Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Туркманистон Гурбогулӣ Бердимуҳаммедов

27.10.2013 08:43

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Туркманистон Гурбогулӣ Бердимуҳаммедов барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Муҳтарам Гурбонгулӣ Мяликулиевич,

Ба муносибати таҷлили солгарди истиқлолияти Туркманистон табрикоти гарму самими маро қабул фармоед.

Тоҷикистон ба сатҳи кунунии равобит бо Туркманистон, ки дар солҳои охир ба таври назаррас рушд меёбанд, баҳои баланд медиҳад.

Мутмаинем, ки бо талошҳои муштарак равобити дуҷонибаи дар асоси суннатҳои таърихӣ ва дӯстӣ бунёдёфта ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди худро тақвият медиҳем. Мехоҳам ба Шумо итминон диҳам, ки ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати татбиқи созишномаҳои мо, ки ба рушду таҳкими минбаъдаи равобити дуҷониба нигаронида шудаанд, аз тамоми имконоти мавҷуда истифода мекунад.

Дар ин лаҳзаҳои фараҳбахши идона ба Шумо, Гурбонгулӣ Мяликулиевич сиҳатии комил, дар татбиқи нақша ва ниятҳоятон, ки ба рушди Туркманистон ва таҳкими мавқеи байналмилалии он равона гардидаанд, муваффақиятҳои бузург ва ба халқи бародари туркман пешрафту шукуфоиро таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520