Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Табрикоти мардуми кишвар

08.11.2013 18:11

Ба номи Президенти навинтихоби Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати пирӯзиаш дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи мардуми касбу кори гуногун аз тамоми гӯшаю канори кишвар номаҳои самимии шодбошӣ ворид мешаванд.

Номаҳои мардум саршор аз андешаҳои шодию нишот аз пирӯзии Эмомалӣ Раҳмон дар интихоботи навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва лабрез аз эҳсосоти сарфарозӣ аз фазои оромию суботи ҷумҳурӣ, рушди иҷтимоию иқтисодӣ ва болоравии обурӯю нуфузи Тоҷикистони азиз дар арсаи ҷаҳонӣ аст.

Аксари ин номаҳо ба чунин мазмуну муҳтавоянд:

Мавзӯъ: Ба прездиденти беҳтарини ҷаҳон.
Ному насаб: Рустам Бегалиев
Ҷойи кор: калисои "Хушхабар"
Суроға: ш. Душанбе. к. 50 солагии Тоҷикистон. Хонаи 39, ҳуҷраи 1.
Рақами телефон: 934411207
E-mail: rustam.begaliev@gmail.com

Салом Ҷаноби Олӣ, Приздиденти азизи ман Эмомалӣ Шарифович.
Ман Рустам Бегалиев пастори калисои масеҳиёни тоҷик “ХУШХАБАР” ин мактубро менависам. Бо навиштани ин нома мехоҳам ба Шумо эҳтиром ва миннатдории самимии худро, барои он корҳои бузурге, ки Шумо барои давлати азизамон Тоҷикистон ва халқамон кардед, изҳор намоям. Шумо барои давлати мо бисёр хизмат кардед.
Шумо барои ман қаҳрамон ва намӯнаи ибрат ҳастед. Вақте, ки ман ба Шумо ва корҳое, ки Шумо барои халқ ва давлати мо мекунед мениганам қалби маро ҳисси ватандӯсти пур мегардонад. Шумо беҳтарин Прездидент дар ҷаҳон ҳастед.
Ман ва ҳама имондорони калисои мо, ва ҳама масеҳиёни Тоҷикистон барои Шумо, ҳукумат ва тамоми давлатамон ҳамеша дуо мекардем ва дуо мекунем. Барои он ки дар Китоби Муқаддас (Каломи Худо) навишта шудааст: “дар навбати аввал хоҳишмандам, ки дуоҳо, илтимосҳио ва шукронаҳо ба ҷо оварем, барои ҳамаи одамон, барои Подшоҳон ва ҳукуматдорон” (Инҷил: номаи 1 ба Тимотиюс боби 2 ояти 1, 2). Мо ин каломро иҷро мекунем.
Ман аниқ медонам ва бовар ба он дорам, ки Шумо Прездиденте ҳастед, ки аз ҷониби Худо интихоб ва таъин шудаед. Чун ки дар Китоби Муқаддас навишта шудааст:”Ҳар шахс бояд ба ҳокимиятҳои боло итоат кунад; зеро ҳеҷ ҳокимияте нест, ки аз Худо набошад, ва ҳокимиятҳои мавҷуда аз ҷониби Худо муқаррар шудаанд, (аз он ҷумла ҳокимияти Подшоҳ (Приздидент) бинобар ин ҳар ки ба ҳокимият муқобилат кунад, бар амри Худо исьён(муқобилат) кардааст” (Инҷил: Румиен боби 13 ояти 1ва 2). Мо ба ин калом бовар дорем, ин каломро иҷро мекунем ва иҷро кардани онро ба ҳама таълим медиҳем.
Ва махсус мо барои интихобот дуо кардем. Мо дар калисо 21 рӯз рӯзаву дуо эълон кардем. Ва ҳар субҳ аз соати 6:30 то 7:30 ҳама имондорон дар калисо якҷоя ҷамъ шуда барои интихобот, барои ҳукумат ва тамоми давлат дуо кардем, то ки Худо интихобот, ҳукумат ва тамоми давлатро баракат диҳад. Ва махсус барои Шумо дуо кардем, ки Худо бори дигар Шуморо прездидент интихоб ва таъин кунад. Бигзор Худо Шуморо, ҳукумат, давлат ва халқи моро баракат диҳад. Бигзор баракат, муҳофизат ва раҳмати Худо бар Шумо, бар Ҳукумат, бар давлат ва бар халқи мо бошад. Бигузор сулҳу оромӣ инкишоф ва тараққӣ ба давлати мо ояд. Имрӯз рӯзи охири дуо ва рӯзаи 21 рӯза буд.
Ман ҳамеша дуо мегӯям ва яқин бовар дорам, ки Худо Шуморо, Ҳукумат ва Давлати моро боз ҳам бештар баракатмедиҳад. Ба давлат ва халқи мо баракатҳои калони худо меоянд. Худо иқтисоди моро, сиёсати моро, системаи қонунбарории моро, системаи маорифи моро, системаи тандурустии мо ва ҳама соҳаҳои зиндагии ҷамъияти моро баракат медиҳад. Худо ҷавонони моро баракат медиҳад бовар дорам, ки аз байни онҳо олимону донишмандон дар мқёси ҷаҳонӣ мебароянд. Ман бовар дорам, ки Худо давлати моро он чунон баракат медиҳад, ки дигар одамони мо ба Руссия ва кишварони дигар барои кор намераванд бал ки аз дигар кишварон ба Тоҷикистон меоянд. Вақте фаро мерасад, ки ҷаҳон Шумо ва Тоҷикистонро (давлати тоҷиконро) мешиносад чӣ тавре, ки таърих подшоҳи бузург Куруши Кабир ва Империяи Пуриқтидори Форсро мешинохт.
Ҳоло бошад ба ҳавзаи интихоботӣ меравам то ки ба Шумо овоз диҳам.
Бигзор дасти Пурфайз ва Пуриқидори Худое, ки ман ба Ӯ имон дорам бар сари шумо прездиденти азизам Эмомали Шарипович бод, то ки Шуморо баракат диҳад ва муҳофизат кунад.
Бо эҳтиром Рустам. Дар номи Худованд Исои Масеҳ.

Тема: Салом
Дата: Thu, 07 Nov 2013 15:15:00 +0400
От: Джамшед Одинаев <jamshed79@bk.ru>
Отвечать: Джамшед Одинаев <jamshed79@bk.ru>
Кому: mail <mail@president.tj>

Номаи табрикӣ
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон инҷониб, Шуморо барои пирузи ба даст овардан дар интихоботи Раёсати Ҷумҳурӣ аз самими қалб табрику муборакбод гуфта, барои Шумо ва хонаводаи маҳбубатон саломативу сарбаландӣ, хушбахтиву хушҳолӣ ва дар 7-соли оянда бурдбориҳои калонро орзумандам.
Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Бузургон мегуянд «Таърихи гузаштаи худро биомӯз, чунки вай муаллими ояндаи ту аст». Вақте, ки мо ба таърихи 22-соли давлатамон бинигарем дар солҳои аввал, яъне замони ҷанги шаҳрвандӣ тамоми мардум, алалхусус зиёиён аз ояндаи кишвар ноумед шуда буданд.
Ҳар яке аз шаҳрвандон аз пиру ҷавон ва равшанфикрон орзуи он мекарданд, ки кай боз як Исмоили Сомонии сонӣ пайдо шаваду ин миллати ҷангзодаро аз парокандаги нигоҳ дорад.
Шоир Хайрандеш гуфта буд:
Кош боз Исмоили Сомоние пайдо шавад.
Тоҷикистон бишканад то ормони тоҷикӣ
Худованди меҳрубон ба ин миллат раҳм намуда, дар солҳои мудҳиш Шуморо сари қудрат овард. Ва аз қудуми мубораки Шумо ба тадриҷ мулк тинҷу амон ва рушд намуд.
Ман, ки як муаррих ҳастам ба солҳои сари қудрат омадани шахсиятҳои бузург диққати ҷидӣ медиҳам ва бо мувофиқ омадани солҳои таърих, ки баъди чандин аср ба вуқуъ меояд лаззат мебарам.
Соли 992 дар давлати Сомониён шоҳ Исмоили Сомонӣ сардори давлат шуд. Ӯ тавонист, ки ин давлатро мустаҳкам ва пешрафташро ривоҷ бидиҳад. Баъди 1100 сол худованд дар соли 1992 Шуморо сардори давлати нави тоҷикон, сари қудрат овард. Шумо дар муддати кӯтоҳтарин ин кишвари ҷангзадаро ба сулҳу ваҳдат оварда, тоҷиконро аз вартаи набуди наҷот додед.
Худованд мегуянд (Туътил мулка ман ташоъ..)Худованд мулкро ба ҳар касе хоҳад ба он нафар медиҳад. Ин фазилати худодод буд, ки Шумо тавонистед миллати гумшудаву шикастаю рехтаро ҷамъ намуда ва сулҳу ваҳдатро дар Тоҷикистони азизамон пайдор кардед ва бо фазилатҳои худои мутаъол Шумо миллати гумноми тоҷикро дар арсаи миллали муттаҳид баланд бардоштед ва бо иродаи худои таъоло машҳур сохтед. Дар замони Шуравӣ гарчанде, ки Тоҷикистон як узви мамлакати Шуравӣ буд, аммо дар Россия намедонистанд, ки тоҷик ва Тоҷикистон вуҷуд дорад, ё не.
Агар ман Тоҷикистониям мегуфти русҳо ҷавоб мегардонанд, ки Тошкент ё баъди истиқлоли кишвар ба як Иронӣ мегуфти ман аз Тоҷикистонам у мегуфт аз Токистонӣ, шаҳри хурде, ки дар Эрон аст.
Алҳамдулиллоҳ бо заҳматҳои ҷаноби Шумо на ин, ки Россия, балки тамоми мамлакатҳои ҷаҳон тоҷикро шинохт ва бо иродаи аллоҳ аз сарвари тоҷикон сарварони миллали дунё таҷрибаомӯзи карда истодаанд.
Инҷониб, суханро зиёд накарда ҳамчун як фарди ҷавон гуфтаниям, ки ҷавонони Тоҷикистон, алалхусус ҷавонони Кӯлобшаҳри бостонӣ аз дастгирӣ ва ғамхориҳои Шумо бисёр миннатдор мебошем.
Ман бо дастгирии Шумо Ҷаноби Олӣ дар хориҷӣ кишвар дарс хондам ва боз бо дастгириатон дар шаҳри Кӯлоб соҳиби ҷойи кор шудам. Сиёсатҳои хирадмандонаи Шуморо аз соли 1994 то инҷониб дастгири мекунам ва ҳамеша дуои нек барои Шумо ва хонаводаи азизатон менамоям.
Хусусан вақте ба зиёрати мақбари Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва Ҳоҷи Ҳусайни Кангуртӣ, ки гузаштагони банда он ҷо мадфун шудаанд меравам дар оромгоҳи ин бузургон ҳатман бароятон дуо мекунам, ки солҳои сол дар болои сари ин миллат бошед.
Ман ҳамчун ҷавон аз он шод ҳастам, ки барои бори дигар ғалаба ба даст овардани Шумо дар 7-соли ояндаи кишвар барои сулҳу ваҳдат пойдор мондан умеди калон аст, иншоаллоҳ метавон гуфт гарантия аст, сулҳ барои мо ҷвонон аз ҳама неъматҳо болотар аст.
Дар охир як хоҳиш доштам аз Шумо Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон. Барои он некиҳое, ки дар ҳақам кардаед мехоҳам, дар сафарҳои минбаъдаатон ба шаҳри Кӯлоб бо Шумо вохӯрда, саломуалайк намуда, бо ҳамроатон як акси хотиравӣ гирам.
Бори дигар Шуморо барои ин комёби табрик намуда, тамоми хушиҳои зиндагиро орзумандам.
Саломат бошед.
Бо Эҳтиром,
Мудири бахши дини
М.И.Ҳ.Д-и шаҳри Кӯлоб: Одинаев Ҷамшед.

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Нуров Чалолиддин
Ҷойи кор: Кумитаи чавонон,варзиш,ва сайёхии назди Хукумати Чумхурии Точики
Суроға: куч.Варзишгарон 6
Рақами телефон: 2367815
E-mail: kmst2012@mail.ru

Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ,

Шуморо бо муносибати бори дигар ба мансаби Олии давлатӣ, яъне ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон аз сидқи дил муборакбод менамоям. Хизматҳои шоёни Шумо барои ободу зебо намудани Ҷумҳурии азизамон Тоҷикистон бо ҳарфҳои заррин дар варақаҳои таърих нақш ёфтанд.
Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, таваҷҷӯҳ, ғамхорӣ ва дастгирии пайвастаи Шумо нисбат ба мо ҷавонон боиси ифтихор ва толеъбаландист.
Ман як нафар фарзанди замони истиқлол аз масъулияти баланди Ватандориятон ифтихор мекунам ва ҳамеша барои дар амал татбиқ намудани дастуру ҳидояти Шумо тайёрам.
Мӯҳтарам Ҷаноби Олӣ, 6 ноябри соли 2013 дар саҳифаи таърихи тоҷик санаи муҳим ва хотирмон нақш мегузорад. Зеро дар ин сол Шумо ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби халқ интихоб гардидед.
Аз ин фурсати муносибу таърихӣ истифода бурда, Шуморо ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрику муборакбод намуда, ба Шумо саодати рӯзгор, умри дарози пурбаракат ва амалӣ гардидани тамоми ниятҳои некро баҳри пешрафту шукуфоии Модари азизу ягона-Тоҷикистони соҳибистиқлол таманно менамоям. Ин самимияти худамро бо шеъри навиштаам ҳамчун шоир арзёбӣ ва маънидод мекунам.

Бодо ҳалолат шоҳӣ ман ин тоҷу тахту сарварӣ

Эй Раҳбари Олии мо аз нав шуди ту интихоб.
Тоҷи шаҳаншоҳӣ ба сар, дишаб туро дидам ба хоб.

Аҳсан турову офарин, зебо намуди меҳанат.
Сарвар будан бодо ҳалол, чун шири модар бар танат.

Карди сияҳҳиро сафед, бахшидӣ бар дилҳо умед.
Сӯлҳофари даврони мо дар Роҳбарӣ роҳат сафед.

Дар фикри они то ҳанӯз, Роғуни худ гардон кунӣ.
Ҳам равшании хонаро бар тоҷикон арзон кунӣ.

То нақшаат гардад амал, Яздон нигаҳдорӣ ту бод.
Чашми ҳасудон безарар, аз кору афкори ту бод.

Пиру ҷавон фаҳмидаем, ки тӯҳфаи бар ин Ватан.
Аз ту муҳофиз мешавем, бо нақди ҷон бо нақди тан.

Аз имтиҳони мардумон бигзаштаи бо боварӣ.
Бодо ҳалолат шоҳӣ ман, ин тоҷу тахту сарварӣ.

Бо эҳтиром,
Мудири бахши иттилооту таҳлилии
Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии
назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҷалолиддинн Нуров

Мавзӯъ: Табрикот аз номи аҳлу оилаи Абдулвосиевҳо аз шаҳри Ваҳдат
Ному насаб: Абдулвосиев Убайдулло Абдуллоевич
Ҷойи кор: Муассисаи давлатии маркази идоракунии лоиҳаи "Рушди деҳот"
Суроға: ш.Ваҳдат кӯчаи Б. Бурунов 15а
Рақами телефон: 98-517-01-49
E-mail: abdulvosiev-70@mail.ru

Мухтарам Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон.
Ман Абдулвосиев Убайдулло Абдуллоевич дар санаи 6 ноябри соли ҷори дар якҷоягӣ бо аҳлу оилаамон ба интихобот яъне барои овоздиҳӣ ба шахси боварии худамон, ки ояндаи миллат, нигаҳдории фарҳанги миллат ва ғайраро бар души худ мегирад, бо тарзи демократӣ овоз додем. Ва боварии комил доштем, ки миллати тоҷик он заҳматҳои Шуморо, ки то имрӯз идома доранд, қобили қабул дониста ба Шумо таваҷҷуҳи зиёд додаанд. Ин аз он шаҳодат медиҳад, ки халқи тоҷик нисбати солҳои сипаригашта яъне сол ба сол ба Шумо боварии калон бар калон доранд.
Хушбахтона имрӯз Ватани азизамон Президенти Ҷумхурии Тоҷикистонро бо тарзи демократӣ интихоб намуд. Аз фурсати муносиб истифода бурда, Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон иҷозат фармоед, ман Шуморо аз номи худ ва аз номи аҳлу оилаи Абдулвосиевҳо аз шаҳри Ваҳдат, табрику муборак бод намуда, ба Шумо умри дарози бобаракат, муваффақиятҳои нав бар нав ва тамоми иҷрои он нақша-чорабиниҳое, ки Шумо барои мо ҳамватанон дар дил орзу доред, ҷомаи амал пушанд.
Муборак бошад. Мо бо шумоем, Ҷаноби Олӣ.
Бо эҳтиром Абдулвосиев Убайдулло Абдуллоевич аз шаҳри Ваҳдат.

Мавзӯъ: Табрикнома
Ному насаб: Салимов Н.Ю
Ҷойи кор: Китобхонаи миллии Тоҷикистон
Суроға: Теҳрон 5
Рақами телефон: 2210480
E-mail: info@kmt.tj

Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Ҷаноби Олӣ,
Бо арзи эҳтироми бепоён Шуморо ва тамоми мардуми накӯиқболи Тоҷикистони азизро ба муносибати муҷаддадан интихоб шуданатон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо камоли ифтихор, шодмонӣ ва сарфарозӣ табрик менамоем. Раъйи комили интихобкунандагон ва ихлосу муҳаббати беназири мардум нисбат ба Шумо худ далели барҷастаи он аст, ки халқи тоҷик Шуморо барҳақ пешвои муаззами худ медонад, ки ормонҳои ҳазорсолаи ӯро бо бунёди давлати озоду обод ба воқеъият мубаддал намудед. Обрӯву эътибори баланд ва бесобиқаи байналмилалии Шумо обрӯву эътибори миллати тоҷик дар арсаи ҷаҳон аст, ки баъди асрҳову қарнҳо бо ливои Истиқлолу озодагӣ ва фар ҳанги шукӯҳманд мақоми таърихии худро дар анҷумани кишвар ҳои дунё бо дурахшу ҷалоли нав пойдор намуд.
Иқболу саодати мардуми тоҷик аст, ки Шумо бо ҷумлаи фазилатҳои худодод ва нодири давлатдорӣ, ҷавонмардӣ, маънавияту одамият ва садоқати бемисл ба халқу миллат дар фосилаи кӯтоҳи таърихӣ Тоҷикистонро ба мулки сабзу хуррам, сарзамини оромиву осоиштагӣ, кишвари пешрафтаву тавоно, ҷомеаи мардумсолор табдил додед. Мардуми шарифи Тоҷикистон бо ифтихору шукргузорй аз корномаҳои сарнавиштсози пешвои оламшумули худ, дар роҳи татбиқи барномаҳои ҳаётофарин ва ояндасози Шумо, Сарвари муаззамашонро ҳамеша пайрави содиқ хо ҳанд буд.
Бори дигар Шуморо ба муносибати интихоб шуданатон ба мақоми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кормандони Китобхонаи миллӣ самимона муборакбод намуда, ба Шумо сиҳатмандӣ, саодати рӯзгор, шукӯҳу ҷалоли аладдавом ва дар пайкорҳои миллатафрӯзу ҷаҳоншумули Шумо пирӯзиҳои ҳамешагиро таманно менамоем. Бигзор ба бахти миллати тоҷик ҳузури мунаввари Шумо, Ҷаноби Олӣ, давоми роҳи давлатдории навини тоҷиконро хуҷастафол нигоҳ дорад ва офтоби ҳидоятатон Тоҷикистони азизро ба гулистони иқбол ва хушрӯзиву хушбахтиҳо раҳнамун бошад. Бо эҳтиром,
Н.Салимов,
Директори Китобхонаи
миллии Тоҷикистон

Мавзӯъ: Аз сами қалб.
Ному насаб: Маҳмадюсуф Ҷиёнқулов.
Ҷойи кор: Маъюби гуруҳи якум
Суроға: ноҳияи Рашт, ҷамоати Навдӣ, деҳаи Қалъаи-шайх
Рақами телефон: 918849953
E-mail: mahamadysuf@mail.ru

Ассалому алайкум Раиси чумҳур, фарзанди фарзонаи миллати тоҷик, ғамхори кули тоҷикони дунё, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ман Шуморо ба муносибати рӯзи қабули Сарқонун табрику муборак бод гуфта, аз Худованди меҳрубон шабу рӯз талаб дорам, ки дар ҷумҳурии мо ҳамеша тинҷию амонӣ ҳукумфармо кунад, сулҳу салоҳ бошад.
Ба Шумо муҳтарам Ҷаноби Олӣ эмони комил, саломатӣ, бурдборӣ, сарфарозӣ, пешравиҳои бисёр Худованд ато фармояд. Дар ин рӯз, ки ба рӯзи интихобот пеш меояд бурдборӣ, комёбӣ ва ғалаба орзу мекунам. Ҳамеша Президенти мо будед, ҳастед ва ҳамеша бошед. Иншооллоҳ пирӯз хоҳед монд.
Бо эҳтиром, як бандаи маъюби ҳамеша дар хақи Шумо дуогӯи хайр Чиёнқулов Маҳмадюсуф.

Мавзӯъ: Табрикотнома
Ному насаб: Иззатуллоева Соҷида
Ҷойи кор: беморхона
Суроға: ноҳияи Ёвон
Рақами телефон: 901009907
E-mail: farah-1996@mail.ru

Муҳтарам Эмомали Рахмон!
Аз номи оилаи Иззатуллоевҳо Шуморо бо аз нав президент интихоб шуданатон табрик мегуем.
Ин шеър аз номи Иззатуллоева Сулҳия ба Шумо бахшида шудааст:

Садоқат

Аё, эй сарвари миллат,
Аё, эй роҳбари миллат,
Аё,эй ҷонфидою роҳнамои миллати тоҷик,
Муборак бод пирӯзӣ!
Муборак бод пирӯзӣ!

Даме, ки ёд меорам ман он рӯзҳои сангинро,
Нигоҳҳои пур аз хашми бародарҳои ҳамдинро,
Шукуҳу шавкати аҳримании чанд хоинро,
Ва оҳу нолаи ҷонкоҳи модарҳои мискинро

Вуҷудам сахт месӯзад,
Танамро ларза мегирад.
Забонам лол мегардад,
Нафас печида мегирад.

Ва ду даст бар гиребон
Бо нигоҳи ваҳшату ҳайрон,
Ҳазорон тавба мегӯям,
Ҳазорон тавба мегӯям,

Ба бахти миллати тоҷик,
Дар ин айёми пурфоҷиаю торик,
Чу нури ҳақ кушоди пардаи торики зулматро,
Бибурди аз миён нобоварирову ҷаҳолатро.

Ба мардум сулҳ овардӣ,
Ту омӯхти садоқатро.
Умед афрухти аз нав,
Ту омухти рафокатро.

Биёбад миллати тоҷик то роҳи ҳақиқатро
Бипӯшад то абад бунёди ин чоҳи залилатро.
Ҳазорон нақб баркандӣ, раҳ бикшодӣ,
Ба Роғун нур бахшидӣ, ба дилҳо сур афзудӣ.

Чу як фарзанди фарзона,
Чу як соҳибзабони миллати тоҷик,
Чу як тарғибгару пешвои ин миллат
Ба нури чеҳраи зебо.
Ба лафзи ширину шево,
Ба дарки таърихи миллат,
Ба омӯзиши ҳар ҳикмат
Ба эҷозӣ суханронӣ
Ба гуфтору сухандонӣ
Забони тоҷикиро шуҳрати беинтиҳо додӣ,
Ба рушди илми дунёи барояш муътако додӣ.
Чу дарёбад ҳама дурдонаҳои сураи Куръон,
Ба тоҷики тафосиру ба мардум ошно кардӣ.

Худоё, ман чӣ мегӯям?
Магар ман ин ҳама ободкориҳои кишварро,
Барои миллати худ ҷоннисориҳои сарварро,
Бубаста пеши дарё карда ҳосил нур-гавҳарро,
Дарида синаи куҳ баркушода нақби Шар-шарро

Тавонам достоне ҳаст кардан?
Ва ё андар китобе хаст кардан?
на
Набитвонам. Факат
Чу як модар, ба мисли модари Сино
Ба мисли модари Фирдавсию ҳам модари Мирзо
Ба мисли модари Айниву Бобоҷон
Ки асли тоҷиконро карда дар таърих ҷовидон.
Ба мисли модарони поки ин дунё
Кунам шукронаву аз ҷон кунам ово
Ки, эй фарзанди фарзона,
Ки, эй дилбанди хар ҳона
Ки, эй нури Худо бар хонаи тоҷик
Ки, эй суру наво бар хонаи тоҷик

Муборак бод пирӯзӣ!
Туро ҳақ бод пирӯзӣ!
Туро ҳақ бод пирӯзӣ!


Тема: Табрикоти
Дата: Wed, 06 Nov 2013 17:32:20 +0400
От: Шарифхон Тиллоев <sharifhon.tilloev@list.ru>
Отвечать: Шарифхон Тиллоев <sharifhon.tilloev@list.ru>
Кому: mail <mail@president.tj>

Ба пешвои Миллати Тоҷик,
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон,
Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Иҷозат фармоед Шуморо ба муносибати интихоб шуданадон ба вазифаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикичтон аз самими қалб табрик гуфта, пеш аз ҳама ба Шумо сиҳатӣ саломатӣ ва дар пешрафти ояндаи сиёсати иқтисодию ва иҷтимоии давлати Тоҷикон табрик намоям. Аз номи аҳли оилаи Тиллоевҳо ва тамоми шаҳрвандони шаҳру ноҳияҳои минтақаи Кӯлоби вилояти Хатлон.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо боварии калон гуфтаниям, ки шахрвандони шаҳру ноҳияҳои Кӯлоб чун дигар шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз субҳи содиқи 6 ноябри соли 2013 сол бо як дилгармӣ, муташакилона барои овоздиҳӣ барои интихоботи номзади арзандаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон овозҳои хешро ба номзади арзанда яъне, ки ба фарзанди фарзонаи Миллати Тоҷик Эмомалӣ Раҳмон овоз додаанд.
Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шуморо бори дигар аз сидқи дил табрик менамоем.

Бо эҳтироми самимӣ ба Шумо
шаҳрванди шаҳри Кулоб, маҷруҳ,
аъзои ҳизби КПСС: Шарифхон Тиллоев

6 ноябри соли 2013

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Акрамов Убайд
Ҷойи кор: Докторант
Суроға: ш.Душанбе
Рақами телефон: 918332938
E-mail: ubaid_ubaid

Муҳтарам Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон.
Шуморо барои интихоб шуданатон ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, табрику муборак бод мегӯям. Ман қаблан бо таҳлили худ ба Шумо ирсол карда будам, ки дар интихобот Шумо ба миқдори 83,7% овоз пешгӯи карда будам. Ман бори дигар олими ҷавони Тоҷикистон, исбот карда будам.
Ба Шумо Худои меҳрубон мададгор бошад. Моро ояндаи дурахшон нигарон аст. Бо эхтиром Акрамов У.Х.

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Бадриддинов Ҳикматулло
Ҷойи кор: Саломатии Сибирӣ
Суроға: Деҳи боло 186
Рақами телефон: 919220110
E-mail: Khicmat@yandex.com

Мухтарам Ҷаноби Олӣ. Шуморо бо зафар ёфтан дар интихобот аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо дар ин ҷода бурдборӣ, саломатӣ, хушбахтӣ, дурбинии сиёсӣ ва аз ҳама пеш хирадмандӣ орзумандам.
Бигузор Тоҷикистон дар зери роҳбарии Шумо ба яке аз давлатҳои пешрафта, демократӣ ва аз ҷиҳати иқтисодӣ рушдёфта табдил ёфта, тинҷиву амонӣ ҳамеша пойдор бошад!
Миллати тоҷик фарзанди фарзонаи хешро интихоб намуд! Зафар муборак Президент муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон!

Мавзӯъ: С Днем президентов вас поздравляю, Эмомали Шарипович Рахмон
Ному насаб: Хуринисо
Ҷойи кор: москва
Суроға: северная
Рақами телефон: 89260731518
E-mail: alhamd@inbox.ru

Мы желаем Вам всегда.
Здравия на долгие года.
Успехов дома и на служба
Небо чистого и дружбу

Президент – роль непростая,
Пожелаем в праздник Ваш
Отдыхать и на Канарах,
И на Майями, и в горах,
Быть на работе безупречным,
Быть успешным, лучшим быть,
Быть всемирно Вам известным
И любимым тоже быть!

Каме бо забони модарӣ менависонам.
Салому алайкум ва рахматуллоҳи ва боракотуҳу.
Ман аз номи худам ва аз номи ғарибони шаҳри Москва ба Шумо ва аҳлу оилаи Шумо табрику муборакбод мегуем. Бигзор ҳамавақт дар сари давлати мо Шумо бошед, тинҷию амонӣ ва хурсандиҳои ояндаи ҳамаи миллати тоҷик Эмомалӣ Шарипович Раҳмон бошад.
Боз як бори дигар Шуморо табрик мегуям. мо хушу хурсанд шудаем, ки Шумо бо дар сари давлат, дар пости Президентӣ истодаед.

Мавзӯъ: Мактуби саломатӣ
Ному насаб: Қурбонов Муҳамадӣ Муҳабатович
Ҷойи кор: Агентии сохтмон ва меъморӣ
Суроға: ш. Душанбе н. Фирдавсӣ
Рақами телефон: 918313103
E-mail: Муҳамади.86

Бароят беҳтарин хушиҳои зиндагиро тамано мекунем.
Мо ҷавонони н. Тавилдара дар ш. Душанбе кор ва фаъолият мекунем. Аз даврони гурезагиҳоямон ба ёд омад дар ин нисфи шаб бароят дуои хайр мекунем.
Шукронаи истиқлолият ва дастархони пур аз нушу неъмат.

Мавзӯъ: Табрикоти шодбошӣ
Ному насаб: Зайнаб Каримова
Ҷойи кор: Соҳибхоназан
Суроға: ч. Ёва, к. К. Урмонов №2
Рақами телефон: (91) 985-04-85
E-mail: Todess_city@mail.ru

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон.
Падарчони бузургворамон, ману Фирдавс аз нохияи Б. Ғафуров ва Суҳроб аз шаҳри Москва тайёрем ба шаҳри Душанбе барои табрикоту шодбошӣ намудан ба даргоҳи муқаддасатон омадаву зиёрат намуда бошем.
Эҳтиромона аз Падари бузургворамон пурсони онем, ки моёнро қабул созед.

Мавзӯъ: табрикот
Ному насаб: Ҳамроев Ҷамшед
Ҷойи кор: Донишкадаи омӯзгории ш. Панҷакент
Суроға: кӯчаи С. Насафӣ 11
Рақами телефон: 988785028
E-mail: omuzgortj@mail.ru

Салом муҳтарам Ҷаноби Олӣ.
Шуморо барои интихоб шудан ба вазифаи Презедентӣ табрик мегуям ва хоҳони хонаи обод ҳастам. Илоҳо тамоми душманҳои Шумо залилу расво гардида, чун тоҷ дар сари мо ҷавонон бошед. Зеро тинҷии мо самараи заҳматхои Шумо мебошад. Дигар номзади арзанда ба вазифаи президент нест дар кишвари мо. То қатраи охирини хунам барои ободии Тоҷикистони азиз хизмат намуда, аз худованди бузург мутмаинам, ки ба сари халқи тоҷик Шуморо расонд. Ба ғайбатҳо душманонатон аҳамият надиҳед, зеро онҳо номарданд. Агар хислати мардӣ медоштанд, атрофи шумо суханҳои ноҷо намегуфтанд.
Муҳтарам Ҷаноби олӣ, то ҷаҳон бошад Шумо бошед, соябону мададгору дасгири халқи тоҷик.

Мавзӯъ: табрикот
Ному насаб: Самиев Махмадулло
Ҷойи кор: гимназияи №1-и н.Варзоб
Суроға: дехаи чорбоги Н.Варзоб
Рақами телефон: 917-01-01-29
E-mail: M-samiev82@mail.ru

Ман аз хурсандӣ намедонам чи нависам.
Салом муҳтарам Ҷаноби Олӣ, Эмомалӣ Раҳмон.
Шуморо ба пирӯзиатон дар интихобот табрик менамоям. Ин хушбахтии мо ва аҳли хонаводаамон бе ҳаду канор аст, ки мо боз дар зери сояи сулҳофари Шумо мебошем, ҳамаи он хизматҳое, ки Шумо дар ин сарзамин кардаед ба ҳафҳои зарин дар дилҳои мо нақш бастааст. Хусусан он хизматҳое, ки дар соҳаи маориф намудаед, беандоза аст. Ман ба Шумо аз даргҳи худованд бурдборӣ, дар корҳои давлатиатон, саломатӣ ба аҳли хонаводаатон, хушбахтию сулҳ дар кишвар, ваҳдат ва якдигафаҳмӣ байни ҳамватанон ва баландтарин қулаи мурордро хоҳонам.
Ман ва аҳли шогирдону хонаводаамон дар бари Шумо истода баҳри ободии Ватан саҳмгузор мебошем.

Мавзӯъ: Ифтихори миллӣ
Ному насаб: Акобирова Моҳинав
Ҷойи кор: Хонашин
Суроға: Зарафшон 1. М11.д.1.кв.5
Рақами телефон: 935032325
E-mail: bahr.mail.ru

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Мефахрам ва хушбахтам, ки Шумо роҳбари мушфиқу ғамхори миллати тоҷикед. Иллоҳо ҳама умр роҳбари мо бошед!
Ҳозир аз шодии пирӯзии Шумо дар интихоботи дирӯза гиристам. Худованди муттаъол Шуморо дар паноҳаш барои мо тоҷикон нигоҳ дорад!!!!!!!!

Мавзӯъ: выборы.
Ному насаб: Азонов Ҷаҳон
Ҷойи кор: ГНИИ Питания Минэнерго и промышленности РТ
Суроға: Турсун-зода-25
Рақами телефон: 93 537 07 77
E-mail: azonov_02 mail.ru

Ҷаноби Олӣ. Иҷозат диҳед Шуморо аз номи худам ва коллективи олимон ва ходимони илмии Пажуҳишгоҳи давлатии ғизо ба муносибати ғалабаи навбатиятон дар интихоботи Президентӣ самимона табрику муборакбод намуда, ба Шумо, такягоҳу пуштибони миллати сарбаланди тоҷик, пешрафти сиёсиву иқтисодии Тоҷикистони азизу ба ҷон баробар тани сиҳату, бахту саодати бепоён орзу намоямэ

Бо эҳтироми самимӣ директори Пажуҳишгоҳ,
профессор Ҷ. Азонов.

 

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Тошматов Илмиддин Каримович
Ҷойи кор: котиби Ҷамоати деҳоти Шодоба
Суроға: нохияи Ашт
Рақами телефон: 92-719-10-74
E-mail: надорам

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ,
Шуморо барои ғалабаи комилатон дар интихоботи Президентии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи кули мардуми Ҷамоати деҳоти Шодоба-и ноҳияи Ашт самимона муборакбод менамоям.
Ба Шумо тани сиҳат, барори кор хоҳонем. Мардуми Ҷамоати мо сиёсати хирадмандонаи Шуморо дастгирӣ менамоянд ва доимо бо Шумо мебошанд.
Ғалаба муборак, Ҷаноби Олӣ!!!!!!!!


Дата: Thu, 07 Nov 2013 10:24:28 +0400
От: Баходур Азимов <abn_1961@mail.ru>
Отвечать: Баходур Азимов <abn_1961@mail.ru>
Кому: <mail@president.tj>

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Аз самими дил ман ва аҳли халқи Тоҷикистони азизамон Шуморо бо ғолибияти сарбаландона ба номзадии Президенти кишвар самимона табрику муборакбод менамоям.
Дар ин рӯзҳои некӯхотирмон ба Шумои азиз ва аҳли оилатон хонаободӣ, сарбаландӣ, саломатӣ, умри бардовом ва ба фаъолияти меҳнатиатон баҳри беҳтар намудани шароити зисти халқи азизамон ва кишвари сарбаландамон муваффақиятҳои беназир орзумандам.
Ҳамеша сарбаланду сиҳатманд бошед!

Бо эҳтиром,
Азимов Баходур

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Имомалиев Зиямидин
Ҷойи кор: мактаби раками 48
Суроға: ноҳияи Ашт
Рақами телефон: 927651707
E-mail: imomaliev1980@mail.ru

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Шуморо бо пирӯз гаштан дар интихобот, ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз самими дил шодбош гуфта, ба Шумо тани сиҳат, хотири ҷамъ, дили беғам, сари баланд, забони бурро, рӯйсурхию рӯйгармӣ орзу мекунам.

Мавзӯъ: табрикот
Ному насаб: Мирзоолими Мирзорахим
Ҷойи кор: Коллечи омузгории нохияи Мастчох
Суроға: н.Мастчох,чамоати Оббурдон, кучаи Дониш №5
Рақами телефон: 927334323
E-mail: donishwar@mail.ru

Мӯхтарам Сарвари Аъзам ва ҷонфидои миллату давлати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон
Пирӯзии комилу демократии Шумо дар Интихоботи Президенти Ҷумхурии Тоҷикистон шаҳодати равшани тантанаи хираду заковати халқ ва гавҳаршиносии сокинони мамлакат мебошад. Мардум бори дигар тақдиру саодати худро хамқарини шахсияту наҷобати Шумо гардонид.
Ин саодат, биниши пурнуру азму иродаи матини миллат ва комёбии бузурги сиёси барои Шумо ва халқи сарбаланди тоҷик мубораку фархунда бошад, муҳтарам тоҷиксолори асил Эмомалӣ Раҳмон!
Ба Шумо саломатӣ, сарбаландӣ, саодати зиндагӣ ва ҷодаи сарварию раҳбари дастовардҳои беназирро таманно дорем.

Бо камоли эҳтиром
Мирзоолими Мирзораҳим,
Сабоҳатпочо Офоқова
сокинони ноҳияи Мастчоҳ

Мавзӯъ: Табрикнома аз н. Ишкошим
Ному насаб: Амирбеков Амонбек
Ҷойи кор: Раиси Ассотситсияи Моҳипарварони н. Ишкошим
Суроға: Кӯчаи Ризои Х. хонаи 3
Рақами телефон: 992937372263
E-mail: odil-k88@mail.ru

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон
Ассотсиятсияи Моҳипарварони н. Ишкошим Шуморо ба муносибати пирӯзии мутлақ дар интихоботи навбатии Президенти малакат аз самими қалб табрик намуда, ба Шумо тансиҳатии комил ва бурдборию муввафақиятҳои назаррасро дар пешравии ҷумхурӣ тамано менамояд.
Мо боварии комил дорем, ки заҳматхои шабонарӯзӣ ва нияту мақсадҳои созандагии Шумо боиси пешрави хои нав ба нав дар тамоми соҳаҳои фаъолияти хоҷагии халқ мегарданд.
Бо эҳтироми раиси Ассотсиятсияи Моҳипарварони
н. Ишкошим Амирбеков А.З

Мавзӯъ: Табрикот ба муносибати ғалаба дар интихобот.
Ному насаб: Мирзолатифзода Рӯзимаҳмад
Ҷойи кор: ш.Душанбе
Суроға: ш. Душанбе н.Сино бозори Деҳкон хобгоҳи ЛКХТ ш.Душанбе
Рақами телефон: 92 899-44-43
E-mail: RUZIMAHMAD-TJK@mail.ru

Ба Ҷаноби Олӣ
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Ҷаноби Президент!
Имрӯз барои ҳар як Тоҷикистонии ватандӯст ва хоҳони шукуфоии он ид аст – Рузи пирӯзии Шумо. Ин маъракаи дубора миллати тоҷикро боз ҳам ба куллаҳои мақсуд расондан, ки дар рӯзи Сарқонуни ҷумҳурӣ баргузор гардид.
Ҷаноби Олӣ! Шумо тасаввур карда наметавонед, ки халқи тоҷик чи қадар Шуморо дӯст медорад, назди талошҳои бузурги Президенти худ механизми сол тағирёбандаи кишвар ва нуфузи он дар ҷахон чи тавр сари таъзим фуруд меорем.
Ҷаноби Олӣ, ман ки худ 17-сол дорам ҳуқуқи дар ин маъракаи сиёсӣ иштирок карданро надоштам ва вақте, ки ман субҳ аз хоб бедор шудам эҳсоси дар дил як хурсандӣ ҷуш мезад, гоҳ ба худ фикр мекардам, ки чаро ман имрӯз ин қадар хурсан ҳастам, ин боз ба сари кудрат омадани Шумо буд.
Бо шарофати кӯшишҳои ниҳоят бузурги Шумо хирадмандию таҳамулпазириатон меҳрубонии беандозаатон нисбат ба ҳалқи азиаткашидаи тоҷикон давлатдории худро аз даст надода тавонистед, нофаҳмиҳоро аз байн бибаред ва сулҳу оромиро ҳумфармо номоед. Пас аз ин хама дастовардҳои ниҳоят бузург Тоҷикистон ба чи омада расид мумкин аст, ки саволе ба миён ояд.
Президенти мо ки бошад? Ҷавонони Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд!
Муҳтарам Президент! Иҷозат диҳед аз номи аҳли оиламон шуморо боз ба сари қудрат омаданатон табрик намоям ва дар корҳои ояндаатон мувафақиятҳо хоҳонам.
Ҳамеша сарбаланд бошед.


Мавзӯъ: Сипосгузорӣ
Ному насаб: Ҷасур Мухторов
Ҷойи кор: Россия, Оренбург
Суроға: Панчакент с/с Моғиён
Рақами телефон: 89228080299
E-mail: www.mail @ .ru

Салом ба Президенти муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Ба Шумо миннатдории худро баён менамоям ва мехоҳам, ки то дунё бошаду Шумо бошед. Дар хақиқат Шумо парчами миллатамонро омӯхтед, се ранге, ки парчам дошт ба ҷо овардед. Ранги сурхаш хунхурӣ буд, ором кардед, бо ранги сафедаш сулҳ бастеду мардуми гурезаро аз давлати ҳамсоя ба Ватан баргардондед, бо ранги сабзаш ватанро сабз гардондед ва гул-гул шукуфон кардед.
Мо хеле миннатдор ҳастем аз Шумо ва мехоҳем, ки то абад Сарвари давлат бошед, ҳастед ва мемонед. Ҳамавақт мехоҳем, ки сарбаланд бошеду ҳеҷ вақт дардро небинед. Мо бо Шумо ҳастем, иншооллоҳ, пагоҳ 99% овоз азони Шумо мешавад. Худо нигаҳбонатон бод, Омин.
Ман Мухторов Ҷасур аз шаҳраки Оренбурги Федаратсияи Россия, муҳоҷирам ва худ зодаи Панҷакент ҳастам.

Мавзӯъ: Ман бо Шумо мефахрам
Ному насаб: Назарова Парвина Истамовна
Ҷойи кор: иншооти СС-9 ГМЧТ
Суроға: ноҳияи Шаҳринав, шаҳраки Шаҳринав, к. Т. Аюбов х. 57
Рақами телефон: 937852858, 900225488
E-mail: pari_12_85@mail.ru

Ассалуму алейкум Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон.
Шуморо ба муносибати рӯзи қабули Коститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон табрик гуфта, ба Шумо пеш аз ҳама аз даргоҳи Яздони пок адолати Умар, одоби Усмон, зебогии Юсуф, бойгарии Ҳорун, ақли Лугмон, давлати Сулаймон, илми Ҳазрати Алӣ ва муҳаббате, ки Худованд ба 124 ҳазор Пайғамбаронаш додааст, таманно дорам. Рӯзи 6 ноябр рӯзи итихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон эълон шудааст. Бо боварии комил гуфта метавонам, ки Шуморо халқ бе ягон овоздиҳи ва иштирок кардан дар интихобот розӣ ҳастанд ва иншоолоҳ бо амри Парвардигор боз 7 соли дигар дар минбар мемонед. Доимо бо мо ҷавонон бимонед. Ман бо Шумобарин Сарвари меҳрубон мефахрам ва озодона овоз додани ман, ин ягона шахс Шумоед.

Мавзӯъ: Табрикнома
Ному насаб: Камолов Умар Шодибегович
Ҷойи кор: г.Иркутск, ООО «Молбулак»
Суроға: г.Иркутск. ул. Горная.4.офис.303.
Рақами телефон: 79642265367
E-mail: kush060113@mol.ru

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон. Аввало ман Шуморо бо рӯзи интихоботи Сарвари Давлати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки фардо 06-11-2013 барпо мегардад, табрик намуда, таманои онро дорам, ки Шумо ҷои арзандаи Сарвари Давлати Тоҷикон гардед. Он ободию тинҷие, ки барпо гардонидед бигузор абадӣ бимонад ва давомдиҳандаи он орзуҳое, ки мардуми Тоҷик дорад, Шумо бошед.
Шумо арзандаед ва шахсан ман ба Шумо боварии сахт дорам. Он ақидаҳои Шумо бигузор солҳои тӯлоние, ки дар пешанд, Шумо Сарвар бимонед ва орзуи мардуми Тоҷик амалӣ гардад. Боз бори дигар пешакӣ табрик менамоям Шуморо бо интихоби Сарвари Давлат, Эмомалӣ Раҳмон.
Бо эҳтиром фарзанди миллати Тоҷик аз шаҳри Иркутск.

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Мунира Карамхудоева
Ҷойи кор: Институти биологии Помир
Суроға: ш.Хоруғ кӯчаи С. Насиллобек
Рақами телефон: 93 707 75 75
E-mail: kmunira@mail.ru

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Ман корманди Институти биологии Помир ба ҳайси ходими калони илмӣ кор ва фаолият мекунам.
Аввалан ман шукрона аз он мекунам, ки чунин Ҷаноби Олӣ дорам, ки барои ҷавонон роҳи илм кушодед.
Ман соли 2009 дар Африкаи Ҷанубӣ (Cape Town) аз номи олимони ҷавон дар конференсияи умумиҷаҳонӣ, ки аз 96 давлат олимон иштирок намуданд, Тоҷикистони азизамонро муаррифӣ кардам. Аз тамоми Осиёи Марказӣ ман як кас иштирок намудам, ки парчами миллиро бардоштам. Ин фахри тоҷикон аст.
Барои Шумо Ҷаноби Олӣ муваффақиятҳои калон орзу менамоям, ки боз 7 соли дигар роҳбари давлат шавед. Саломатӣ, хушбахтӣ, барои Шумо ва аҳли хонаводатон аз даргоҳи Худованд металабам!!!

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Назарова Ҷумагул
Ҷойи кор: МД ММПИ
Суроға: кучаи Айни, 14 а
Рақами телефон: 919 00 37 82
E-mail: Jumagul2010@mail.ru

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Аз номи худ ва аҳли оилаам пирӯзии одилони Шуморо муборакбод мегӯям. Аз даргоҳи Худованд талаби онро дорам, ки ҳамеша чун имрӯзатон солиму бардам, муваффақу комёб, русурху сарбаланду хонаву мулкобод ва ба бахту толеи тамоми тоҷикони олам сарвару раҳбару раҳнамои кулли мо – тоҷикон бошед!
Шумо фахру ифтихори мо Тоҷикистониён ҳастед, Президенти соҳибҳусну соҳибзавқу соҳибдавлати тоҷик!

...Ин дам баҳамем, беназирем,
Соҳибватанем, муқтадирем.
Ҳар амру супориши Ватанро,
Мо бо дилу дида мепазирем.

Хоҳам, ки барои Тоҷикистон,
Бо хотири ворисони Сомон,
Боши сари давлату саломат,
Эмомалии Шарифи Раҳмон!

 

Мавзӯъ: Табрикот
Ному насаб: Ахмедов Махкамчон
Ҷойи кор: Бозори "Сомони"-и ш.Чкалов
Суроға: н.Б.Гафуров, ч\д Унчи, к.Бахор 39
Рақами телефон: +992927121777
E-mail: ama_max@mail.ru

Муҳтарам Ҷаноби Олӣ!
Сараввал мехостам Шуморо бо ин музаффарияти бузург дар интихоботи Президенти Тоҷикистон аз номи худам ва аҳли оилаамон табрик намоям.
Аҳсан ба Шумо, ки рӯзи интихобот халқи мо бо як ҳисси баланди ватандӯстӣ дар ин рӯзи тақдирсоз ба овоздиҳӣ баромаданд. Хушбахтона он аст, ки дӯстон ҳама саҳар соати 6 аз хона ё аз масҷид рост ба участкаи интихоботи раҳсипор шуданд. Касеро напурсӣ ҳама бо як овоз ба Эмомалӣ овоз додем мегуфтанд. Ин аз он гувоҳи медиҳад, ки тақдири худро халқ аллакай ба Сарвари одил супоридааст.
Мо боварӣ дорем бо сарварии Шумо мо ба ояндаи дурахшон, ояндаи пурбаракоту ҳаматарафа мустаҳкам роҳ тай мекунем. Бо сиёсати одилонаи Ҳизбу Ҳукумат давлати мо дар арсаи ҷаҳонӣ номдору баобрӯ хоҳад шуд.
Муҳтарам Президент!
Иҷозат фармоед Шуморо бори дигар бо ин ғалаба муборакбод намуда, ба Шумо тансиҳатӣ, хонаободӣ ва бурдбориҳо дар корҳои давлатӣ таманно намоям.

Бо камоли эҳтиром,
Ахмедов Маҳкамҷон
Ҷамоати деҳоти Унчи
ноҳияи Б. Ғафуров


Тема: Табрикот ба Ҷаноби олӣ
Президенти ҶТ Эмомалӣ Раҳмон!!!!!!!!!!!!
Дата: Thu, 07 Nov 2013 11:53:42 +0400
От: Sayohat Ibrohimova <sayohat.ibrohimova@mail.ru>
Отвечать: Sayohat Ibrohimova <sayohat.ibrohimova@mail.ru>
Кому: <mail@president.tj>

Аввалан саломи худро ба Шумо Ҷаноби Олӣ фиристода, баъдан Шуморо ба пирӯзӣ дар интихобот табрику таҳният мегуям.
Баъдан гуфтаниям, ки ман мехостам ва медонистам, ки Шумо ҳатман Президент интихоб мешавед. Зеро дар ҷумҳурии мо нест ҳамин хел шахсе, ки ба ин вазифа сазовор бошад. Шумо фикр накунед, ки ман ранги як хело барин ба Шумо пас аз дастболо шуданатон шаттоҳӣ карда, худамро ширин карда истодаам. Худатон медонед, ку ман не вазифа дораму не вазифаталаб ҳастам, ки ин корро кунам. Ман як муаллимаи оддӣ, аммо дар дил Шуморо падарвор дӯст медорам.
Дар ҳақиқат кадом фарзанд мехоҳад, ки падар нею пияндар дошта бошад. Фақат дар дил тансиҳатию сарбаландӣ ва умри дарози Шуморо аз Худованд талаб менамоям. Инчунин дар дил як орзу дорам, ки бо Шумо як борам бошад дар зиндагиам рӯ ба рӯ шуда, ҳамсуҳбат шавам (расми не, зеро дар суҳбати расмӣ дар назди наворбардорак ман худмро гум мекунаму руйрост гап зада наметонам).
Ҷаноби олӣ ҳануз дар кӯдакиам ман Шуморо дар ноҳияи Ёвон аз пеш дида будам. Шумо дар минбар нишаста будеду ман дар қатори дигарҳо дар парад иштирок мекардам.... Хулоса аз ҳамон солҳо дар дил хоҳиши бо Шумо аз наздик ҳамсуҳбат шуданро доштам. Ҳатто борҳо дар хобам ҳам дидаам, ки бо Шумо суҳбат карда истодаам, бе ягон ҳарос, мисли падару духтар..........
Бори дигар Шуморо ба ин пирӯзи табрик менамоям ва мехоҳам, ки Шумо донед, ки мо бо Шумоем ва Шуморо падарвор дӯст медорем дар ҳама холатҳо!!!!!!!!!!!!!!!!!!!!

Sayohat Ibrohimova

 

Мавзӯъ: Табрикнома
Ному насаб: Алиев Ҳабиб
Ҷойи кор: КМ "Зарафшон"
Суроға: ноҳияи Панҷакент
Рақами телефон: 927078400
E-mail: aliev.h@inbox.ru

Салому дуруд Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.
Президенти Тоҷикистон Шуморо шахсан аз номи худам, аз номи намояндагони ҲХДТ-и КМ "Зарафшон", аз номи бошандагони ҷамоати деҳоти Косатарош барои аз сари нав интихоб шуданатон ба ин вазифаи пурмасъулият аз самими қалб табрику таҳният гуфта, ба Шумо Ҷаноби Олӣ аввало сиҳатӣ, саломатӣ, умри дароз, бурдборӣ ва мувафаққиятҳои беназир орзумандам...
Бигзор Худованди мутаъол обрӯ ва иқболи баланди Шуморо боз ҳам баландтар гардонад.
Мардуми Шарифи ҷамоати Косатарош хизматҳои шоёни Шуморо ба инобат гирифта 98.9 фоиз ба тарафдори Шумо овоз додаанд. Мо ҳаммақсад ва ҳаммароми Шумоем Ҷаноби Олӣ.
Дар сомонаи интернет азбаски ман аъзои ҲХДТ ҳастам пеш аз интихоботи президентӣ як гуруҳ бо номи ҲХДТ кушодам, агар тавонед ва вақттатон расад хоҳиш менамоям ба ин гуруҳ даромада як тамошо кунед…
Сарбаланд бошед Ҷаноби Олӣ…


Мавзӯъ: табрикот
Ному насаб: Мухиддин Муртазоев
Ҷойи кор: ФБД
Суроға: ш. Душанбе к.Хилоли 7
Рақами телефон: 917503311
E-mail: muhidin_@mail.ru

Уважаемый господин Президент Эмомали Рахмон! Сердечно поздравляю Вас с переизбранием на пост Президента Республики Таджикистана. Убедительная победа на выборах свидетельствует о Вашем огромном политическом авторитете и поддержке населением страны проводимого Вами курса. Под Вашим руководством в Таджикистане успешно продолжаются преобразования, направленные на обеспечение динамичного социально-экономического развития страны, кардинальное повышение качества жизни населения, привлечение в экономику крупных инвестиций для развития всех сфер жизни общества. Активно развивается торгово-экономическое сотрудничество с зарубежными странами.
Позвольте, от души от себя лично поздравит Вас с убедительной победы, желаю Вам, уважаемый Эмомали Рахмон, крепкого здоровья, личного счастья и новых больших успехов в Вашей многогранной и ответственной деятельности", Да поможет Вам Аллах и сопутствует его Милосердие в предстоящем периоде Вашего государственного служения!


Мавзӯъ: табрикот
Ному насаб: Расулов Оқил Умаркулович
Ҷойи кор: донишҷӯ
Суроға: Братислава- Словакия
Рақами телефон: +421904967988
E-mail: oqil89t@gmail.com

Салом ва дуруди бепоён Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз номи Расулов Оқил шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як гуруҳ донишҷуёне, ки дар давлати Словакия таҳсил менамоем.
Аввалан Шуморо бо пирӯзиатон дар интихоботи навбатӣ содиқона табрик менамоем. Мо вақте, ки бо як ҳисси ватандӯстӣ ва қарзи шаҳрванди аз Словакия ба Австрия шаҳри Венна ба Сафорати Ҷумҳурӣ, барои раъйи худамонро додан сафар мекардем, байни худ аз ҳолати кишвари азизи худ дар солҳои баъди истиқлолият суҳбат карда, орзу мекардем то Шуморо бори дигар сарвари кишвари азизамон бубинем.
Имруз муҳтарам Ҷаноби Олӣ ранҷҳои Шумо самар овардааст, меваҳои Тоҷикистон пухта истодаст. Умедворем дастовардҳои олӣ ва ноилгардидан ба стратегияҳои муҳими кишварамон дар зери роҳбарии Шумо дар солҳои кутоҳтарин амалӣ хоҳан гашт.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, мо ҷавонон аз сиёссати пешгирифтаи Шумо пуштубонӣ менамоем ва мекушем то зарра ҳам бошад баҳри ободии кишвари азизамон манфиат биорем. Муҳтарам Ҷаноби Олӣ, чи тавре, ки дар баромати худ ба мо ҷавонон гуфта будед, ки "Ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст надиҳед" инро мо дар зери маънои як китоб пайгирӣ ва пуштубонӣ менамоем. Бояд қайд намоям, ки мо дар зери сояи сулҳ имконият пайдо намудем, то орзуҳои худро амалӣ намоем.
Муҳтарам Ҷаноби Олӣ дар фаъолияти минбаъдаатон комёбӣ, сарбаландӣ ва бурдбориҳо таманно менамоем.
Мухтарам Чаноби Олӣ бо ҳамин кутоҳтарин суханҳоии худ шуморо табрик менамоем.

Номаҳои зиёди табрикӣ, ҳамчунин аз номи Зунайда Раҷабова (н. Рушон), Боймурод Холмуродов (ш. Душанбе), Маҳмадулло Самиев (н. Варзоб), Шуҳрат Собиров (н. Ҳамадонӣ), Шавкат Маҳмадёров (ш. Душанбе), Муллоҷон Қосимов (н. Рашт), Муродалӣ Саидов (н. Ғончи), Акрам Усмонов (н. Ҳисор), Меҳроҷ Шералиев (ш. Душанбе), Сайвалӣ Назаров (ш. Кӯлоб), Асрор Бобогулов (муҳоҷири корӣ аз шаҳри Красноярски Русия), Абдураҳмонов Тоҷиддин(н.Рашт), Раҷабова Хайринисо(Омӯзгори мактаби №59-и ноҳияи Ҳисор), Саидбекова М.( н.Ишкошим), Мустапалиева Бактыгул(н.Мурғоб), Халимоф Маъруф(ш. Москва), Эмомалӣ Ҳикматулло(хонандаи синфи 9-и мактаби №2-и н.Муъминобод), Қодирова Наргиса(н.Ашт), Субҳон Зайниддинов(ш. Душанбе), Изатшоева Майно(ш. Душанбе), Зокиров Зафар(Омӯзгори Коллеҷи омӯзгории ноҳияи Рашт), Дилгудоз Турсунов(ш. Панҷакент), Боев Матин(донишҷӯи ДДТТ), Зульфия Абдукаюмова(корманди Созмони Милали Мутахид), Холматов Шоҳин(ш. Душанбе), Махкам Орифов, Сайфулло Абдулваҳҳобов, Корвон Бобоев(ш. Душанбе), Назриев Икромҷон Ҳакимович(ҶДММ "Кирамзит"), Оева Адолат(ҶДММ "Кирамзит") Обломуродов Холикул(ш. Душанбе), Саидакрам Ғайратов(ш. Душанбе), Ҷӯраев Абдуфаттоҳ(ш. Хуҷанд), Шодон Бобоев(ш. Хуҷанд), Нурмурод Маҳмадалиев(донишҷӯ аз Мисри Араб), Додобоев Фахриддин(ш. Москва) ва даҳҳо шаҳрвандони дигар ворид шудаанд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520