи болида, умри дарози бобаракат, сарбаландию сарфарозӣ ва пирузиҳои ҷадидро дар минбаъда фаъолиятатон орзумандам.
Худои бузург орзуи дили мардуми Тоҷикистонро шунида, фарди шинохтаи ҷаҳонӣ, ҳомии сулҳу ваҳдат, сиёсатмадори варзида, пуштибони дӯстию рафоқат, меҳрубону ғамхор, фозилу хирадмандро ба онҳо роҳбару пешво кард.
Халқи шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол хизматҳои шоистаи Шумо, фарзанди фарзонаи миллатро дар барқарор намудани сулҳу салоҳ дар сарзамин ва баланд бардоштани номи тоҷикон ва давлати Тоҷикистон дар арсаи байналхалқӣ ва сиёсати одилонаи пешгирифтаатонро оид ба бунёдкорию созандагӣ, рушди иқтисодиёти мамлакат хуш пазируфта, Президенти худ интихоб намуд.
Интихоботи имсола исбот намуд, ки мардуми Тоҷикистон ҳамеша бо Шумо буданду ҳастанд ва хоҳанд буд ва пайваста ҷонибдори сиёсати пешгирифтаи Шумо мебошанд.
Боварии комил дорем, ки Тоҷикистон таҳти сарварии хирадмандонаи Шумо боз ҳам шукуфон гардида, ба яке аз мамалакатҳои тараққиёфтаи ҷаҳон табдил меёбад.
Пирӯзӣ муборак!

Бо эҳтиром,
Сафар Воҳидов,
ноҳияи Данғара.

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Малиев Гулмурод
Ҷойи кор: Нафақахӯр
Суроға: маҳаллаи Гулбуттаи н. Рӯдакӣ
Рақами телефон: 93 555 37 47
E-mail: g_maliev@mail.ru

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, иҷозат фармоед Шуморо аз самими қалб барои бори дигар ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрик гуфта, ба Шумо тани сиҳат, хотири ҷам, саломатии бардавом ва тамоми хушиҳои зиндагиро таманно менамоям.
Аз интихоби Шумо дар ин даври интихоби Раёсати ҷумҳур хеле шодем ва ҳамеша дуогӯи тансиҳатӣ ва сарбаландии Шумо Пешвои миллат ҳастем. Аз номи шоире гуфтаниам:

Намегирам дусад Руму Вашингтон,
Ба як санги сиёҳи Тоҷикистон

Бо як ҷахон эҳтиром ва шодии бепоён Малиев Г.

Мавзӯъ: Ман бо президентам фахр мекунам!
Ному насаб: Қосимов Қосимҷон
Ҷойи кор: ДДТТ
Суроға: к. Рӯдакӣ 139
Рақами телефон: 917851495
E-mail: nice.kosim@mail.ru

Шуморо бо муносибати бори дигар ба мансаби Олии давлатӣ, яъне ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон аз сидқи дил муборакбод менамоям.
Хизматҳои шоёни Шумо барои ободу зебо намудани Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дар варақаҳои таърих нақш ёфтанд.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, таваҷҷӯҳ, ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи Шумо нисбат ба мо ҷавонон боиси ифтихор ва толеъбаландист.
Ман як нафар фарзанди замони истиқлол аз масъулияти баланди Ватандориятон ифтихор мекунам ва ҳамеша барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидояти Шумо тайёрам.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, 6 ноябри соли 2013 дар саҳифаи таърихи тоҷик санаи муҳим ва хотирмон нақш мегузорад. Зеро дар ин сол Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ интихоб гардидед. Боварии комил дорам дар оянда дар зери рохбарии шумо Ватани азизамон боз ободу зебо мегардад ва чавонони он бо фахр дар арсаи чахон мегуянд ман точик астам,Точикистони астам! Ман ва ҷавонони Турсунзода бо Шумоянд.Барои боз хам зебову обод гадидани Ватани азизамон набояд,фикру акидамон, балки таппиши диламон як навоз бошад!
Бо эхтироми бузург,
Қосимов Қосимчон!

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Одинаев Ёрмуҳаммад
Ҷойи кор: донишҷӯ
Суроға: ш. Душанбе
Рақами телефон: +992934399199
E-mail: yormuhammad1991@mail.ru

Салом ва дуруди бепоён ба шумо Ҷаноби Оли Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Шуморо бо муносибати аз сари нав президенти кишвар шуданатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо мувафаққиятҳои нав ба навро хоҳонам. Бигузор чи орзуву нияти неке, ки дар дил доред баҳри ин маллати куҳанбунёд бо хости Худованд ҷомаи амал пушанд. Дар ин маракаи муҳим яъне Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми тоҷик бо як самимият шуморо ҳамчун шахсияти арзанда ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намудан.
Ман дар факулаи “Технологияи инноватсиони ва ҳифзи иттилоот”-и Донишгоҳи Технологии Тоҷикистон дар курси паҷум таҳсили илм дорам. Орзу дорам, ки дар оянда зарае ҳам бошад баъди хатми донишгоҳ баҳри мардуми хеш саҳми худро дар рушду нумуъи кишвари азизамон Тоҷикистон гузорам.
Бори дигар муборак ба шумо Ҷаноби Олӣ, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон.

Мавзӯъ: Табрикот ба роҳбари сиёсии давлат ва Президенти навинтихоби ҶТ
Ному насаб: Абдукарим Зарипов
Ҷойи кор: донишчуи ДМТ
Суроға: ш.Душанбе Н.Карабоев 2 гузаргохи 4 хонаи 52
Рақами телефон: 935706970
E-mail: Abdukarim.Gasanov@mail.ru

Ман аз фурсати муносиб истифода бурда Шуморо муҳтарам Президент Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пирӯзӣ дар маъракаи интихоботӣ ва соҳиб гаштани иродаи сиёсии мардуми шарифи Тоҷикистон табрик ва таҳниятбод гуфта, ба Шумо саломатии комил, бурдборӣ, иродаи сиёсии мустаъқил ва пирӯзихои нав ба навро дар фаъолияти минбаъдаи давлатдориатон орзумандам.
Мо мардуми сарбаланди Тоҷик, ҷавонони ҳуқуқшинос ҳамеша бо Шумо ҳастем ва ҳама вақт сиёсати хирадмандонаи Шуморо дастгирӣ ва эътироф менамоем. Боварии комил дорам, ки Точикистон-ватани азизу маҳбуби мо дар зарфи 7 соли оянда боз ҳам рушд ва тараққӣ мекунад.
Бо ҳисси масъулият, эҳтиром ва орзуҳои нек, донишҷӯи ДМТ ҳуқуқшиноси оянда, Абдукарим Зарипов.

Мавзӯъ: Салом
Ному насаб: Содиқов Холназар Ҳабибуллоевич
Ҷойи кор: Донишҷӯ
Суроға: шаҳри Кӯлоб
Рақами телефон: 917301337
E-mail: Xolnazar@mail.ru

Бо арзу самимияти бе поён Шуморо бори дигар ба мақоми Президент интихоб шуданатон аз самими дил муборакбод гуфта, минбад дар фаолияти роҳбариатон муваффақият таманно дорам.
Хизмати Шумо дар роҳи рушду пешрафти давлат ва Миллати Тоҷик бебаҳо аст. Ҷаноби олӣ ман боварӣ дорам, ки таҳти роҳбарии хирадмандонаи Шумо Миллати тоҷик дар арсаи байналмилалӣ мақоми намоёнро ишғол мекунад.
Таманно дорам, ки ҳамеша сарвари Миллати баруманди Тоҷик бошед. Ҳамеша саломату сарбаланд болои сари миллати тоҷик боқӣ монед.

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Зиёев Хуршед
Ҷойи кор: Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода
Суроға: Душанбе, к. Мухаммадиев 17/6
Рақами телефон: 2325000
E-mail: kziyoev@yandex.ru

Мӯҳтарам Эмомалӣ Шарифович,
Ҳайати устодону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода аз самими қалб Шуморо ба муносибати аз нав интихоб гардидан ба ҳайси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният мегӯянд ва барои Шумо умри дароз ва муваффақият орзуманданд.
Мо ба ин пирӯзии мутлақи Шумо боварии комил доштем, барои он талош варзидем ва омодаем, ки минбаъд низ барои шукуфоии имрӯзу фардои кишвари хеш таҳти сарварии Шумо содиқона кору фаъолият намоем.
Ҳайати устодону омӯзгорон, кормандон ва донишҷӯёни Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода


Мавзӯъ: Номаи табрикӣ ба Эмомалӣ Раҳмон
Ному насаб: Дилафрӯзи Абдулло
Ҷойи кор: Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қурғонтеппа
Суроға: шаҳри Қургонтеппа
Рақами телефон: 919919911
E-mail: Romashka.89.11@mail.ru

Ассалому алейкум Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Мо кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Қургонтеппа Шуморо бо пирӯзӣ дар Интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрик менамоем. Пеш аз ҳама аз даргоҳи Худованд талаб мекунем, ки ҳамеша саломат бошед, сарбаланду муваффақ бошед ва дар амалӣ гардидани нақшаҳои ояндаатон комёбиҳо таманно дорем.
Ҳар як узв ва тарафдорони ҲХДТ худро аъзои комилҳуқуқи як нерӯи бузург эҳсос мекунем ва номзади арзандаи худро дастгирӣ намуда, Президенти худро, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро интихоб намудем ва танҳо бо сарварии Шумо Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони аз ин ҳам пешрафтаро интизорем.
Мо, ҷавонони Тоҷикистон муттаҳид ҳастем ва қадри Истиқлолият, Ваҳдат, озодиву оромиро медонем ва дарк намудаем, ки ин арзишҳо бо кадом заҳматҳо ба даст омадаанд. Яъне саҳми арзандаи Шуморо - Пешвои миллати тоҷик эҳсос намудаем ва сиёсати пешгирифтаи Шуморо дастгирӣ намуда, якҷоя зиндагии шоиста ва ояндаи дурахшони Тоҷикистони маҳбубамонро таъмин менамоем.
Мо бо Шумоем, Ҷаноби Олӣ!
Зинда бод, раиси ҲХДТ Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон!
Поянда бод, Тоҷикистони азиз!

Мавзӯъ: Суханони шодбошӣ
Ному насаб: Абдуҷаббор Раҳмонов
Ҷойи кор: Ректори Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С.Айнӣ
Суроға: ш. Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 121
Рақами телефон: 224-13-83
E-mail: tgpu2004@mail.ru

Ба Ҷаноби Олӣ,
мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Раёсати Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин Айнӣ Шуморо барои ба мансаби олии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо умри дароз, тансиҳатӣ ва дар иҷрои барномаҳои муҳими давлатӣ муваффақиятҳои беназир таманно менамояд.
Ҷаноби Олӣ, интихоботи баргузоршуда (06.11.2013), ки ба таври шаффофу демократӣ доир гардид, бори дигар собит намуд, ки шаҳрвандони ҷумҳурӣ бо Шумо ҳамрайъанд ва ба ояндаи дурахшони мамлакат таҳти роҳбарии Шумо боварӣ доранд.
Ҳайати Шӯрои олимон ва профессорону омӯзгорони Донишгоҳ хуб медонанд, ки маҳз бо сайъ ва талоши Шумо ислоҳот дар соҳаи маориф идома ёфта, пешравиҳои назаррас дар ин соҳа ба даст хоҳад омад. Ҳамчунин дигар соҳаҳои хоҷагии халқ босуръат рушд ёфта, зиндагии боз ҳам шоистатар насиби халқамон мегардад.
Мӯҳтарам, Ҷаноби Олӣ, бори дигар Шуморо барои ба мансаби олии кишвар - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб шуданатон муборакбод гуфта, дар татбиқи сиёсати дохиливу берунӣ, иҷтимоию иқтисодӣ ва ободонию гулгулшукуфоии кишвар ба Шумо барори кор хоҳонем.
Бо камоли эҳтиром ва арзи сипос,
Ректор, Раиси Шӯрои олимон А. А. Раҳмонов

Мавзӯъ: Табрикнома
Ному насаб: Нӯъмоншо Исматов
Ҷойи кор: Соҳибкор
Суроға: ш. Ғарм
Рақами телефон: 935066342
E-mail: kamarov1971@mail.ru

Фарзанди баруманди миллат, Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон,
Мо сокинони ноҳияи Рашт аз пирӯзии Шумо дар интихоботи қарибулвуқуъи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон шод гашта, мехоҳем Шуморо ва тамоми мардуми шарифи Тоҷикистони азизро бо ин ғалабаи бузург табрик намоем. Ғалабаи Шумо дар интихобот ин ғалабаи аклисолим ва миллати бузурги мост. Имрӯз тамоми мардуми кишварамон дарк намудаанд, ки маҳз Шумо метавонед, орзуву ормонҳои як миллати тӯли асрҳо зачркашидаро дар ҳаёт амалӣ созед. Барояшон як давлати демокративу ҳуқуқбунёд, як кишвари озоду ободро бунёд кунед.
Шумо Ҷаноби Олӣ, дар як муддати кӯтоҳи таърихӣ тавонистед аз ҳеҷ ҳар чи созед. Дар як биёбони холӣ кохи бузурге бунёд намудаед, ки ифтихор ва хонаи умеди тоҷикони тамоми дунё мебошад. Шумо миллати тоҷикро ба хиради азалиатон тавонистед ба оламиён муарифӣ намоед. Шумо дар назди миллат он рисолатро адо намудед, ки замоне Исмоили Сомонӣ анҷом дода буд ва номи некатон дар саҳифаҳои таърих бо ҳарфҳои заррин сабт гардидааст.
Мо раштиён барои ҳама дастгирӣ ва ғамхориҳои падарона ба Шумо арзи сипос менамоем ва дуъо мекунем, ки руҳи поки волидайни Шумо ҳамеша дар Фирдавсӣ барин то ҷовидон роҳату осуда бошанд. Рашт солҳои охир дар ҳақиқат ба як гӯшаи зебои мамлакат табдил ёфтааст.
Итминони комил дорем, ки давоми ҳафт соли оянда Тоҷикистони азизи мо рушду тараққӣ ёфта, қатори ободтарин кишварҳои олам ҷой хоҳад гирифт.
Ҷаноби Олӣ,
Барои Шумо дар ин вазифаи пурмасъулият ва душвор барори кор, тани сиҳат, хонаи обод ва пирӯзиҳои бузургро таманно дорем. Саодатмандии миллати шарифи тоҷик ба истеъдод, хирад ва фидокориҳои Шумо ниёз дорад.
Бо арзи эҳтиром, сокинони ноҳияи Рашт:
Мирзов Ш., Тоҷидинов Р., Абдуҷамилов Х., Шарифхуҷаев А., Абдуллоев С., Саломов А. ва дигарон ҷамъ 200 нафар.


Мавзӯъ: Сухани табрикӣ
Ному насаб: Алимова Арафамо Усмоновна
Ҷойи кор: Роҳбари бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Литсейи касбии саноати кимиёи №40
Суроға: ш.Сарбанд (ОКТ № 40) кӯчаи Рӯдакӣ 21
Рақами телефон: 908009520
E-mail: 1987aa

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Маъмурият, ҳайати муҳандисӣ - педагоӣ ва тамоми донишҷӯёни Литсейи касбии саноати кимиёи №40-и ш. Сарбанд (гузашта омӯзишгоҳи касбӣ - техникии № 40 ш. Калининобод) аз он ифтихор доранд, ки муассисаи таълимие, ки Шумо соҳиби касб шудаед, таҳсил ва кор мекунанд.
Аз он хурсанд ҳастанд, ки мардуми азизи мо ва тоҷикони бурунмарзӣ ба Шумо эътиқоди бузургеро доранд. Шуморо ба муносибати бори дигар Президенти мамлакат шуданатон табрик намуда, ба Шумо нерӯи тозаи сарвари, қиёфаи неки юсуфӣ, саломатӣ ва бурдбориро барои ҳхар як кори нияткардаатон таманно дорем.
Директори Литсейи касбии саноати кимиёи ш. Сарбанд, Мирзоев Анвар Кенчаевич

Мавзӯъ: Ба бахти ман!
Ному насаб: Нусратуллои Маҳмадулло
Ҷойи кор: донишҷу
Суроға: н. Шаҳринав
Рақами телефон: 918972641
E-mail: nusrat_1992

Ассалому алайкум Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ҷаноби Олӣ! Ба бахти худ, ба бахти кулли мардуми Тоҷикистон Президентии шуморо муборак медонам ва пирӯзии худ шуморида мехоҳам минатдории худро барои дастгириҳоятон баён намоям.
Бо дастгири падаронаи Шумо ман дар маъракаи муҳими сиёсӣ, интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистони азизамон роҳ ёфта, ҳамчун аъзои гуруҳи муштараки дастгоҳи маркази ҲХДТ фаъолият намудам. Ин дастгирии падоронаи Шумо барои мукамал гардонидани диди сиёсии ман мусоидат намуд. Бо сипоси бепоёни меҳандустона, аз Шумо хоҳиш ба амал меорам, ки дар дигар маъракаҳои сиёсӣ маро роҳнамоӣ кунед, то ман низ оянда сиёсатмадори хуб, некбин ба воя расида, ба халқу ватанам хизматҳои фарзандона анҷом диҳам. Иштироки ман дар ин гуна маракаҳои сиёсӣ пеш аз ҳама барои мукаммал сохтани диди сиёсии ман замина мегузорад.
Барои ташвиш доданам узр мапурсам. Аз дастгириҳои падаронаатон ҳамавақт сипосгузорам, зеро...

Хурдаги моён, ки шири модарем,
Дар Ватан гуем, ки мо аз чӣ камем?
Сад шукр озоду тинҷу беғамем,
Ҳар яке хушбахтарини оламем.

Ҳаст моро Сарвари оли ҷаноб.
Баҳраҳо гирифта зи садҳо китоб.
Баҳри халқаш мекашад ранҷу азоб,
Мекунад пайваста у кори савоб.

Мавзӯъ: Номаи табрикоти.
Ному насаб: Раҳимбек Хоников
Ҷойи кор: Сармуҳосиби почтаи ноҳияи Ишкошим
Суроға: маҳаллаи "Ҷавонон"-и ноҳияи Ишкошими ВМКБ
Рақами телефон: 934296810
E-mail: tatish84@mail.ru

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Шуморо ба муносибати бори дигар ба мансаби олии кишвар- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гаштанатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Ман ҳамчун як ҷавони Ишкошимӣ доимо ва пайваста сиёсати хирадмандонаи Шуморо дастгирӣ намуда, баҳри ободкориву созандагии кишвари азизам Тоҷикистон саъю кӯшиш менамоям. Ҷаноби Олӣ, чун дигар манотиқи кишвар, ноҳияи Ишкошим ҳам дар интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок намуда, 94,5% фоизи интихобкунандагон ба ҷонибдории Шумо овоз доданд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки мардуми сарбаланди Ишкошим ҳамеша ва ҳама вақт бо Шумо ҳастанд. Мардуми Ишкошим ҳануз ҳам дар зери таасуроти суханронии Шумо ҳастанд, ки дар ваҳти сафари ба наздики анҷомдодаи Шумо ба ноҳия ироа гардид.
Ҷаноби Олӣ, ман мехоҳам, ки Номаи табрикотии манро дар нашрияи расмии кишвар- рӯзномаи "Ҷумҳурият" ба таъб расонед. Пешаки сипосгузорам.
Дар охир бори дигар Шуморо табрик гуфта, ба шумо дар корҳоятон бурдбориҳо, комёбиҳои беназир ва ба халқи азизам Тоҷикистон шукуфои ва сулҳу ваҳдати ҳамешагӣ орзумандам.
Хоников Рахимбек Нафасбекович - сокини маркази ноҳияи Ишкошими ВМКБ.

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Моҳираи Гулмурод
Ҷойи кор: Парлумони ҶТ
Суроға: ш. Душанбе
Рақами телефон: 918 27 37 47
E-mail: mohira-1980@mail.ru

Табрикоти самимии худ ва оилаамонро ба Шумо Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мерасонам.
Маҳз баракати Шумо Ҷаноби Олӣ аст, ки мо ҷавонон дар сояи давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистони азизам нафаси тоза мекашем ва дар мақомотҳо давлатӣ кор карда, аз сиёсати пешгирифтаи Шумо ҳамеша дастгирӣ хоҳем кард. Орзу мекунам, ки баҳори зиндагии Шумо ва Тоҷикистони азизам ҳеҷ хазон нагардад ва ҳамеша мардумаш дар зери раҳбарии Шумо озод ва сарбаландона зиндагӣ кунанд.
Мо ахлу оила Шуморо дӯст медорем ва дуогӯи ҳамешагии тансиҳатӣ, умри дарози пурбаракат, муваффақиятҳои беназир ва сарбаландии Шумо ҳастем муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон!

Мавзӯъ: Поздравление
Ному насаб: Джамолиддин Расулов
Ҷойи кор: ООО Джамол-2012.
Суроға: г.Душанбе
Рақами телефон: +992 919027010
E-mail: tajrecruiting@mail.ru


Уважаемый господин Президент Эмомали Рахмон,
Сердечно поздравляем Вас по случаю переизбрания на высокий пост Президента Республики Таджикистан.
Ваша убедительная победа на выборах свидетельствует о высоком доверии к Вам, нашего народа.
Пользуясь, случаем, желаем Вам, уважаемый господин Президент, крепкого здоровья, счастья и успехов в Вашей государственной деятельности во благо нашего родного Таджикистана.
Коллектив молодых Предпринимателей ООО Джамол-2012.


Мавзӯъ: Табрикот аз номи Ҳамкурсатон
Ному насаб: Шамсиева Гулчеҳра
Ҷойи кор: ҶСК “Тоҷиксодиротбонк”-и ш. Панҷакент
Суроға: ш. Панҷакент, к. Н. Хисрав
Рақами телефон: +992905015124
E-mail: sabo_n@list.ru

Салом Ҷаноби Олӣ.
Шуморо барои дар интихоботи навбатӣ пирузӣ ба даст оварданатон аз самими қалб табрику муборакбод мегӯям.
Шахсан аз номи худам, аҳли оилаам ва сокинони шаҳри Панҷакент барои Шумо ва хонаводаатон аз даргоҳи Илоҳӣ саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву хушҳолӣ ва ба корҳои ояндаатон бурдбориҳои беназирро таманно дорам.

Мавзӯъ: Номаи табрикоти
Ному насаб: Икромов Ислом Истамович
Ҷойи кор: Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон
Суроға: ш. Душанбе, кӯчаи Рӯдакӣ, 191, утоқи 27
Рақами телефон: 907 97 98 50
E-mail: islom_58@mail.ru

Ассалому алейкум, Ҷаноби Олӣ, Президенти тозаинтихоби кишвари гулгулшуфони мо – Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон!
Иҷозат фармоед ман Шумои дӯстдори миллату меҳан, сулҳдӯсту сулҳофар, азизу меҳрубони ҳар хонадони тоҷику тоҷикистонӣ ва тамоми тоҷикони бурунмарзиро шахсан аз ному худам ва аҳли оилаам, аз номи аҳли ҳамкоронам ва аз номи тамоми тоҷикони бурунмарзӣ, ки доим дуогӯи Шумои бузургвор мебошанд , ба муносибати аз нав ба мансаби сатҳи баланди Давлатӣ - Президенти Ҷуҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон, аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо фарзанди фарзонаи миллати тоҷик ва аҳли оилаатон сиҳату саломатии бардавом орзу намоям ва аз офаридгор илтиҷо кунам, ки дар кори бисёр мушкили давлатдорӣ ёру мададгори Шумо бошад, то ки Шумо тавонед Модари азизи мо - Тоҷикистонро боз ҳам ободтар гардонида, обрӯю эътибори тоҷикону Тоҷикистонро дар арсаи байналмилалӣ боз ҳам баландтар бардоред.
Ман ба ин боварии комил дорам. Чунки таърихи начандон тӯлонии давраи Истиқлолияти Тоҷикистон шоҳиди он аст, ки Шумо бо дастгирию мадади офаридгор тавонистед, ки як давлати офатзада ва мардуми аз оянда ноумедгаштаву парокандашударо сарҷамъ намуда, сулҳу салоҳро дар кишвар пойдор гардонед ва на фақат маркази кишвари азизамон – Тоҷикистон – Душанбешаҳрро, балки тамоми шаҳру ноҳияҳои онро обод намуда, ба гулу гулзор табдил диҳед.
Хизматҳои Шумо дар назди миллату Ватан бениҳоят бузург аст. Шумо бузургед, Шумо Шахси Худодод хастед ва Нури Илоҳӣ дар рӯйи Шумо ҳувайдост. Бо шарофати Шумо хозир Тоҷикистонро мардуми тамоми Сайёра мешиносад. Пешниҳодоти Шумо дар Созмони Милали Муттаҳид пазируфта мешаванд, Шуморо яке аз 500 нафар фарзонафарзандони Олами Муслин мешиносанд ва дар ҳаллу фасли баъзе масъалаҳо Тоҷикистон, албатта бо сарварии Шумо, нақши пешбарандаро мебозад, ки ин ҳама фахри миллати тоҷик ва Давлати Соҳибистиқлоли Тоҷикистон аст.
Чӣ гӯям, ки гуфтаниҳо бисёранд. Суханамро дар ҳамин ҷо хотима дода, гуфтаниам, ки Мо доимо бо Шумоем ва бо Шумо мефахрем, Худо кунад, ки Шумо на фақат 7 соли оянда, балки солҳои тӯлонӣ саробони миллати меҳнаткашу асрҳо азиятдидаи тоҷик ва Тоҷикистони соҳибистиқлол бошед. Бори дигар аз самими қалб Шуморо табрик мегӯям.
Пирузӣ муборак бод, Президенти маҳбуб ва азизу меҳрубон, Эмомалӣ Раҳмон.
Бо эҳтироми самимӣ, мудири кафедраи Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон, доктори илмҳои техникӣ, профессор, аъзо корреспонденти Академияи муҳандисии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Икромов Ислом Истамович.


Мавзӯъ: Табрикнома
Ному насаб: Кодирзодаи Нилуфар
Ҷойи кор: бекор
Суроға: ш. Душанбе кӯчаи Борбад 72/5 кв. 15
Рақами телефон: 501100343
E-mail: nasrin_nikol@mail.ru

Ассалому алайкум Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!
Ман Қодирзодаи Нилуфар аз номи худам ва аҳли оилаамон мехоҳам Шуморо, Ҷаноби Олӣ, бо ин рӯзи зафару нусрат табрик намоям!
Дар ин интихоботи шаффофу покиза ман Шуморо интихоб намудам, Ҷаноби Олӣ, зеро ин интихоб интихоби дуруст буд ва ояндаи дурахшони Тоҷикистонро танҳо бо роҳбарии Шумо мебинам. Сардории Шумо ба халқи Тоҷикистон сулҳу ососиштагӣ ва амнияти халқро таъмин менамояд. Шумо ягона номзади арзандаи Тоҷикистон ҳастед. Хушҳол аз он ҳастам, ки боз Тоҷикистони азизамонро дар зери ҳимояву роҳбарии Шумо мебинам. Хурсанд аз он ҳастам, ки интихоби ман ғалаба кард. Шодии ман хадду канор надорад. Бигзор Худованд нигаҳбони Шумо бошаду, Шумо ҳамавақт ёвари ҷавонони Тоҷикистон бошед. Хаста набошед, Ҷаноби Олӣ. Бигзор Худованд аз Шумо розӣ бошад ва ба Шумо умри дарозу пурбаракатро насиб бигардонад. Ба Шумо пеш аз ҳама саломатӣ, дили бе ғам, комёбиҳои бепоён ва тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Умедворам, ки табрикоти маро қабул мефармоед, Подшоҳи Тоҷикистони азиз, Ҷаноби Олии Олиҳон Президенти гиромиқадр Эмомалӣ Раҳмон!

Номаҳои зиёди табрикӣ, ҳамчунин аз номи Қосимов Акбарҷон(Донишҷӯ аз шаҳри Томск), Абдуаҳад Каримов(в. Суғд), Муҳаммадҷон Мусоев(курсанти бахши якуми КИИ ВҲФ Ҷумҳурии Белорус), Ширинҷон Розиқзода(Донишҷӯи бахши 3-юми ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино), Абдусамӣ Нурматов(ш. Москва), Ҷамшед Зокиров(Роҳбари миссияи Масеҳии "Свет Миру"), Саидмурод Абдуваҳҳоб (нафақахӯр аз н. Варзоб, қишлоқи Чорбоғ), Усмон Расулов(профессори ДДТТ ба номи Абуалӣ ибни Сино), Марворӣ Ҷалилова(н. Ишкошим) Ҳилола Турсунова(ш. Турсунзода), Исломуддин Раҷабов(Раиси Созмони Тоҷикистониён дар вилояти Челябински Федератсияи Россия), Олими Маҳмуд(муаллим аз ноҳияи Айнӣ), Даврони Тӯйчизода(ш. Панҷакент) ва даҳҳо шаҳрвандони дигар ворид шудаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520