Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барқияи шодбошӣ ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Хайнс Фишер

26.10.2013 09:10

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Федералии Ҷумҳурии Австрия Хайнс Фишер барқияи шодбошӣ ирсол намуд, ки дар он аз ҷумла омадааст:

«Ҷаноби Олӣ,

Ба муносибати фаро расидани солгарди иди миллии кишвари дӯст Шумо, Ҷаноби Олӣ ва тамоми мардуми Ҷумҳурии Австрияро самимона табрику таҳният менамоям.

Тоҷикистон ба рушду таҳкими ҳарчӣ бештари муносибатҳои дӯстона миёни ду кишвар манфиатдор буда, муҷаддадан таъкид менамояд, ки дар ин самт тамоми имкониятҳои мавҷударо мавриди истифода қарор хоҳад дод.

Итминони комил дорам, ки раванди ҳамкориҳои созанда ва мутақобилан судманди ду кишвар боз ҳам густариш хоҳанд ёфт.

Ба Шумо, ҷаноби Президент, сиҳатии комилу муваффақиятҳои рӯзафзун ва ба мардуми дӯсти Австрия шукуфоиву саодат таманно дорам».

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520