Дар маркази шаҳри Кӯлоб бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон беморхона ва дармонгоҳи қисми мустақили раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ифтитоҳ ёфт.
Тавре зикр гардид, беморхонаи мақомоти маҳаллии Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Клоб дорои 25 кати хоб ва шароити хуби муоина, ташхис ва табобати беморон аст. Дармонгоҳи он барои қабули 150 нафар ниёзмандон дар як басти корӣ пешбинӣ шудааст. Ҳарду қисмати ин муассисаи муосири тиббӣ бо харқи 3,4 миллион сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, бо дастгоҳу таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардидааст. Дар ин биноҳо 32 нафар кормандони соҳаи тиб бо кори доимӣ таъмин гардидаанд.
Дар ин бино аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба шумораи зиёди собиқадорони ин соҳа кумаки яквақтаи моддӣ ва роҳхатҳо ба осоишгоҳҳои машҳури кишвар тақдим карда шуд, ки туҳфаи арзанда дар арафаи солгарди навбатии Рӯзи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон номида шуд.