Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Мулоқот бо Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Шеърдӯст

11.10.2013 11:33, шаҳри Душанбе

Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон Сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Исломии Эрон Алиасғар Шеърдӯстро бинобар анҷом ёфтани муҳлати сафириаш дар Тоҷикистон ба ҳузур пазируфт.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба саҳми намоёни  Алиасғар Шеърдӯст дар таҳким ва густариши робитаҳои Тоҷикистону Эрон дар муҳлати сафирии ӯ баҳои баланд дод.

Зимни суҳбат доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносиботи гуногунпаҳлӯи ду кишвар гуфтугӯй сурат гирифт.

Алиасғар Шеърдӯст бо ишора ба дилбастагии худ ба Тоҷикистон ва мардуми меҳмоннавози он изҳор дошт, ки минбаъд низ барои рушди муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши ду кишвар саҳмгузор хоҳад буд.

facebook
twitter
 
Идома
 
Идома
Идома
Нома ба президент
Мувофиқи талаботи моддаи 21 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ» муроҷиатҳое, ки дар онҳо насаб, ном, номи падари шахси воқеӣ, маълумот дар бораи суроғаи маҳалли истиқомат ё номи пурраи шахси ҳуқуқӣ ва суроғаи маҳалли ҷойгиршавии он зикр нашудаанд ё хато нишон дода шудаанд, инчунин бе имзо (имзои электронии рақамӣ) пешниҳод шудаанд, муроҷиатҳои беном дониста шуда, мавриди баррасӣ қарор намегиранд, агар онҳо дорои маълумот оид ба тайёрӣ барои содир кардани ҷиноят ё ҷинояти содиршуда набошанд.
Image CAPTCHA
© Хадамоти матбуоти Президенти Тоҷикистон
Тел/Факс.: (+992 37)2212520