Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард. Дар оғози сафар Сарвари давлат ба ҷамоати деҳоти Чоркӯҳи шаҳри Исфара ташриф оварда, як зумра иншооти нави иҷтимоию фарҳангӣ ва иқтисодиро ифтитоҳ намуд.
Нахуст бо иштироки Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Лангари ин ҷамоат, ки беш аз 7 ҳазор аҳолӣ дорад, мактаби нави сеошёна барои 720 хонанда дар 2 баст мавриди истифода қарор гирифт.
Тавре зикр гардид, деҳаи Лангар яке аз маҳаллаҳои калонтарини ҷамоати деҳоти Чоркӯҳ буда, аз замони шӯравӣ то имрӯз дар он мактаб вуҷуд надоштааст. То имрӯз наздики 1800 нафар хонандагон 3-4 километр масофаро тай карда, барои таҳсил ба мактаби деҳаи Сари бозор мерафтанд.
Ин мактаб бо харҷи 2 миллиону 650 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ бунёд ёфта, дорои 12 синфхона, аз ҷумла синфхонаи муҷаҳҳази фаннӣ ва компютерӣ мебошад.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо назардошти шумораи зиёди аҳолӣ дар ин деҳа ба масъулини соҳа дастур дод, ки соли оянда сохтмони як бинои иловагии таълимӣ ва толори варзиширо дар ҳудуди ин мактаб оғоз намоянд, то ки наздики 1,5 ҳазор хонанда дар 2 баст фаро гирифта шавад.