Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Ифтитоҳи бинои маъмурии мақомоти маҳаллии ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар шаҳри Кӯлоб

29.10.2013 13:46

Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бинои сеошёнаи мақомоти маҳаллии 5 бахши соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ мавриди истифода қарор гирифт, ки бо харҷи беш аз 6 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Ин бино бо супориши бевоситаи Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бунёд ёфта, ба фаъолияти якҷоя ва босамари ҳамаи бахшҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ нигаронда шудааст. Кунун имкон фароҳам омадааст, ки ҳамаи ин хадамоти хизматрасонии давлатӣ ба табақаҳои иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла нафақагирону маъюбон дар як ҷо бо механзими равзанаи ягона фаъолият кунанд. Чунин тарзи кор ҳам ба ходимони ин идораҳо ва ҳам ба ниёзмандон басо қулай аст.

Ин бино аз 80 утоқи корӣ иборат буда, дар он барои беш аз 100 нафар шароити корӣ муҳайё гардидааст.

Дар ин бино ҳамчунин филиали маҳаллии Маркази ҷумҳуриявии таълими калонсолон ҷойгир шудааст, ки дар як вақт то 100 нафар бо ҳунаромӯзӣ ва бозомӯзӣ фаро мегирад.

Дар ин марказ 29 намуди касбу ҳунар ба хоҳишмандон омӯзонда мешавад. Қисмати зиёди он ҳунарҳои коргарии соҳаи сохтмон мебошад. Ҳамчунин гурӯҳҳои дӯзандагӣ, компютер, забономӯзӣ, рӯзгордорӣ, пешхизматҳои меҳмонхонаю тарабхона, ошпазӣ ва таъмиргарони мошинҳои сабукрав мавҷуд аст.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520