Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияҳои шодбошӣ аз Президенти Украина, Сарвазири Ҷумҳурии Туркия, Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил ва Президенти ифтихории Бунёди Хайриявии «Тоҷикистон»

09.11.2013 18:42, шаҳри Душанбе

Президенти Украина Виктор Янукович ба Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Таҳнияти маро ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.

Пирӯзии комили Шумо нишонаи ҷонибдории маруми тоҷик аз сиёсати пешгирифтаи Шумост, ки ба рушди устувори иқтисоди мамлакат ва некӯаҳволии мардуми он нигаронида шудааст. Боварӣ дорам, ки ҳамкориҳои созандаи миёни Украина ва Тоҷикистон дар тамоми самтҳои мавриди таваҷҷуҳи ду ҷониб минбаъд низ дар асоси муносибатҳои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум рушд хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович сиҳатии комил ва ба халқи дӯсти Тоҷикистон саодатмандиву рифоҳро таманно дорам”.

Дар барқияи шодбошии Сарвазири Ҷумҳурии Туркия Раҷеп Тайип Эрдоган омадааст:

“Ҷаноби Президент,

Бародари олиқадр,

Дар натиҷаи интихоботи президентии рӯзи 6 ноябри соли 2013 баргузоргардида, бори дигар Ҷаноби Олӣ, ба мақоми Президентӣ интихоб гардиданатон шахсан аз номи худам ва халқи турк Шуморо ва халқи бародари тоҷикро самимона бо беҳтарин таманниёт табрик мегуям.

Баргузории муваффақонаи интихобот дар шароити оромии комил хурсандиовар мебошад. Таманнои онро дорам, ки натаҷаи интихобот ба халқи Тоҷикистон хайру саодат меорад.

Орзумандам, ки дар ин марҳилаи нав инкишофи соҳаҳои иқтисодиёту сиёсати кишваратон давом ёфта суботу рифох афзоиш хоҳад ёфт. Кишвари Туркия то имрӯз мисли пештара низ кӯшиши ба рушду таҳким равоннамудаи Тоҷикистонро дастгирӣ хоҳад кард.

Итминони комил дорам, ки дар марҳилаи нав ҳамкорӣ ва равобити миёни Туркияву Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи манфиатҳои мутақобила равнақ меёбад.

Бо истифода аз фурсат ба Шумо ва халқи бародари Тоҷикистон саломатӣ, хушбахтӣ ва беҳбудӣ орзумандам”.

Дар номаи шодбошии Раиси Кумитаи иҷроияи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил Сергей Лебедев омадааст:

«Эмомалӣ Раҳмони гиромиқадр!

Бо бозгашт ба Маскав мехоҳам Шуморо аз самими қалб ба муносибати аз нав ба мансаби олии давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон муборакбод гӯям.

Ман ҳамчун роҳбари ҳайати нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил шоҳиди ғалабаи комили Шумо дар интихоботи президентӣ будам.

Зери роҳбарии оқилонаи Шумо дар кишвар эҳёи иқтисодӣ, ислоҳоти иҷтимоиву маъмурӣ ҷараён дошта, демократикунонии ниҳодҳои ҷамъиятиву давлатӣ пойдор аст.

Бо шарофати татбиқи мунтазами ин роҳи дурандешона ва стратегӣ Тоҷикистон дар хориҷи дуру наздик шуҳратёр гардида, фаъолият ва нақши он дар арсаи байналмилалӣ таҳким меёбад.

Маҳз ба ҳамин хотир интихобкунандагон интихоби худро карданд.

Аминам, ки фаъолияти Шумо дар мансаби президентӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба дастовардҳои нави сиёсӣ ва рушди иҷтимоиву иқтисодӣ расонида, минбаъд дар густариш ва таъмиқи ҷараёнҳои созандагӣ дар доираи ИДМ саҳм хоҳад гузошт.

Бо таҳнияти самимӣ ба муносибати пирӯзӣ дар интихоботи президентӣ ба Шумо аз самими қалб сиҳатии комил ва дар фаъолияти бисёрҷонибаи давлатӣ саодатмандию муваффақият таманно дорам”.

Габриел Давидов, Президенти ифтихории Бунёди Хайриявии «Тоҷикистон» дар номаи шодбошии худ мегӯяд:

“Эмомалӣ Шарифовичи азиз!

6-уми ноябри соли 2013 - аз нав барои ҳафт соли оянда ба мансаби Президнти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон дар ҳаёти халқи тоҷик ва дӯстони содиқи Тоҷикистон, ки сокини Амрикоянд, рӯйдоди басо муҳим буд. Ман аз номи оилаи худ, дӯстони амрикоиатон, инчунин аз номи ҷомеаи 50- ҳазорнафараамон Шуморо аз самими қалб ба муносибати ғалабаи комилатон дар интихобот табрик гуфта, ба Шумо, оилаатон ва кулли мардуми тоҷик саодатмандӣ ва сулҳу шукуфоӣ таманно дорам.

Мо шаҳрвандони амрикоии мутаваллиди Тоҷикистон бо Шумо – Сарвари давлат ифтихор дорем. Зеро таҳти роҳбарии Шумо аснои ҷанги шаҳрвандии ибтидои солҳои 90-ум истиқлолияти кишвар ҳифз гардида, дар Тоҷикистон бунёди муваффақонаи ҷомеаи демократӣ оғоз шуд ва Тоҷикистон ҷомеаи ҷаҳониро бовар кунонид, ки ҷонибдори ғояҳои демократӣ аст.

Дубора интихоб гардидани Шумо кафолати идомаи дӯстӣ бо Амрико ва итминон ба ҷонибдории минбаъдаи кишварҳоямон дар самти мубориза бо терроризми байналмилалист.

Мо - дӯстони содиқи Шумо ҳамеша ҷиҳати таҳкими дӯстӣ миёни мардуми Тоҷикистону Амрико, инчунин ҷиҳати болобурди сатҳи зиндагии мардуми тоҷик талош хоҳем кард.

Ба Шумо дар корҳои некатон, ки ба манфиати мардуми тоҷик равона гардидаанд, муваффақиятҳо таманно дорем”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520