Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Номаҳои шодбошӣ аз сарони давлатҳои хориҷӣ ва роҳбарони созмонҳои байналхалқию минтақавӣ

08.11.2013 16:38, шаҳри Душанбе

Дар барқияи шодбошии Президенти Туркия Абдулло Гул омадааст:

“Ҷаноби Президент, Бародари азиз,

Дар натиҷаи интихоботи президентӣ, ки дирӯз дар кишваратон баргузор гардид, Шуморо, Ҷаноби Олӣ, ба мақоми Президентӣ бори дигар интихоб гардиданатон шахсан аз номи худам ва аз номи халқи турк самимона бо беҳтарин таманниёт табрик мегӯям.

Баргузории бомуваффақияти интихобот дар шароити тинҷиву оромӣ хурсандиовар мебошад. Таманнои онро дорам, ки натиҷаи интихобот ба халқи Тоҷикистон хайру саодат меорад.

Равобити дӯстонаву бародаронаи байни кишварҳо ва халқҳоямон дар самтҳои гуногун бо пешвоии хирадмандонаи Шумо рушду таҳким ёфта истодааст. Итминони комил дорам, ки дар марҳилаи нав низ Ҷаноби Олӣ саъю ғайрати хешро дар ин ҷода дареғ нахоҳанд дошт.

Бо истифода аз фурсат ба Ҷаноби Олӣ, Бародари азизам, тандурустиву хушбахтӣ ва ба халқи дӯсту бародари тоҷик беҳбудиву хушнудӣ орзумандам”.

Алмазек Атамбоев, Президенти Ҷумҳурии Қирғизистон дар барқияи худ гуфтааст:

“Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон,

Табрикоти самимии маро ба муносибати аз нав ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон қабул фармоед.

Пирӯзии комили Шумо дар интихобот нишони сатҳи баланди боварии халқи тоҷик ба Шумо ва хидматҳои Шумо дар роҳи рушди иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон аст.

Робитаҳои анъанавии дӯстӣ миёни Ҷумҳурии Қирғизистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамасола беш аз пеш фарогиртар шуда,  ба худ хусусияти динамикӣ касб мекунанд.

Ҳавасмандии худро барои ҳамкориҳои муштараки фаъол ҷиҳати таибиқи мувофиқатномаҳоямон, ки ба манфиати халқҳои бародари мо нигаронида шудааст, баён менамоям.

Самимона ба Шумо муваффақият ва дастовардҳои арзанда дар фаъолияти пурмасъулияти давлатӣ ва ба халқи дӯсти тоҷик сулҳу шукуфоиро таманно дорам”.

Дар барқияи табрикотии Котиби генералии Созмони Ҳамкориҳои Шанхай Дмитрий Мезентсев омадааст:

“Муҳтарам ҷаноби Президент!

Табрикоти самимии моро бинобар сабаби интихоби Шумо ба мақоми баланду масъули Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул фармоед.

Сифатҳои Шумо ҳамчун сиёсатмадори неруманд ва намоён, миқёси муайян намудани мақсадҳо ва вазифаҳои рушди мамлакат, муваффақиятҳои пайваста, маҳорати зери таъсири худ нигоҳ доштани вазъиятҳои мураккаб аз нав интихоби дурусти мардумро нишон доданд.

Хатти машйи стратегие, ки таҳти роҳбарии Шумо амалӣ мегардад, ба афзоиши нақшу эътибори Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мусоидат менамояд.

Мутмаинем, ки раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таъмиқи ҳамкориҳои мутақобилаи серҷабҳа дар фазои созмон, сифати нави ҳамкориҳо дар соҳаи амнияти минтақавӣ ва миқёси нави муносибатҳоро дар бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангию гуманитарӣ таъмин намуда, ба ҳамкориҳо бо кишварҳои нозир ва шарикони муколама дар Созмони Ҳамкориҳои Шанхай таккони тоза мебахшад.

Иҷозат диҳед ба Шумо тансиҳатӣ,комёбиҳои бузург,хонаободию саодатмандӣ, ба мардуми Тоҷикистон –сулҳ, хушбахтӣ ва шукуфоиро таманно намоем”.

 

Дар барқияи шодбошии Котиби генералии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Николай Бордюжа омадааст:

“Иҷозат диҳед Шуморо ба муносибати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардиданатон табрик гӯям.

Ғалабаи комили Шумо дар интихобот гувоҳи беҳтарини он аст, ки дар Тоҷикистон зери роҳабарии Шумо талошҳо ҷиҳати таҳкими потенсиали кишвар, ҳалли мушкилоти иҷтимоиву иқтисодии он, таъмини субот, амнияти байналмилаиву минтақавӣ аз ҷониби мардум дастгирӣ меёбанд.

Бо самимият изҳори умед мекунам, ҳадафҳои СААД ҷиҳати талошҳои кишварҳои аъзо дар самти мубориза бо таҳдиду хатарҳои  амниятии дар миқёси Авруосиё бавуҷудоянда ва  баланд бардоштани нуфузи Созмони мо дар арсаи байналмилалӣ аз ҷониби Шумо дастгирӣ хоҳанд ёфт.

Муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бори дигар иҷозат диҳед аз самими қалб дар самти амалӣ гардидани нақшаҳоятон муваффақиятҳои навин,  дар фаъолияти самаранок дар роҳи сулҳ, рифоҳ ва шукуфоии халқи тоҷик дастовардҳои бардавом орзу намоям”.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520