Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияҳои шодбошӣ аз Амир ва Сарвазири Давлати Қатар

11.11.2013 11:05, шаҳри Душанбе

Амири Давлати Қатар Тамим ибни Ҳамад Оли Сонӣ ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Боиси хушнудии ин ҷониб аст, ки ба муносибати бори дигар интихоб гардидан ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шуморо аз номи мардуми Давлати Қатар ва шахсан аз номи худам самимона табрик намоям.

Бо истифода аз ин фурсат беҳтарин таманниёти худро ба Ҷаноби Олӣ иброз медорам ва идомаи муваффақиятҳо ва пешрафту рифоҳияти бештарро ба мардуми шумо хоҳонам ва итминон медиҳам, ки майли мо ба манзури тақвияти бештари равобити дӯстӣ ва ҳамкорӣ байни ду кишвари мо давоми раёсати нави Шумо аст”.

Дар барқияи шодбошии Сарвазир ва Вазири корҳои дохилии Давлати Қатар Абдулло ибни Носир ибни Халифа Оли Сонӣ омадааст:

“Ҷаноби Олӣ,

Хушоянд ҳастам, ки Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба муносибати муҷаддан интихоб шуданатон ба мақоми раёсатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гӯям ва таҳанниёти самимонаро бо дарёфти комёбиҳо ва пешравиҳои бештар ба мардуми кишвари дӯст таманно намоям”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520